Мутафаккири бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза, чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд.
Ғазалҳои ӯро, ки бо забони ноби форсии тоҷикӣ садо медиҳанд, чи овозхонони мардумӣ ва чи оҳангсозони касбӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ӯзбекистон, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Аврупову Амрико месароянд ва мардум аз онҳо ҳаловат мебаранд. Шахсият ва мероси ин бузургвор боиси эҷоди садҳо мусаввараҳо аз ҷониби рассомони давраҳои гуногун гаштааст. Ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Мавлонои Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар миқёси ҷаҳонӣ аст.
Ба хотири ин абармард соли 2007 аз ҷониби ЮНЕСКО Соли бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (Румӣ) эълон гардид.Баргузории ҷашнвораҳо ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ имкон доданд, ки мо ба гузаштаи худ дар мисоли ҳаёт ва осори ин мутафаккир бо диди нав назар андозем ва барои маънидоди воқеияти ҷаҳони муосир дар андешаҳои ӯ барои худ пояҳои нав ба нав ҷустуҷӯ намоем.
Ҷалолуддин БАЛХИИ РУМӢ
Марази пирӣ
Гуфт пире мар табиберо, ки ман
Дар заҳирам аз димоғи хештан.
Гуфт: «Аз пирист он заъфи димоғ»,
Гуфт: «Бар чашмам зи зулмат ҳаст доғ».
Гуфт: «Аз пирист, эй шайхи қадим»,
Гуфт: «Пуштам дард меояд азим».
Гуфт: «Аз пирист, эй шайхи низор»
Гуфт: «Ҳар чи мехӯрам, набвад гувор»,
Гуфт: «Заъфи меъда ҳам аз пирӣ аст
Гуфт: «Вақти дам маро дамгирӣ аст»
Гуфт: «Оре, инқитоъи дам бувад»,
Чун расад пирӣ дусад иллат шавад».
Гуфт: «Гум шуд шаҳватам якборагӣ»,
Гуфт, к-аз пирист ин бечорагӣ.
Гуфт: «Поям суст шуд в-аз раҳ бимонд»,
Гуфт, к-аз пирист дар кунҷат нишонд...
Гуфт: «Торик аст чашмам, эй ҳаким»,
Гуфт, к-аз пирист, эй марди ҳалим.
Гуфт: «Эй аҳмақ, бар ин бардӯхтӣ,
Аз табибӣ ту ҳамин омӯхтӣ?»...
Пас табибаш гуфт: «Эй умри ту шаст,
Ин ғазаб в-ин хашм ҳам аз пирӣ аст».
Ғазал
Онҳо, ки талабгори Худоед, Худоед!
Берун зи шумо нест, шумоед, шумоед!
Чизе, ки накардед гум, аз баҳри чӣ ҷӯед,
В-андар талаби гумшуда аз баҳри чароед?
Исмеду ҳуруфеду каломеду китобед,
Ҷибрили аминеду расулон шумоед.
Дар хона нишинед, магардед ба ҳар сӯ,
Зеро ки шумо хонаву ҳам хонахудоед.
Зотеду сифотеду гаҳе аршу гаҳе фарш,
Дар айни бақоеду муназзаҳ зи фаноед.
Хоҳед бубинед рӯҳ андар рӯҳи маъшуқ,
Зангор зи ойина ба сайқал бизудоед.
Ҳар рамз, ки Мавло бисарояд ба ҳақиқат,
Медон, ки бад-он рамз сазоед, сазоед.
Қитъа
Мавлоно! Кори ту ҳама эъҷоз аст,
Ту хомӯшу даҳр аз ту пуровоз аст.
Искандари Рум рафту Эрон дар баст,
В-он дар, ки ту бар Рум кушодӣ, боз аст.
Рустами ВАҲҲОБ
Зиҳӣ Мавлои Балх
Ҷаҳон тасхир карда «Маснавӣ»-аш,
Ба лаҳни порсии паҳлавиаш,
Хушо, з-ин инқилоби маънавиаш,
Зиҳӣ, Мавлои Балху шеъри нобаш!
Зи Қуръон маърифат омӯхт бар мо,
Чароғи илму фан афрӯхт ҳар ҷо,
Пайи инсони комил сӯхт танҳо,
Зиҳӣ, Мавлои Балху шеъри нобаш!
Сафар бар осмони орзу кард,
Ҳақиқатро суроғу ҷустуҷӯ кард,
Зи аҳволи башар гуфту нумӯ кард,
Зиҳӣ, Мавлои Балху шеъри нобаш!
Илҳоми НАСАФӢ