Сарвазири Ҷопон истеъфо дод

Парлумони кишвар рӯзи 27 сентябр Сигеру Исибаро, ки раиси Ҳизби либерал-демократӣ (ЛДП) интихоб шуд, чун сарвазири нав тасдиқ кард.

Телевизиони NHK хабар дод, ки ҳукумат таҳти сарварии сарвазири Ҷопон Фумио Кисида истеъфо дод.

Ин мансабдор, ки аз кор озод шуд дар моҳи август гуфта буд, ки рейтингаш поин рафтааст ва дар пайи баъзе моҷароҳо ҳукуматро месупорад. Он вақт нишолндоди дастгирии ӯ 25 дарсад буд. Дар соли 2021, вақте ки Кисида ҳукуматро ба ӯҳда гирифт, рейтинги тасдиқи ӯ тақрибан 50 дарсад буд ва рейтинги тасдиқи ҳукумат дар моҳи июл ба сатҳи рекордии 15,5 дарсад поин рафт.

Се соли роҳбарии Кисида таҳти низоъҳои гуногун гузашт. Калонтарин ҷанҷол, ки дар охири соли 2023 оғоз ёфт, ба вазъи коррупсия дар ҲЛД дахл дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: