Самтҳои устувори ҳамкории байниҳамдигарӣ баррасӣ шуданд

Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулла Арипов дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Арманистон бо витсе-президенти якуми Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Ореф мулоқоти дуҷониба анҷом дод.

Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки аз ҷониби роҳбарони ду кишвар ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба корҳои назаррас анҷом дода мешаванд.

Дар натиҷа ин, танҳо соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли мутақобила аз ним миллиард доллар гузашта, теъдоди корхонаҳои муштарак аз аввали сол 51 адад афзуд.

Дар мулоқот ба масъалаҳои омодагӣ ба ҷамъомади навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва форуми соҳибкорон, ки дар доираи он гузаронида мешавад, инчунин татбиқи лоиҳаҳои кооператсионии саноатӣ миёни кишварҳои мо дар соҳаҳои гуногун таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки энергетика, металлургия, инноватсия ва технология, нақлиёту транзит ва коммуникатсия самти муҳими густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мебошанд.

Ҳайати ҳукумати Ӯзбекистон дар доираи сафар ба Ереван дар Форуми иқтисодии Авруосиё низ иштирок кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: