Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо Саркотиби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) Ребека Гринспан мулоқот кард.
"Мо бо Саркотиби Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) хонум Ребека Гринспен, ки барои иштирок дар Конфронси умумиҷаҳонии иқтисодиёти креатив ба Ӯзбекистон ташриф оварда буд, вохӯрии пурсамар гузарондем", — навиштааст сарвари Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар канали Телеграми худ. - Мо ба густариши ҳамкориҳо бо UNCTAD, сиёсати сармоягузорӣ, савдои хориҷӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, мусоидат ба раванди ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта шудани мамлакатамон ва дигар масъалаҳо таваҷҷуҳ намудем. Мо аз рӯйи ҳамкории фаъол дар бисёр самтҳои ояндадор ба мувофиқа расидем”.
Ёдовар мекунем, ки рӯзҳои 2-4 октябр дар шаҳри Тошканд Конфронси IV Ҷаҳонии Иқтисоди созанда дар мавзӯи “WCCE 2024: Эҷодкории инклюзивӣ: воқеияти тағйирёфта” баргузор мешавад.
Анҷуман таҳти ҳамкории Хазинаи рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекситон, Вазорати сайёҳӣ ва иқтисодиёти саноати Индонезия, Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд, Созмони интеллектуалии ҷаҳон ва ҳамкор оид ба таълим – Шӯрои Бритониё ташкил мегардад, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Ӯзбекистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки конфронси иқтисоди созандаро баргузор мекунад.
Дар форум намояндагони беш аз 80 кишвари ҷаҳон ширкат мекунанд.