Эрон ба сӯи Исроил қариб 180 мушак партоб кард, ки аксари онҳо боздошт шуданд.
Дар ин бора, мушовири идораи Сарвазири Исроил Дмитрий Генделман дар канали телеграмии худ хабар дод.
"Имшаб Эрон тақрибан 180 мушаки баллистикиро ба сӯи Исроил партоб кард. Шумораи зиёди ракетаҳо аз тарафи неруҳои мудофиаи Исроил боздошта шуданд», — менависад ӯ.
Генделман таъкид кардааст, ки Исроил ба ҳама гуна сенария ҳам аз ҷиҳати дифоъ ва ҳам аз ҷиҳати ҳамла омода аст.
Рӯзи 1 октябр Эрон ба зидди Исроил ҳамлаи бузурги мушакӣ кард. Ба маълумоти Кохи Сафед, тақрибан 200 мушаки баллистикӣ ба сӯи нишонҳои Исроил партоб шудааст. Ба ин муносибат Ироқ, Урдун ва Лубнон минтақаи ҳавоии худро бастаанд, хабар медиҳад report.az.