Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бо ташаббуси Инспексияи назорати истифода аз энергияи электр, маҳсулоти нафт ва гази назди Девони Вазирон доир ба мавзӯи «Ҷамъбасти вазифаҳои моҳҳои гузашта ва нақшаҳои ояндаи инспексия» нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини роҳбари «Ӯзэнергоинспексия» Хуршедҷон Эшқӯзиев таъкид кард, ки дар системаи инспексия як қатор ислоҳот ва дигаргуниҳо ҷорӣ гардид. Аз ҷумла, дараҷаи дониши 74 нафар коргар ҳангоми аттестатсия ғайриқаноатбахш дониста шуд.
Муайян намудани дурнамои рушди соҳаи энергетика, таҳияи стратегияҳо, баланд бардоштани самаранокии энергия, татбиқи тарҳҳои каммасраф, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани манбаъҳои барқароршаванда ва энергияи муқобил яке аз вазифаҳои асосӣ ба шумор меравад. Илова бар ин, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, рушди заминаҳои ҳамкориҳои энергетикӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ, таъмини ҳамгироии дурусти захираҳои энергетикӣ аз вазифаҳои асосии инспексия мебошад.
Сардори раёсати «Ӯзэнергоинспексия» Дилшод Каримов ба суоли мухбири рӯзномаи «Нурли жол» Эрсейт Ботурбеков «Аз сабаби мушкилот дар соҳаи энергетика бисёр коргарон аз кор озод карда шуданд. Муаммои асосии соҳа нарасидани кадрҳо аст ё чизи дигар?» чунин ҷавоб дод: – Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки ба рушди соҳа нигаронда шудааст, таҳия шуда, супоришоту дастурҳои дахлдор дода шудаанд. Мутаассифона, ба кор хунукназарона муносибат мекунанд. Агар шаҳри Тошкандро мисол гирем, зерстансияҳои тақсимкунандае ҳастанд, ки шаҳрро бо қувваи барқ таъмин мекунанд, вале дар ягонтои онҳо дар фасли тирамоҳ корҳои профилактикӣ гузаронида нашудааст. Ҳарчанд ин кори муқаррарӣ аст.
Шохҳои дарахтони назди хатҳои кушоди интиқоли электр нашъунамо ёфта, ба симҳо ламс шудаанд, онҳоро бояд дар вақташ бурида ва тобистону зимистон тайёр шудан лозим.
Дар чорабинӣ масъалаҳои боз ҳам беҳтар намудани таъминот бо қувваи электр ва сари вақт пардохтани пули он, истифодаи манбаъҳои алтернативии қувваи барқу лампаҳои светодиодӣ ва нақшаҳои оянда дар ин самт, тайёрии идораҳои электр ба мавсими тирамоҳу зимистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».