Гурӯҳи кории ҳокимияти вилояти Намангон бо мақсади шинос шудан бо иҷрои барномаи давлатии соҳибкорон, ҷорикунии инвеститсияҳои хориҷӣ ва амалигардонии лоиҳаҳои истеҳсоли саноати дорусозӣ ба ноҳияи Косонсой рафт.
Онҳо аввал бо рафти корҳои бунёдкорӣ дар минтақаи озоди саноатии «Косонсойфарм» аз наздик шинос шуданд.
Дар ин ҷо соли 2019 Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Spring Pharmatseftik» дар ҳамкорӣ бо ширкати доруистеҳсолкунандаи Британиё «Medikal Kapitall LTD» ба кор шурӯъ карда буд. Арзиши умумии навбати аввали корхона 4,5 млн. долларро ташкил намуда, дар асоси лоиҳаи «Истеҳсоли воситаҳои тайёри доруворӣ» ба кор оғоз карда буд. Дар натиҷа имконияти бо кор таъминкунии 150 нафар шахсони эҳтиёҷманд ба вуҷуд омад. Имрӯзҳо бунёду таҷҳизонии навбати дуюми корхона бо иштироки сармоядорони Чин бо суръати баланд идома дорад. Дар натиҷаи ба кор шуруъ кардани навбати дуюми корхона, ки арзиши умумиаш 5 миллион долларро ташкил мекунад, имконияти бо кор таъминсозии 50 нафар эҳтиёҷмандон фароҳам хоҳад омад.
Пешбинӣ шудааст, ки навбати дуюми корхона то охири соли ҷорӣ пурра ба истифода супурда хоҳад шуд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.