ХОНАҲОИ НАВ БА ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ

Дар ноҳияи Учқӯрғон бинои чорошёнаи хизматӣ, ки аз 32 хонаи истиқоматӣ иборат аст, ба хизматчиёни ҳарбии шуъбаи ҳифзи сарҳадии қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Хидмати амнияти давлатӣ супорида шуд.

Дар ин бинои истиқоматӣ, ки хонаҳо аз ду ва се ҳуҷра иборат аст, барои хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзоёни оилаи онҳо шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. 
Ба соҳибони хона калидҳо супорида шуд. Иштирокчиёни тадбир ба хонаҳо даромада, бо шароит ва имконҳои фароҳамоварда шинос шуданд. 
– Аз вилояти Қашқадарё омадаем, – мегӯяд Улдон Дайновова. – Касби ҳамсарам  ҳарбӣ. Бо тақозои касб лозим меояд, дар ҳудудҳои гуногун фаъолият баранд. Имкони имрӯза, яъне бо хонаи  нав таъмин шудани мо ба ҳар як оила хурсандӣ овард. Мо-бонувон аз шароитҳои фароҳамоварда боз  дучанд хурсанд шудем. Барои бачаҳо хонаҳои алоҳида, ошхонаю меҳмонхонаи замонавӣ … То ин вақт ин хел шароит надида будем. Барои имконияту шароитҳо ба роҳбари давлатамон, ба бинокорон таҳсин мегӯем . 

Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: