ҶАВОНОНИ МАҲАЛЛАҲО ДАР БОЗИИ «ЗАКОВАТ» РАҚОБАТ КАРДАНД

Дар павилони «Заковат»-и ташкилоти ғайридавлативу ғайритиҷоратии «Заковат интеллектуал клуби»-и шаҳри Тошканд дар доираи олимпиадаи «Панҷ ташаббус» байни ҷавонони маҳаллаҳо зинаи ҷумҳурии бозии зеҳнии «Заковат» гузаронида шуд.

Дар мусобиқа аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд ҷамъ 42 дастаи иборат аз ҷавонони маҳаллаҳо, ки дар зинаҳои минтақавии бозӣ ҷойҳои ифтихории якум, дувум ва сеюмро ба даст овардаанд, иштирок карданд. 
Мусобиқа дар чор давра доир гардида, дар ҳар яки он ба дастаҳо 12-тоӣ савол, ҷамъ 48 савол пешкаш карда шуд. 
Бино ба натиҷаҳои ниҳоӣ дар зинаи ҷумҳурӣ дастаи ҷавонони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Пахтазори ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё бо дарёфти 37 ҷавоби дуруст ҷойи якумро ба даст оварданд ва бо 100 миллион сӯм мукофотпулӣ ва нишонҳо сарфароз гардиданд. Ҷойи дувум ба ҷавонони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қӯрғонтеппаи ноҳияи Сардобаи вилояти Сирдарё насиб гардид ва ба онҳо 60 миллион сӯм мукофотпулӣ ва нишонҳо тақдим карда шуд. Ба ҷоизадорони ҷойи сеюм – дастаи ҷавонони маҳаллаи Канглии ноҳияи Қӯнғироти Ҷумҳурии Қароқалпоқистон 40 миллион сӯм ва нишонҳо супориданд. 
– Мусобиқаи «Заковат» дар се зина – ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ гузаронида шуд, – гуфт узви дастаи ҷавонони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Демурсади ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона Фирӯз Мирзоҷонов. – Мо пас аз пирӯзӣ дар зинаи ноҳиявӣ, дар зинаи вилоятӣ ширкат намудем. Дар ин марҳила дар байни 19 дастаи ғолиби зинаи шаҳриву ноҳиявӣ ҷойи якумро гирифта, роҳхатро барои иштирок дар зинаи ҷумҳурӣ ба даст овардем. Имрӯз дар мусобиқа ба 25 савол ҷавоби дурустро дарёфта, мақоми 12-умро ишғол кардем. Ният дорем, ки дар мусобиқаҳои оянда низ иштирок карда, пирӯзиро ба даст орем.

Фаридун ЙӮЛДОШЕВ, 
мухбири «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: