ҚАБУЛИ САЙЁР ДАР БУХОРО
Раиси Кумитаи оила ва занону духтарони ҷумҳурӣ Озода Парпиева бо мақсади омӯхтани ҷараёни корҳо бобати афзун гардондани фаъолии бонувон дар ҳудудҳо, бо шуғл фарогирӣ ва ба соҳибкорӣ рӯ овардани онҳо, мустаҳкам намудани оилаҳо, қарор додани тарзи зиндагии солим байни занону духтарон, пойдор намудани таҳкими саломатии репродуктивӣ ба Бухоро омад.
Раиси кумита ҳангоми ташрифаш дар маҳаллаи «Маҳмуд Торобӣ»-и шаҳри Бухоро барои шахсони ниёзманди ҳифзи иҷтимоӣ қабули сайёр гузаронд. Дар оғози қабул ба аъзои оилаҳое, ки манбаи даромад надоранд, аз муҳоҷирати хориҷӣ баргаштаанд, умеди соҳибкорӣ доранд ва шомили «Дафтари бонувон» ҳастанд, бо мақсади фароҳам овардани ҷойи кории иловагӣ дар асоси субсид мошинаҳои дарздӯзӣ супорида шуд. Инчунин дар чорабинӣ ба шаҳрвандон бобати тартиби дида баромадани муроҷиатҳо аз ҷониби масъулони ташкилоту идораҳо инфрасохтори рушдёбии ҳудуд, гирифтани субсид низ маълумот дода шуд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти БУХОРО.
ЧАРО «САНГЗОР» ОЛУДА МЕШАВАД?
Ин дарё аз Самарқанд маҷро гирифта, ноҳияҳои Бахмал, Ғаллаорол ва шаҳри Ҷиззахро убур мекунад. Он 143 километр дарозӣ дорад. Дар ду соҳили дарё ҳазорҳо нафар одамон хонаву манзил сохта, умр ба сар мебаранд.
Вақтҳои охир ба туфайли муносибати хунукназаронаи аҳолӣ оби дарё хеле олудаву нопок шуд. Мардум партовҳои гуногунро ба дарё ё атрофи он ҳаво медиҳанд. Болокорӣ обҳои партови чандин маҳаллаи шаҳри Ҷиззах низ ба ҳамин дарё омада мепайвандад. Дар ҳоле, ки коргарони корхонаҳои унитарии «Тоза ҳудуд», ҳоло «Эко сфера» атрофро аз партовҳо тоза мекунанд, мардум ба тозагии табиат ва муҳити атроф беэътино, ҳатто беҳад бераҳманд. Ин аст, ки оби дарё ба ин ҳоли ҳузновар расидаст.
Ба наздикӣ гурӯҳи журналистон ба соҳилҳои дарёи «Сангзор» сафари матбуотӣ ба анҷом расониданд.
– Солҳост, ки маро низ ин муаммои сарбаста ба ташвиш овардааст, – мегӯяд сармутахассиси назорати хоҷагии оби вилояти Ҷиззах Ҷӯра Қароев. – Дар ин хусус борҳо ба идораҳои масъул мактуб ирсол намудем. Ҳоло вақти он расидааст, ки ба ин масъала бо масъулияти ҷиддӣ ва дилсӯзӣ муносибат намоем. Вагарна ба табиат зарари калон мерасад.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.
БА ДЕҲИБАЛАНД ОБ ОМАД
Мушкилоти оби ошомиданӣ имрӯз на танҳо дар кишвари мо, балки кулли кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст. Таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар Ӯзбекистон, ҳатто дар деҳоти дурдасти кӯҳистон зина ба зина амалӣ мегардад. Ҳалли мушкилот ба вазифаи муҳими сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Бо қарори Президент аҳолии наздики 400 хонадони маҳаллаи Деҳибаланди ноҳияи Нурато бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Ба ин мақсад дар масофаи 4,3 км лӯлаҳо кашида шуда, бори аввал аҳолӣ бо оби ошомидании марказонидашуда таъмин гардид. Аз ин воқеаи фаромӯшнопазир шодию хурсандии мардумро интиҳо набуд. Чандин сол аст, ки шаҳрвандони маҳаллаи Деҳибаланд аз оби ошомиданӣ тангдастӣ доштанд. Ва инак муаммо ҳалли худро пайдо кард.
Дар чорабиние, ки бахшида ба ин рӯйдоди нек доир гардид, роҳбари идораи «Навоий сув таъминоти» О. Зарифов, мушовири раиси ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзсувтаъминот» Б. Қурбонов ва ҳокими ноҳия А. Файзиев иштирок намуда, аҳолиро ба муносибати омадани оби ошомиданӣ муборакбод ва ба кормандони бунёдкор изҳори миннатдорӣ намуданд.
ҲОКИМ ДАР ХАТИРЧӢ
Ҳар як ташрифи ҳокими вилоят ба ноҳия ва маҳаллаҳо аз манфиат холӣ нест, чанд мушкилоти мавҷуда ҳаллу фасл мешавад. Ташрифи навбатии ҳокими вилояти Навоӣ Нормат Турсунов ба минтақаи хурди саноатии ноҳияи Хатирчӣ сурат гирифт.
Имрӯз дар ноҳия як минтақаи хурди саноатӣ ва соҳибкорони ҷавон фаъолият доранд. Дар ин минтақаҳои саноатӣ, ки дар ҳудуди 14,1 гектар таъсис ёфтаанд, 41 лоиҳаи саноатӣ ва хидматрасонӣ ба маблағи 144,9 миллиард сӯм татбиқ меёбад. Зимни амалисозии лоиҳаҳо 350 нафар бо шуғли доимӣ таъмин мегарданд. Имрӯз 14 лоиҳаи сармоявӣ бо маблағи 92,2 миллиард сӯм дар амал татбиқ шуда, 180 нафар бо шуғли доимӣ таъмин гардиданд.
Ҳамчунин мақсад гузоштаанд, ки дар минтақаҳои саноатӣ 27 лоиҳаи нав бо маблағи 52,76 миллиард сӯм дар амал татбиқ гардад.
Зимни вохурӣ бо ҳоким масоили ворид намудани саноат ба деҳот, андоз ва ташкили сохторҳо муҳокима гардиданд.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.
ЛАБОРАТОРИЯИ РАСТАНИПАРВАРӢ ТАШКИЛ МЕГАРДАД
Ҳокими вилояти Сирдарё М. Маҳмудалиев бо муовини раиси ноҳияи Оухайи вилояти Чжэтсзяни Чин Ю. Хюемэй вохӯрд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои бисёрҷанбаи шарикии амалии Ӯзбекистону Чин дар ду соли сипаришуда бо ташаббусу иродаи сиёсии Сарварони ду давлат ва ба туфайли муоширати мунтазаму самарабахш таҳким меёбанд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои созанда ва судманди минтақаҳо низ баррасӣ шуданд. Зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои инноватсия, илм, маориф ва омодасозии кадрҳо таъкид шуд.
Байни Донишкадаи давлатии педагогии Гулистон ва корхонаи муштараки «Peng Sheng» аз рӯйи бунёди «Лабораторияи растанипарварии Зҳежианг ва Ӯзбекистон» меморандуми сетарафа ба имзо расид. Дар лаборатория анҷом додани тадқиқотҳои илмӣ бобати дигаргун сохтани комёбиҳои техникӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ ва парвариши навъи серҳосили растаниҳои ба шароити маҳал мувофиқ пешбинӣ шудааст. Инчунин, якҷоя бо мактабҳои олӣ дастуру мақолаҳо тайёр карда мешаванд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.