Ҳуқуқ, баробарии имкониятҳо, талош барои некуаҳволии ҳар як инсон аз мизонҳои муҳим ва афзалиятноки рушди устувори давлат ва ҷомеа маҳсуб мешавад.
Дар шароити кунунии пуртаҳлука ва бениҳоят мураккабе, ки дар ҷаҳон ҳукмфармост, арзиш ва аҳамияти ин масъала боз ҳам афзуд. Аз ин рӯ, нобаробарии иҷтимоӣ, ба вуҷуд омадани тафовут дар байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ дар раванди рушди иҷтимоию иқтисодӣ мушкилоти муайянро ба миён меоварад.
Барои рушди устувори иқтисодиёт давлат бояд адолати иҷтимоиро таъмин намояд, ба ибораи дигар, фарогирии васеъ ва пайдарпайии механизмҳои ҳифзи иҷтимоиро кафолат диҳад.
Дар ин маврид бояд гуфт, ки имрӯз Ӯзбекистони Нав дар минбарҳои ҷаҳонӣ ба сифати давлати иҷтимоие эътироф карда мешавад, ки барои ҳар як шаҳрванди худ ғамхорӣ мекунад. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи хоса ба соҳаҳои таълиму тиб, ки ба давлати иҷтимоӣ мувофиқ аст, махсусан дар натиҷаи тӯли ҳашт соли охир татбиқи дигаргуниҳои назаррас дар ин соҳаҳо самараи худро дод. Масалан, бино ба ҳолати моҳи январи соли ҷорӣ дар мамлакатамон сатҳи фарогирии бачагони 3–7 сола бо таълими томактабӣ ба 74 дарсад расид. Нишондоди фарогирии ҷавонон ба таълими олӣ аз 9 дарсад ба 42 дарсад афзуд.
Ислоҳоте, ки дар сохтор бо мақсади ба аҳолӣ наздик кардани хидмати ихтисосонида ва босифати тиббӣ анҷом дода мешавад, рости гап, бо душвориҳо бошад ҳам, оҳиста-оҳиста натиҷа дода истодааст.
Ба ин маъно, Ҳизби халқиву демократӣ, ки байни ҳизбҳои сиёсии дигар мавқеи алоҳида дорад, бобати афзунсозии самаранокии иҷтимоии иқтисодиёти бозор таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар барномаи пешазинтихоботии худ низ дар ин самт пешниҳодҳои мушаххас, ҳаётӣ ва халқонаро ворид кардааст, ки дар замири ин ҳақиқате ниҳон аст. Ин ба мақсади амиқтар роҳандозӣ кардани ғояҳои инсондӯстӣ ва баробарӣ дар ислоҳот, мувофиқи тамоюли «инсон — ҷамъият — давлат» аз ҳама чиз боло гузоштани қадри инсон вобаста мебошад.
Нақш ва иштироки фаъоли давлат муҳим аст
Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон, бо назардошти барқарории иҷтимоӣ, рушди иқтисодиётро муҳим мешуморад.
Аммо мо ғояеро, ки рақиби асосии сиёсиамон – Ҳизби либерал-демократӣ дар барномаи пешазинтихоботии худ бобати бениҳоят кам кардани иштироки давлат дар иқтисодиёт, зиёд кардани ҳиссаи сектори хусусӣ тавассути хусусигардонии моликияти давлатӣ, ба тамоюлҳои бозор гузарондани соҳаҳои монополистӣ пешбарӣ менамояд, ба мавқеи худ комилан зид меҳисобем. Ба фикри мо, дар иқтисодиёт иштироки давлат зарур аст, давлат набояд аз танзим ва ташаббускорӣ даст кашад.
Ғайр аз ин, хусусӣ намудани тамоми моликияти давлат хато мебошад. Масалан, ба ихтиёри сармоягузорони хориҷӣ ва ё як гурӯҳ шахсон супурдани корхонаву заводҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим мумкин аст оқибатҳои манфиро ба миён оварад. Фикр мекунем, ки ин ба салоҳияти идораи давлат ва механизми танзими ҳаёти иҷтимоӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Инчунин, иштироки фаъоли давлат дар иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ дар таъмини бехатарии иқтисодӣ ва мустаҳкамсозии барқарории иҷтимоӣ нақши муҳим дорад. Бахусус, назорати давлатӣ бар бахшҳои муҳими стратегӣ, аз қабили саноати энергетика, нақлиёт ва мудофиа аз зери назорати манофеи хориҷӣ ё хусусӣ афтодани онҳо, ки метавонад ба манфиатҳои миллӣ зарар расонад, пешгирӣ мекунад.
Бесабаб нест, ки фаъолони ҲХД пурзӯр намудани нақши асосии танзими давлатро барои афзунсозии самаранокии ислоҳоти иҷтимоӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ зарурати ҳаётан муҳим меҳисобанд.
Кафолати барқарорӣ ва фаровонӣ
Табиист, ки буҷети давлатӣ дар фароҳам овардани сатҳи фаровони зиндагӣ, шароити муносиби меҳнат ва музди одилона, нафақаву ёрдампулӣ барои ҳар як инсон, роҳандозии кумаки иҷтимоӣ ва хидматрасонӣ, ба ибораи дигар, бобати татбиқи тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ нақши ҳалкунанда дорад. Асосан, истифодаи самараноки буҷети давлатӣ, ки аз ҳисоби андозҳои шаҳрвандон ташаккул меёбад, сарфакорию дақиқназарӣ, беш аз ҳарвақта аҳамият касб кардааст.
Дар Конститутсияи нави мо кафолатҳои ҳуқуқии таъмини иштироки фаъолонаи шаҳрвандон ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ташаккули буҷети давлатӣ, муайян ва таъмини иҷрои қисматҳои даромаду харҷи он, ба роҳ мондани назорати ҷамоатӣ дар ин самт муайян гардид.
Бо назардошти тамоми омилҳои зикршуда, иқтидори иқтисодии давлат, пеш аз ҳама, бевосита ба буҷети кафолатдодашуда вобаста будани онҳо, дар айни замон пурра ба Буҷети давлат равона кардани тамоми даромадҳо, ки дар натиҷаи хидматрасонии давлатӣ аз тарафи вазорату идораҳо, ё тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ситонидани ҷаримаҳо аз шахсони ҷисмонӣ ва юридикӣ ба даст меоянд, аз ҳар ҷиҳат дуруст аст. Ин пешниҳод ба вусъати имкониятҳои иҷрои самарабахши ӯҳдадориҳои иҷтимоии давлат такони муҳим мебахшад.
Вақте сухан дар бораи бо хонаву ҷой таъмин намудани табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии онҳо меравад, пешниҳоди барномаи пешазинтихоботии Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» дар бораи такмили системаи субсидия барои ба рӯйи ёб баровардани ҳуқуқи шаҳрвандон бобати соҳиби хонаву дар шудан, натиҷаи дилхоҳро намедиҳад. Ба фикри мо, дар ин бобат механизмҳои дигари самарабахши иқтисодию иҷтимоӣ мавҷуданд. Ҳизби халқиву демократӣ дар ин самт, масалан, барпо намудани хонаҳои иҷтимоиро пешниҳод мекунад. Механизми наве, ки мо пешниҳод мекунем, барои шаҳрвандони ниёзманду камдаромад боз ҳам самараноктар ба ҳисоб меравад.
Бар зидди нобаробарии иҷтимоӣ
ҲХД ҷорӣ намудани системаи андозбандии одилона барои консентратсияи аз ҳад зиёди сарват, сарфи назар аз даромад ва манбаи онҳо, яъне татбиқи механизмҳоеро, ки вобаста ба афзудани даромади шаҳрвандон афзоиши ставкаи андозро таъмин менамояд, мувофиқи мақсад меҳисобад.
Чунин чораҳо дар баъзе кишварҳои пешрафта барои пешгирии табақабандии иқтисодии аҳолӣ хидмат кардааст. Масалан, дар ИМА барои шаҳрвандоне, ки даромади солонаашон аз 11 ҳазор доллар кам аст, ставкаи андоз ба миқдори 10 дарсад истифода мешавад ва онҳое, ки беш аз 578 ҳазор доллар даромад доранд, ба 37 дарсад андоз месупоранд.
Системаи одилонаи андозбандӣ барои консентратсияи аз ҳад зиёди сарват ба кам кардани нобаробарии иҷтимоӣ тавассути андозбандии шахсони бадавлат ва ширкатҳои дорои даромади зиёду сарватманд мусоидат мекунад.
«Тонометр»-и сиёсати иҷтимоӣ
Бино ба маълумоти Созмони байналмилалии меҳнат, пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2024 дар ҷаҳон шумораи бекорон ду миллион нафар зиёд мешавад ва сатҳи бекорӣ аз 5,1 дарсад ба 5,2 дарсад баланд мегардад. Дар аксар давлатҳои калони бистгона, даромади ихтиёрӣ кам шуда, дар натиҷаи таваррум (инфлятсия) паст шудани сатҳи зиндагӣ дар муддати кӯтоҳ қариб барқарор намешавад. Чун дар ҷаҳон, дар мамлакати мо ҳам ин масъала хеле муҳим аст.
Ҳизби халқиву демократӣ дар ин самт ҷорӣ намудани модели миллии суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз рӯйи бекориро пешниҳод мекунад. Он чунин системае хоҳад шуд, ки дар асоси он одамоне, ки дар пайдо кардани кор душворӣ мекашанд, бо сабабҳои гуногун аз ҷойи кор маҳрум шудаанд, муваққатан дар радифи бекорон қарор доранд, пайваста дасгирӣ карда мешаванд. Бояд гуфт, ки ин шаҳрвандонро на ба лоқайдӣ, балки ба фаъолии иҷтимоию иқтисодӣ водор менамояд.
Локомотиви рушди иқтисодӣ
Сармоягузорӣ драйвери мустаҳками рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин нуқтаи назар, ислоҳотро дар роҳи ба ҳамкори боэътимод ва дарозмуддати сармоягузорони хориҷӣ табдил додани Ӯзбекистон бо мамнуният қайд намуда, ёдовар мекунем, ки боз ҳам такмил додани механизмҳои дастгирии сармоягузорони маҳаллӣ хеле муҳим мебошад. Ин яке аз ташаббусҳои муҳими Барномаи пешазинтихоботии мост.
Содатар карда гӯем, ҳам ба сармоягузори хориҷӣ ва ҳам ба сармоягузори маҳаллӣ бо як чашм нигоҳ кардан лозим аст. Ин барои васеъ намудани истеҳсоли маҳсулоти содиротии саноатӣ, амиқ гардондани кооператсияи байнишабакавӣ ва рушди занҷири арзиши иловагӣ аҳамияти калон дорад.
Вақте сухан дар бораи ислоҳи иқтисодиёт, дастгирии истеҳсолкунандагони маҳаллӣ меравад, баъзе аз ташаббусҳои барномаи пешазинтихоботии Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар соҳаи иқтисодиёт мумкин аст, ки ба соҳибкорон, бахусус фермерон таъсири манфӣ расонад. Масалан, пешниҳоди ҳизб дар бораи «50 дарсад кам кардани ҳаҷми истифодаи пеститсид (доруҳои заҳрнок) то соли 2030» метавонад барои парваришкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мушкилоти муайянро ба бор оварад. Фермер ва деҳқонон барои аз ҳашарот ва ҷонварони зараррасони гуногун муҳофизат намудани растаниҳо ба истифодаи пестисид ниёз доранд. Дар акси ҳол, маҳсулот нобуд мешавад ё ба ҳосил зарар мерасад. Умуман, мо чунин меҳисобем, ки ҳизби экологӣ ин пешниҳодро ҷиҳати самарадоии иқтисодӣ ба таври дақиқ наандешида, ба миён гузоштааст.
Ба ҷойи хулоса
Дар ин давр, ки маъракаи таблиғотии пешазинтихоботӣ бо ҷӯшу хурӯш давом дорад, интихобкунандагон, ҳамватанонамон бо мақсаду ғояҳои барномавии ҳизбҳои сиёсӣ аз наздик шинос мешаванд, онҳоро меомӯзанд, муқоиса мекунанд.
Дар марҳилаи кунунии рушди иқтисодиёт афзунсозии самаранокии иҷтимоии ислоҳот, фароҳам овардани шароиту имкониятҳо барои ба орзую мақсадҳои худ ноил гардидани ҳар як инсон, баланд бардоштани ҳисобдории давлат бобати фаровонии рӯзгор аҳамияти рӯзмарра дорад.
Дар Барномаи пешазинтихоботии ҳизби мо дар ин бобат таклифу ташаббусҳои дақиқ, ҳаётӣ ба миён гузошта шудаанд.
Барои самарадории иҷтимоии ислоҳоти иқтисодӣ ба Ҳизби халқиву демократӣ ва номзадҳои он овоз диҳед!
Тӯлқин ТӮРАХОНОВ,
ҷонишини раиси Шӯрои марказии ҲХД Ӯзбекистон.