«ҲСД «Адолат» дар барномаи пешазитихоботии худ таҳти унвони «Сӯйи имкониятҳои баробар ва ҷомеаи одилона!» ба сифати вазифаи устувор, ки дар панҷсолаи минбаъда дар назди ҳизб қарор дорад, дар ҷомеа қарор додани тамоюли адолати иҷтимоиро муайян намудааст.
Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» барои амалӣ кардани ин ҳадаф дар барномаи худ зарур мешуморад, ки барои пешгирӣ аз табақабандии шадид миёни аҳолӣ чораҳои ташкилӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дигар андешида шавад. Ғайр аз ин, ҳизб ба масъалаи амалӣ гардондани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба манзил, ки муҳимтарин самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ мебошад, таваҷҷуҳи махсус дод.
Маълум аст, ки солҳои охир тавассути дастгирии иҷтимоии аҳолӣ бобати кумак расондан ба оилаҳое, ки даромадашон зиёд нест ва ба беҳтар намудани шароити манзили худ эҳтиёҷ дорад, заноне, ки ба вазъи душвори иҷтимоӣ афтодаанд, ҷавононе, ки дар ҳаёти ҷамъиятии кишварамон фаъолона иштирок мекунанд ва табақаҳои дигари аҳолӣ ва дар дастгирии давлатии оилаҳои ба беҳтар намудани шароити манзилӣ муҳтоҷ як қатор механизмҳои самарабахши ба таъмини мақсаднок ва шаффофият нигарондашуда ҷорӣ карда шуданд.
Аз ҷумла, бо мақсади тезонидани ҷараёни азхудкунии маблағҳои барои субсидия ҷудошуда муҳлати огоҳсозӣ дар бораи субсидия аз 12 моҳ ба 4 моҳ кам карда шуд. Дар баробари ин барои шахсоне, ки аз субсидия дар вақташ истифода набурдаанд, ҳуқуқи такроран муроҷиат кардан барои гирифтани субсидия нигоҳ дошта шуд.
Аммо дар ин равандҳо монеаҳои бюрократӣ дар равандҳои марбут ба фурӯши хонаҳо аз ҷониби соҳибкорон дар асоси субсидия, инчунин васеъ истифода нагардидани равандҳои рақамисозӣ, дар баъзе мавридҳо, соҳибкоронро аз фурӯши хонаҳои сохтаашон дар асоси субсидия маҳдуд мекунад.
Мо пешниҳод мекунем, ки субсидияҳо на танҳо аз ҳисоби давлат, балки бо роҳи ба ин раванд чалб намудани ташкилотҳои бинокорӣ ҳам ҷорӣ карда шавад. Аз ҷумла, ба ин тавассути чунин механизмҳо, аз қабили ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ, ки бунёд ва фурӯши манзилро дар асоси субсидия ба роҳ мондаанд, додани имтиёзҳои андозӣ, додани афзалият дар тақсимоти заминҳо ноил шудан мумкин аст.
Аз ин рӯ, дар панҷ соли оянда ҳизб барои такмили низоми ҷудо кардани имтиёзҳо ба шаҳрвандоне, ки воқеан ба субсидия барои сохтмон ва хариди манзил дар маҳалли интихобкардаашон эҳтиёҷ доранд ва дастгирии соҳибкороне, ки дар асоси субсидия манзилҳои истиқоматӣ фурӯхтаанд, ташаббусҳо ба миён мегузорад.
Объектҳои иҷтимоӣ бояд танҳо азони халқ бошанд
Дар Барномаи нави пешазинтихоботии ҳизб барои солҳои 2025-2029 ташаббусҳои иҷтимоӣ инъикос ёфтааст, ки ба пойдор сохтани принсипи адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа нигаронида шудаанд. Ҳамзамон, бо назардошти равандҳои ҷаҳонишавии имрӯза, идомаи пайвастаи ислоҳоти халқпарвар, ки дар барнома оғоз гардидаанд, вазифаву ҳадафҳо муайян карда шуданд.
Тибқи таҳлилҳо, то имрӯз дар 184 боғи фароғатии ҷумҳурӣ майдони дарахтзорҳо кам карда шуда, 944 бино ва иншоот ғайриқонунӣ сохта шуда, дар 18 боғи истироҳатӣ 91 адад дастгоҳи ғайриқонунӣ ошкор гардида, дар 98-тои онҳо 1248 аттраксион ғайриқонунӣ насб карда шудааст.
Ғайр аз ин, таҷрибаи ба захираи ҳокимияти маҳаллӣ гирифтани заминҳои боғҳои истироҳатӣ ва баъдан хусусигардонӣ ё бегонакунӣ васеъ мегардад, ки дар натиҷа майдони боғҳо тавассути гаштаву баргашта тартиб додани ҳуҷҷати нави кадастрӣ коҳиш меёбанд.
Аз ин рӯ, дар барномаи ҳизб пешниҳод шудааст, ки фурӯш, хусусигардонӣ ё бегона кардани боғҳои истироҳатӣ, лагерҳои кӯдакона, сайлгоҳҳо, объектҳои давлатии ба таълиму тиб алоқаманд ва ҳудуди онҳо манъ карда, барои ин амалҳо ҷавобгарӣ муқаррар карда шавад.
Хатмкунандагони таълими олиро бо ҷойи кори аввалини кафолатнок таъмин мекунем
Ҳизб пешниҳод мекунад, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва касбӣ лоиҳаи «Ҷойи кори аввалини кафолатнок» амалӣ карда шавад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур офаридани махзани (платформаи ягонаи) ҷойҳои кории холиро мақсад кардааст, ки барои бо кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ тахассусӣ гардида, барои ҳама дастрас буда, бо тартиби равшан ва асосҳои ҳуқуқии таъмини шуғли аҳолӣ, ки дар он донишҷӯён метавонанд ба кор ҷалб карда шаванд, равона карда шудааст. Ин дар айни ҳол, таваҷҷуҳи корфарморо ба кадрҳои ҷавон зиёд мекунад. Муҳимтар аз ҳама, он кафолат медиҳад, ки ҷавонписарон ва духтарон соҳиби ҷойи кории худ бошанд.
Зимнан зикр кардан ҷоиз аст, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа ба мақсади ҷорӣ намудани механизмҳои самарабахши риояи қонунҳо ва пешгирии баҳсҳои меҳнатӣ дар муносибатҳои байни коргарон ва корфармоён Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат» пешниҳод менамояд, ки ҳимояи ҳуқуқи коргарони кирояро пурзӯр намуда, тартиби ба собиқаи корӣ ҳамроҳ намудани давраи кори кироя ҷорӣ карда шавад.
Мувофиқи таҳлилҳо дар мамлакати мо 60 фоизи коргароне, ки дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд, коргарони кироя мебошанд. Он тавассути татбиқи ташаббуси ҳизб ба таъмини ҳифзи иҷтимоии ҳазорон нафар одамон, инчунин ба афзоиши муайяни иқтисодии даромадҳои андоз хидмат мекунад.
Идомаи ислоҳот дар соҳаи маориф – вазифаи аввалиндараҷаи ҲСД «Адолат»
Бешубҳа, дар бунёди давлате, ки дар он тамоюлҳои адолати иҷтимоӣ авлавият доранд, аҳамияти маориф, илм ва инноватсия хеле муҳим аст. Чунин равиши хоси давлати иҷтимоӣ, яъне меъёрҳо оид ба соҳаи таълим дар Конститутсияи навтаҳрир ду баробар зиёд карда шудааст.
Аз ин рӯ, ҳизб сармоягузорӣ ба маорифро ҳамчун сармоягузорӣ ба оянда, омили таъмини некуаҳволии мардум ва рақобатпазирии давлат медонад. Ҳизб мунтазам такмил додани низоми таълими муттасил, таълими босифат ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисосро дастгирӣ мекунад. Аз ин лиҳоз, ҳизб таҳияи тартиби қабул ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯи ҳама гуна намуди таълим, бахусус аз нав дида баромадани тартиби қабули кӯдакон ба муассисаҳои давлатии томактабӣ, дар ин бобат ташкил кардани «рӯйхати кушоди онлайн»-ро зарур меҳисобад.
Инчунин, бо назардошти он ки фанни «Технология», ки дар мактабҳо таълим дода мешавад, барои ояндаи хонандагон аҳамияти калон дорад, пешниҳод карда мешавад, ки ҷиҳати ба роҳ мондани таълими ин фан дар асоси талаботи замон тадбирҳои комплексӣ амалӣ карда, дар асоси зеҳни сунъӣ дар низоми таълим барномаи «мактаби оқил» ҷорӣ карда шавад.
Саломатии халқ – сарвати бузург, гарави зиндагии фаровон
Ҳамчун вазифаи аввалиндараҷаи ҳизб дар соҳаи тиб пешниҳод мешавад, ки ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳаи тиб пурзӯр карда, ҳуқуқҳои онҳо кафолат дода, дар баробари ин дар бунгоҳҳои тиббии оилавӣ ва дармонгоҳҳои оилавии дурдаст фаъолияти мутахассисони соҳаи маҳдуд роҳандозӣ карда шавад.
Аз ҷумла, дар барнома асосҳои ҳуқуқии ташаккул додани низоми «тиббиёти оқил» таҳия карда, ғояи густариши дар соҳаи тибб васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои замонавии коммуникатсияҳои ахбор пеш гузошта шудааст.
Чунин як низоми муассири тиббӣ ва ҳимояи ҳамаҷонибаи кормандони соҳаи тиб тибқи қонун дар бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Фаронса, ИМА ва Исроил васеъ истифода мешавад.
Илова бар ин, ҳизб ҷонибдори дар баробари низоми «тибби оқил» таъсис додани системаи «поликлиникаи электронӣ» ва «анкетаи ягонаи электронӣ» ва додани ташкилотҳои тиббии ғайридавлатӣ аз «ташкилотҳои тиҷоратӣ» ба созмонҳои ғайритиҷоратӣ ҷиҳати ба манбаи даромад табдил наёфтани тибб мебошад.
Ин имконият медиҳад, ки фаъолияти ин ташкилотҳои тиббӣ дар оянда бо дахолат накардан ба фаъолияти молиявии онҳо, бо тартиби назорати халқӣ омӯхтан, онҳо ба манбаи даромад табдил наёбанд.
Ҳамчунин, ҳизб дар барномаи худ вазифаҳоеро, ки дар самти танзими соҳаи дорусозӣ амалӣ мешаванд, пешниҳод намуда, бовар дорад, ки чунин низом ба созишҳои махфии байни кормандони дорусозӣ ва тиб ва беасос боло рафтани нархи доруҳо хотима хоҳад дод.
Аз ин рӯ, ҳизб тарафдори пурра манъ кардани созиши пинҳонӣ ва мулоқоти ғайриқонунии байни коркунони дорусозӣ ва тиббӣ, сарпарастии бадқасдонаи дорусозон ба муассисаҳои табобатӣ ва муқаррар намудани ҷавобгарии ҷиноӣ барои ин кирдорҳо мебошад.
Ҳизб дар баробари ин мехоҳад, ки ба хотири арзон ва қулай будани доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ барои аҳолӣ ва истифодаи технологияи назорати маводи доруворӣ махзани ягонаи электронии доруворӣ таъсис дода, дар саросари кишвар системаи ягонаи электронии занҷири ҳаракати доруҳо дар асоси таҷрибаи хориҷӣ бо мақсади пешгирии афзоиши сунъии нархи дору ҷорӣ карда шавад.
Шумо, интихобкунандагони муҳтарамро даъват мекунем, ба Ҳизби сотсиал-демократии Ӯзбекистон «Адолат», ки дар арсаи сиёсӣ худро дар мақоми «маркази чап» муаррифӣ карда истодааст, ба номзадҳои ба вакилии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Ҷоқарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шӯроҳои вилоят, ноҳия ва шаҳр нишон додашуда, ғайр аз ин, ба тарафдории Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат», ки бо ақидаҳои халқпарвари ҳаётбахши худ ҷойгоҳ ва обрӯи худро дорад, овоз диҳед!
Ба сӯйи имкониятҳои баробар ва ҷомеаи одилона!
Муҳаммадҷон ВАЛИЕВ,
Ойдин АБДУЛЛАЕВА,
номзадҳо барои депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, ки аз ҲСД «Адолат» пешниҳод шудаанд.