БИЁЕД, ЭЙ РАФИҚОН, ДАРС ХОНЕМ!

Ин даъвати устоди бузург, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ба ҳар як фарди тоҷик ошност.

Мактабу маориф дар ҳамаи давру замон ҳамчун маскани асосии донишандӯзӣ маҳсуб ёфта, хушбахтона, ин рисолати худро дар замони истиқлол боз дар шакли муназзаму доманфарох ва дар биноҳои замонавии муҷаҳҳаз самарабахш анҷом медиҳад. Зеро маҳз тавассути фаъолияти муассисаҳои таълимӣ фарзандони мардум хату савод мебароранд, илмнок ва соҳиби касбу кор мешаванд.   

Омӯзгорони ноҳияи Сӯх дар ин росто босамар меҳнат намуда, дар бобати таълиму тарбияи фарзандони мардум ба дастовардҳо низ муваффақ мешаванд. Аҳли мактабу маорифи ноҳия Рӯзи омӯзгорон ва мураббиёнро бо дастовезҳо муносиб истиқбол гирифтанд. Дар тамоми муассисаҳои таҳти тасарруфи шуъбаи таълими томактабӣ ва  мактабии ноҳия бахшида ба иди касбӣ чорабиниҳои маънавию маърифатӣ баргузор шуданд. Як қатор пешқадамон бо «Ифтихорнома» ва мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.  
Ногуфта намонад, ки чанде муқаддам зимни ташриф ва дидору мулоқоти вазири таълими томактабӣ ва мактабии ҷумҳурӣ Ҳилола Умарова бо ходимони соҳаи таълими ноҳия як гурӯҳ фидоиёни соҳа бо нишонҳои сарисинагӣ сарфароз гардиданд. 
Ҳоло дар ноҳия 33 мактаби таҳсилоти умумӣ (5-тои он мактаби тахассусии давлатист), 29 ташкилоти таълимии томактабӣ ва 39 кӯдакистони оилавӣ  фаъолият доранд. Бино ба ҳолати оғози соли таҳсили 2024-2025 дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия 17 ҳазору 929 нафар донишомӯзон таҳсил мегиранд.
Таълим дар мактабҳо ба ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ сурат мегирад. Дар 14 мактаб таълим танҳо ба забони тоҷикӣ, дар 15 мактаб таълим ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст. Дар як мактаб таълим ба забони ӯзбекӣ ҷараён дорад, ки дар он бештар фарзандони афсарону сарбозони қисмҳои марзбонӣ таҳсил мекунанд. 
Дар соли таҳсили 2023-2024 муассисаҳои таълими ҳамагонии моро 1222 нафар хатм намуданд. 279 нафар, яъне 23 дарсади онҳо ба мактабҳои олӣ дохил шуданд. 
Инчунин донишомӯзони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъол ширкат мекунанд ва ҷойҳои ифтихориро ба даст меоваранд. Соли равон шогирди мактаби таҳсилоти умумии рақами 28 Шодиёна Собирҷонова дар зинаи ҷумҳурии олимпиадаи фаннӣ аз «Забон ва адабиёти тоҷик» сазовори ҷойи дуюм гардид ва ҳоло муҳассили Донишгоҳи давлатии Фарғона мебошад. 
Дар ибтидо қайд намудем, ки дар ноҳия ташкилотҳои таълими томактабии давлативу ғайридавлатӣ фаъолият доранд. Дар онҳо 6934 нафар кӯдакони аз 3 то 7-сола бо таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳаҷми умумии фарогирӣ 63,7 дарсадро ташкил мекунад. Аз ин рӯ, ҳоло дар ин самт корҳои зиёд барномарезӣ шудаанд. 

Фозилҷон МИРЗОЕВ,
мудири шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии 
ноҳияи Сӯх.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: