«ҲАР ҶО, КИ РАВӣ, ПИСАНД ОӢ...»

Аҳли деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ки то имрӯз дар хоку оби муқаддаси он фарзандони шоиста ба камол мерасанд, аз чунин нафарони фариштахӯ, аҳли илму маънавият ифтихор доранд ва аз ҷумлаи чунин ашхос муаллимаи азизу арҷманд Мусаллама Холиқова мебошад.

 Мусаллама омӯзгори асил, зани  вафодору эҷодкор, модари ғамхор. Қалбаш саршори меҳру садоқат нисбат ба Ватани маҳбуб, касби пуршараф аст ва шогирдон аз ҳар як дарс  ва суҳбати хирадмандонааш ғизои маънавӣ мегиранд. Ҳар каломаш, ҳар нигоҳ, ҳар навозишу сарзанишаш барои шогирдон таконе ба дунёи пурмаонист. Фидокорӣ дар роҳи илм, машаққати бепоён, масъулиятшиносӣ ва меҳру муҳаббати зиёд нисбат  ба омӯзгорону хонандагон  шиори зиндагии ӯст. Муаллима чун фидоии роҳи маориф ва фарҳангу маърифат шинохта шудааст.
Ҳаёту фаъолияташ намунаи ибрат ба ҷавонон. 
Ӯ дар мактаби рақами 17-уми шаҳри Душанбе маълумоти миёна ва дар факултаи забону адабиёт ва рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маълумоти олиро гирифтааст. Аз соли 1991 ба кори омӯзгорӣ дар мактаби миёнаи рақами 23-юми шаҳри Душанбе оғоз кардааст. Аз соли 1994 то имрӯз бо сари баланду ифтихори бепоён дар мактаби номдори рақами 27-уми ба номи Муталиб Ҷӯраев кору фаъолият намудааст. 
Шогирдони эшон дар даври минтақавию шаҳрии олимпиадаи мактаббачагон сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд. Ҳамаи ташкилотчигиву пешқадамии муаллимаро ба инобат гирифта, ӯро соли 2012 директори мактаб интихоб менамоянд ва муаллима то соли 2016 ин вазифаи пурмасъулиятро иҷро мекунад. Хидматҳояшро ба назар гирифта бо нишони «Аълочии маориф ва илм» қадршиносӣ гардидааст. 
Муаллима бо шавҳари дилёбу оилапарвараш зиндагии осуда дорад, соҳиби 2 фарзанд ва 5 набераи дӯстрӯяк мебошад.  
Волидонаш аз Самарқанди қадим ва навбунёд буда, имрӯзҳо хоҳарону бародаронаш он ҷо зиндагӣ мекунанд. Модари меҳрубонаш апаи Анорхол ҳамеша дуогӯйи онҳост. – Тақдир ва насибаи ду духтарам – Мусалламу Моҳира дар Тоҷикистон будааст. Рӯзҳои душворро аз сар гузарондам, ба дидори онҳо зор будам, шабҳо болинам аз ашкҳои пазмонӣ тар мешуд. Барои иштирок дар тӯю маъракаҳои ҳамдигар моҳҳо ҳуҷҷат пур мекардем. Худованд оҳи ман барин модарони аз фарзандашон дурро шунид. Инсондӯстии роҳбарони ду кишвар буд, ки гузаргоҳҳоямон боз гардиданд ва ана имрӯз бемонеа, бе душворӣ бо фарзандону қарибонамон зуд-зуд дидорбинӣ мекунем, – бо шукронаҳои зиёд мегӯяд апаи Анорхол. 
Ва ин буд, ки тарбияи хубу сазоворро Мусаллама аз хонаводаи гиромиаш гирифтааст, анъанаи хуби онҳоро дар гӯшаи Чоркӯҳ дар хонадонаш ҷорӣ намуда, фарзандони некро тарбия кардааст. Ба муаллима сари таъзим фуруд меорам ва самимона дар ин рӯзҳо, ки иди касбии омӯзгорон буд, барояш тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям. Орзу дорам, ки сафи бонувони боадабу боиффат ва бофарҳанге чун Мусаллама афзун гардад.
Тамоми омӯзгорони фидоии кишвари ҳамсоя – Ӯзбекистонро бо иди гузашта табрику таҳният мегӯем ва ба онҳо дар касби пуршарафи омӯзгорӣ, тарбияи насли наврас бурдбориҳо хоҳонем. Шамсиддини Шоҳин фармудааст:
Зинҳор ба ҳирфати 
падар кӯш,
Бар дидаи мардум
 аз ҳунар ҷӯш.
Оини хирад ба даст овар,
Моҳии ҳунар ба 
шаст овар.
Ҳар ҷо, ки равӣ,
 писанд оӣ,
Пеши ҳама 
сарбаланд оӣ.

Абдураҳмон АВЕЗОВ, муовини директори мактаби миёнаи рақами 27-уми шаҳри Исфараи Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: