Бо ташаббуси садорати вилоятии вазорати таълими олӣ, фан ва инноватсияи ҷумҳурӣ ҳафтаи «Қадршиносии устодон» роҳандозӣ шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин садорат маълумот ироа намуд. Пеш аз таҷлили Рӯзи омӯзгорону мураббиён зиёрати устодони собиқадор, ки солҳои тӯлонӣ дар ин росто заҳмат кашида, шогирдони зиёд тарбия намудаанд ва ҳоло даври пирӣ меронанд, кори хайру савоб мебошад.
Ба ин муносибат дар муассисаҳои таълими олии вилоят ва як қатор таълимгоҳҳои дигар чорабиниҳои гуногун, мисли «Вохӯрии се насл», инчунин суҳбату мулоқотҳои доманфарохи устодону донишҷӯён ва толибилмони коллеҷҳову техникумҳо ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳар як чорабинӣ хеле ҷолибу хотирмон ташкил шуд.
Яке аз чунин чорабиниҳо дар ноҳияи Ёзёвон оғоз ёфт. Дар ин ноҳия масъулини садорат ба хонаи омӯзгорон — устодони омӯзишгоҳи касбӣ-техникии раками 2-юм омада, онҳоро бо идашон табрику таҳният намуданд ва барояшон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Маъмурияти омӯзишгоҳ баъди ин мулоқоти хотирмон эстафетаро ба даст гирифта, ваъда доданд, ки дар арафаи рӯзҳои иду санаҳои таърихӣ аз вазъи зиёда аз 60 нафар омӯзгорони собиқадоре бохабар хоҳанд шуд, ки дар ин муассисаи таълимӣ ва касбӣ солҳои дароз кор кардаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.