Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чек»-и ноҳияи Тошлоқи вилояти Фарғона бинои иловагии мактаби таълими умумии рақами 26 ба истифода супорида шуд. Барои бунёди бинои нав, ки баҳри 420 нафар донишомӯз пешбинӣ шудааст, 5 миллиард сӯм сарф гардид.

Мактаб мувофиқи талаби замон тармиму таҷдид гардида, дар он барои таълими босифат гирифтани хонандагон шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Бояд гуфт, ки бинои куҳнаи мактаби мазкур соли 1972 сохта шуда, дорои 320 ҷойи нишаст буд. Аз сохта шудани бинои изофавӣ ва таъмир гардидани бинои куҳна, хурсандии хонандагон, падару модарон ва омӯзгорони мактаб ҳадду канор надорад.

Сурати ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: