ё худ чаро забони модариро намепарастем?
Дар майдончаи назди мактаби рақами 30-юми ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ рӯйи курсии зери дарахти зардолу нишаста будам. Занги баромад аз дарс садо дод.Толибилмон гурӯҳ-гурӯҳ берун омаданд. Писарбачаҳои синфи сеюми мактаб аз ман каме дуртар машғули суҳбат шуданд. Бараъло ба гӯш мерасид, ки мавзӯи суҳбати онҳо доири натиҷаҳои бадастовардаи варзишгарони ӯзбекистонӣ дар Олимпиадаи Париж-24 идома дошт. Аз муваффақиятҳои варзишгарон шодии онҳоро интиҳо набуд. Диққати маро забон ва тарзи баёни онҳо ба сӯйи худ кашид.
– Баҳодур «олтин» гирифт.
– Боксёрони Ӯзбекистон панҷто «олтин» гирифтанд. Диёра ҳам аз гуштингирӣ «олтин» гирифт...
Дар тадбири «Занги аввал» ва «Иди дониш» низ иштирок карда будам. Аз 13 нафар толибилмоне, ки ба синфи якум омадаанд, панҷ нафар, ки ба кӯдакистон нарафтаанд, ба забони тоҷикӣ шеър қироат карданд.
Ин ҳолатро дида, тааҷҷубам афзуд. Таълиму тарбия дар мактаб ба забони тоҷикӣ пеш бурда мешавад. Аҳолӣ саросар тоҷик аст. Дар деҳа касе ба забони дигар муошират намекунад, агар меҳмони бегонае аз ҷойи дигар омада набошад.
Чор-панҷ нафар омӯзгорон наздам омаданд. Дар суҳбат будем, ки омӯзгори синфи якум Ғиёс Зайниддинов омад. Ғамгин, табъаш хира буд. Салому алейкро як сӯ гузошта, дарду ҳасрат кард: – Ман бо ин хонандагон чӣ хел кор барам. Ба забони тоҷикӣ савол диҳам, ҷавоб дода наметавонанд.
Ҳамин лаҳза гӯшаки мобилии Дилмурод Қӯзиев садо дод. Гӯшакро ба даст гирифта гуфт: омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби рақами 43-юми деҳаи ҳамсоя занг мезанад.
– Муаллим, – садо омад аз он ҷониб, – ба синфи якум 23 нафар толибилм омад. Ба саволҳои ман хонандагон ба забони тоҷикӣ ҷавоб дода наметавонанд. Аксарияти онҳо дар кӯдакистон таълиму тарбия гирифтаанд. Маро чӣ маслиҳат медиҳед, аз куҷо корро оғоз бахшам?
Ҳама бо алам ханда кардем, хандаи заҳролуд.
Ханда, ки аз дил
накушояд гиреҳ,
Гиряи бевақт зи он
ханда беҳ.
– Мо ҳам гирди ҳамин муаммо баҳс дорем, – гуфт Дилмурод дар ҷавоб. – Хулосаи баҳсро ба ту низ мерасонам...
Рӯзи дигар ба муассисаи таълими томактабии деҳаи ҳамсоя рафтам. Бинои муассисаи давлатии таълими томактабии рақами 17 тибқи лоиҳа замонавӣ бунёд ёфтааст. Қади роҳи даромадгоҳ бо гулҳо, раставу саҳначаҳои бозӣ хуб таҷҳизонида шудааст. Гурӯҳе дар гӯшаи ҳавлӣ ба забони тоҷикӣ сурудхонӣ доштанд.
Вориди бино шудам. Толор ва хонаҳои таълимиву истироҳатӣ хуб муҷаҳҳазанд.
Мудири муассиса Расул Расуловро дар коргоҳаш пайдо кардам. Маълумоти олӣ дорад ӯ, вале шахси камгап аст. Соли гузашта низ бо Р. Расулов суҳбат кардаам доири обуна ба «Овози тоҷик». Дар наздам ба ду нусхаи газетае обуна шуду ба «Овозӣ тоҷик» на! Зимни суҳбат суолаш додам: Оё ҳамаи кормандони муассиса медонанд, ки дар Ӯзбекистон кадом маҷаллаву рӯзномаҳо ба забони тоҷикӣ чоп мешаванд? «Овози тоҷик» ва «Ховар»-ро ном гирифт. Суолро такрор намудам. – На, намедонанд ҳама, – посух дод ӯ.
Ба суҳбати мо роҳбари гурӯҳи услубшиносӣ ҳамроҳ шуд. Бонуи сухандон будааст. Аз набудани дастурҳо ва китобҳои бачагона ба забони тоҷикӣ сухан пеш овард. Илова намуд, ки Бахтиёр Раҳимов аз шаҳри Хуҷанд даҳ дона китобҳои бадеии бачагонаро овардааст. Таъкид дошт, ки соатҳои таълимӣ ба забони тоҷикӣ гузаронида мешаванд, мавзӯъҳоро дар журнали гурӯҳ ба забони давлатӣ бо алифбои кирилӣ қайд мекунем.
– Магар тарҷимаи нақшаҳо ба забони тоҷикӣ имкон надорад? Оё бо ду мактаб, ки дастпарварони шумо толибилмони он мактабҳо мешаванд, ҳамкорӣ доред? – суолаш додам.
– На, ин раванд хуб ба роҳ монда нашудааст, – посух дод Р. Расулов. – Дар ин раванд кор бурда истодаем. Рӯзҳои наздик барномаҳои таълимиву тарбиявиро ба забони тоҷикӣ тарҷума мекунем. Албатта, бо ҳар ду мактаб робитаро қавӣ мегардонем, – ваъда дод мудири муассисаи таълими томактабӣ.
Рӯзи дигар боз ба муассиса рафтам. Варианти электронии китобҳои А. Деҳотӣ «Фирӯзҷон хобидааст» ва М. Миршакар «Ғунчаҳои хандон»-ро ба компутер гузаронидем, то ки тарбиячиён аз онҳо истифода баранд.
Бо тарбиячиёни фаъоли муассисаи таълими томактабӣ Сайёра Муродова ва Шаҳло Ғаффорова мулоқот доштем. Ҳар ду иброз доштанд, ки корҳои таълиму тарбия пурра ба забони тоҷикӣ анҷом дода мешаванд. Вале ба таълиму тарбияи фарзандон падару модарон беэътибор мебошанд.
Бешубҳа, ҳақиқат ин ҷо ниҳон аст. Имрӯз аксар модарони ҷавон барои ором нигоҳ доштани кӯдакони 2-3 сола гӯшакҳои мобилиро васеъ мавриди истифода қарор медиҳанд. Онҳо ягон мултфилм ва ё таронаеро пайдо намуда, пешниҳоди кӯдак мекунанд. Кӯдак бо мароқ онҳоро тамошо мекунад. Аз таъсири манфии гӯшаки мобилӣ на кӯдак огоҳӣ дораду на модарро парвои он. Хомӯшии кӯдак бас аст ӯро. Чун кӯдакони аз сесола боло аз кӯдакистон бармегарданд, назди ҷаҳоннаморо ба «иҷора» мегиранд. Кӯдакони аз сесола боло бисёр шӯху беқароранд. Ин хусусияти кӯдакон модари ҷавонро хуш намеояд. Воситаи асосии ором нигоҳ доштани онҳо боз ҳамон ҷаҳоннамову гӯшаки мобилӣ аст. Онҳо ҳайвонот ва бозиҳои гуногунро бо забони давлатӣ дидаву шунида, дар хотираи худ сабт мекунанд. Ҳангоми суханронӣ ба забони модарӣ истилоҳоти шунидаашонро истифода мебаранд.
Мегӯянд, ки 80 фоизи тарбияи фарзанд марбут ба модар аст. Афсус, аксар модарон муҳимтарин масъулият – тарбияи маънавии фарзандро имрӯз ба зиммаи ҷаҳоннамову гӯшаки мобилӣ во гузоштаанд. Ҷойи «Алла»-и модар ва момоёнро сурудҳои дилхарош гирифтаву ҷойи афсонаву ҳикоёти меҳрпарварро филмҳои мултипликатсионӣ фаро гирифтаанд.
Ба таълиму тарбияи кӯдакон айбдор донистани кормандони кӯдакистон аз рӯйи адолат нест. Нуқсонҳои кори таълиму тарбияи кӯдаконро бештар аз фаъолияти волидон бояд дарёб кард. Аввалан, волидон фаъолияти фарзандро назорат намекунанд. Тамошои мултфилм хуб аст. Аммо ҳар як кор меъёр дорад. Ва ҳар он чӣ ки кӯдакон дидаву мешунаванд, ба забони модарӣ низ тарҷима карда шавад, то кӯдак варианти тоҷикиашро дар хотир нигоҳ дорад. Дар ин сурат забони кӯдакон ба лисони модарӣ низ пухтаву сара мегардад.
Сониян, аксар падару модарони ҷавон ба забони модарӣ равон ҳарф намезананд. Забоне доранд омехтаи калимоти чандин забон. Чунки онҳо ба забони модарӣ китобу рӯзнома намехонанд.
Волидон бояд ба кӯдакони худ қаламу коғаз харид кунанд. Кӯдакон ба расмкашӣ хоҳиши бештар доранд. Харид кардани китобҳои расмдори ранга мувофиқи сол аз манфиат холӣ нест.
Боре бо ҳамроҳии як рафиқам ба бозор рафтем. Наберааш низ ҳамроҳамон буд, ки 4 ё 5 сол дошт. Моро назди растаи китобҳо бурд. Рафиқам ба ӯ албоми расмҳоеро пешниҳод кард, ки рӯйи муқовааш расми зани дӯзанда акс ёфта буд. Кӯдак албомро рӯйи раста гузошт ва худ албомеро интихоб намуд, ки дар он тасвири техникаи гуногуни хоҷагии деҳот акс ёфта буд. Ё имрӯз бозичаҳои зиёде мавҷуданд, ки кӯдаконро ба андешаронӣ водор месозанд. Кӯдакон аз онҳо ҳар гуна асбоб, хонаву бино месозанд. Дар ин замина қобилияти фикрронии худро ташаккул медиҳанд. Агар ин гуна имконот дар хонаҳо муҳайё бошад, кӯдакон ба гӯшаки мобиливу ҷаҳоннамо чун ширеш намечаспанд. Ва ба саломатии худ осеб намерасонанд. Ва агар ҳар якеи онро падару модар ба забони модарӣ шарҳу эзоҳ диҳанд, нур болои нур мегардад.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти НАВОӢ.