Доир ба нақши забон, мавқеъ ва аҳамияти он аз қадимулайём донишмандону мутафаккирон ва аҳли илму адаб ибрози андеша кардаанд, ки дар ин хусус мо бисёр гуфтаему хондаем.
Вале забон то зинда аст, гуфтаҳои бузургон идома меёбад ва ба насли оянда расонда додани он вазифаи ҳар як забондӯсту забоншинос аст.
Забон дар тамоми давраҳои тараққиёти ҳаёти ҷамъиятӣ барои рушду камоли маърифату маънавиёти инсон нақши калон бозидааст ва имрӯз ҳам ин вазифаи боифтихорро бошарафона адо менамояд. Халқе, миллате бе забони ягонаву умумӣ вуҷуд дошта наметавонад ва беҳуда забонро пояи миллат нагуфтаанд.
Адиби барҷастаи доғистонӣ Расул Ғамзатов ба ин маънӣ гуфтааст: «Агар донам, ки пагоҳ забони ман аз байн меравад, дар он сурат тайёрам, ки имрӯз бимирам».
Дар китоби муқаддаси ниёгонамон «Авесто» бузургии сухан таъкид шуда ва дар силсилаи сегонаи ахлоқ (пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек) сухан дар марказ қарор гирифтааст.
Дар ҳамин ҷо бамаврид аст, ки айёми мактабхонии худро, ки ба солҳои 1967-77 рост меояд, ёдовар шавам. Муаллимони забон ва адабиёти тоҷик Ӯзбекбой Рӯзиев, Эсан Муродов (охираташон обод гардад!) ва Абдуназар Набиев доир ба ҳар як мавзӯе, ки аз адабиёт мегузаштанд, бо иштироки хонандагон саҳначаҳо мегузоштанд, ки ин усули дарс хотираи хонандаро қавӣ мегардонд. Аз ҷумла, доир ба «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ, «Духтари оташ»-и Ҷалол Икромӣ ва монанди ин. Дар дарси навбатии адабиёт доир ба аҳамият ва бузургии забон порчаеро аз зиндагиномаи файласуф ва донишманди маъруфи Юнони Қадим Эзопи зиштсурати нексират, ки тавассути ақли расову забони шево рухсатномаи озодӣ аз ғуломиро ба даст овард, рӯи саҳна оварда будем. Хонандае нақши Эзоп ва дигаре нақши Ксанф (яке аз ҳукмдорони Юнони Қадим)-ро бозид. Аз ҷумла, аз он порча намунаеро дар зер меоварем:
«Ксанф: – Акнун чӣ овардӣ?
Эзоп: – Забон.
Ксанф: – Боз забон? Магар ба ту нагуфта будам, ки барои меҳмони ман беҳтарин хӯрокиҳоро биёрӣ? Барои чӣ фақат забон овардӣ? Мехоҳӣ, ки ман масхара шавам?
Эзоп: – Чӣ чиз беҳтар аз забон шуда метавонад? Забон моро ба якдигар муттаҳид мегардонад. Забон калиди донишҳо ва аслиҳаи ҳақиқату хирад аст. Ба воситаи забон шаҳрҳо месозанд, мо ба воситаи забон ишқу муҳаббати худро изҳор менамоем, бо воситаи забон дарс меомӯзанд, ҳақро ба субут мерасонанд, панд мегӯянд, ситоишу ибодат ба ҷо меоранд, гап мефаҳмонанд, месароянд, исбот мекунанд, тасдиқу таъкид менамоянд. Ба воситаи забон лафзҳои «модар», «ёр» ва «Парвардигор»-ро зикр мекунанд. Мо бо воситаи забон «бале» мегӯем. Сардори сипоҳ сарбозонашро ба воситаи забон ба ғалабаву зафар раҳнамоӣ мекунад.
Ксанф (нимхез шуда бо шавқ гап мезанад): – Офарин, офарин, Эзоп! Сухани ҳақ гуфтӣ... Ту ҳақиқатан беҳтарин чизи ҷаҳонро барои мо овардӣ. (Боз як ҳамён пул бароварда барои Эзоп мепартояд). Боз ба бозор рав, ин дафъа бадтарин чизро биёр. Ман ба донишмандии ту боварӣ пайдо кардан мехоҳам...
Эзоп табақи болопӯшидае меорад.
Ксанф: – Ҳоло, ки чӣ будани беҳтарин чизи дунёро фаҳмидем, биё бубинем, ки ба фикри ин маъюби зишт бадтарин чизи дунё чист. (Рӯймолро аз рӯи табақ мебардорад). Забон? (Хашмгинона) Боз забон?... Забон?... Эй кундфаҳм, магар худат нагуфта будӣ, ки забон беҳтарин чизи дунёст? Магар боз шаллоқ хӯрдан мехоҳӣ?
Эзоп: – Забон аз бадтарини чизҳои дунёст. Забон манбаи ҳамаи дасисаву балоҳост, оғози фитнаҳо ва модари тамоми баҳсу ҷанҷолҳост. Забонро шоирони беҳунар беҷо ба кор бурда, боиси озори гӯши мардум мешаванд. Файласуфоне, ки қобилияти тафаккур надоранд, забонбозӣ мекунанд. Забон дурӯғ мебофад, ҳақиқатро пинҳон месозад ва дурустро нодуруст нишон медиҳад. Забон ғайбат мекунад, ба касон таҳқир меоварад ва буздилона пинҳон мешавад. Забон барои садақа пурсидан ва гадоӣ кушода мешавад, забон ба мардумон лаънату нафрин мегӯяд, хашму ғазаб зоҳир месозад, тӯҳмат мекунад, мефурӯшад, ҳилаву фиреб ба кор мебарад. Забон хиёнат мекунад, фасод меандозад. Бо воситаи забон ибораҳои «бимир», «бандаву ғулом»-ро ба кор мебарем. Ксанф, ана барои чӣ забон аз бадтарин чизҳои дунё мебошад!»
Ҳукмдор Эзопи забондонро аз ғуломӣ озод карда, тӯҳфаҳои қиматбаҳо месупорад».
Суду зиёни забон барои инсон, пешрафти ҷамъият хеле муҳим аст. Аз ин ҷост, ки бисёр равшанфикрон, бузургони хирад доир ба забон, мавқеи он дар ҷамъият панду андарзҳои зиёде гуфтаанд. Чунончӣ Саъдии бузург фармудааст:
Нахуст андеша кун, он гоҳ гуфтор,
Ки номаҳкам бувад беасл девор.
Сухани беҷо, беҳудаю бемаънӣ ақлро мекоҳонад, шахсро беҳурмату беиззат мегардонад. Сухан чу заҳру позаҳр буда, сеҳри он дармони дардҳост. Ба ин маънӣ Абӯшакури Балхӣ гуфтааст:
Сухан заҳру позаҳру гарм асту сард,
Сухан талху ширину дармони дард.
Фирдавсӣ суханро тоҷи дониш ҳисобида, азбар кардани онро таъкид намудааст:
Шунида суханҳо фаромӯш макун,
Ки тоҷ аст бар фарқи дониш сахун.
Сухан барои соҳирон сеҳру баҳри ҷанговарон шамшер будааст, шоири мумтози мо Мӯъмин Қаноат қудрату сеҳри суханро басо хубу амиқ ба қалам додааст:
Суханро вазну тамкини замин бояд,
Суханро қудрати ҷонофарин бояд...
Суханро сеҳри мурдан,
зинда гардидан,
Хазон дидан, баҳорон боз сабзидан...
Бадриддини Ҳилолӣ низ доир ба қудрату судмандии сухан, барои фарзанд, барои насли оянда панд будани онро таъкид намудааст:
Бишнав сухани маро, ки панд аст,
Панди падар аст, судманд аст.
Саодат БЕКНАЗАРОВА.