Зани силоҳдор чанд нафарро дар таваллудхона ба гарав гирифт

Бинобар ахбори Shot Telegram, дар яке аз бемористони Туркия, зане бо силоҳи шикорӣ чанд нафарро гаравгон гирифтааст.

Дар он қайд мекунад, ки зане бо силоҳ вориди таваллудхона ва шӯъбаи ёрии таъҷилии кӯдаконаи шаҳри Қаҳрамонмарош гардида, кормандони бемористонро гаравгон гирифта, ба таҳдиди беморон шурӯъ кардааст. Ҷолиб он аст, ки ӯ нисбат ба касе ҳеҷ гуна талабе нагузошт.
Ба ҷои ҳодиса хадамоти фавқулодда ва нерӯҳои махсуси Туркия расидаанд. Аммо дар бораи сабаби  ба ин кор даст задани зан, то ҳол маълумот дастрас нест.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: