Макрон: Фиристодани силоҳ ба Исроил боздошта шавад

Боздоштани фиристодани силоҳ ба Исроил вазифаи устувор дар ҳалли сиёсии низоъ аст, гуфт президенти Фаронса Эммануэл Макрон.

Вай фикри худро дар радиои France Inter изҳор дошт, хабар медиҳад rbc.ru.

“Ман фикр мекунам, ки ҳоло вазифаи муҳим ин бозгашт ба созиши сиёсӣ аст. Фиристодани силоҳро барои ҷанг дар Ғазза боздоштан лозим аст”, гуфт ӯ.

Бино ба хабари телевизиони BFMTV, ки дар асоси Қасри Елисей менависад, дар сурати ҷорӣ кардани яроқпартоӣ Париж барои таъмини мудофиаи Тел-Авив интиқоли воситаҳои заруриро давом медиҳад.

Бино ба таъкиди Макрон, сиёсатҳои нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу "хато аст, аз ҷумла барои амнияти Исроил." Президент ҳамчунин дар бораи амалиёти Исроил дар Лубнон гуфт: Мардуми Лубнон набояд қурбон шаванд ва Лубнон набояд ба Ғаззаи нав табдил ёбад”.

Нетаняҳу суханони Макронро "шармандаовар" гуфт. Вай таъкид кард, ки Эрон интиқоли силоҳ ба Ҳусиҳо, Ҳамос ва "намояндагони дигари он"-ро қатъ намекунад, балки "кишварҳое, ки ба ин меҳвари терроризм мухолифанд, эмбаргои силоҳ ба Исроилро талаб мекунанд." Сарвазир гуфт, ки Исроил бо дастгирии шарикони ғарбии худ ё бидуни дастгирии онҳо пирӯз хоҳад шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: