Дар бахши физиология ва тиб киҳо ҷоизаи Нобел гирифтанд?

Дар Стокҳолм барандагони ҷоизаи Нобел дар бахши физиология ва тиб дар соли 2024 эълон гардид.

Онҳо олимони амрикоӣ Виктор Амброз ва Ҷерри Равкан мебошанд. Тибқи хабар саҳифаи ҷоиза дар шабакаҳои иҷтимоӣ  онҳо барои кашфи молекулаи микроРНК ва нақши он дар танзими пас аз транскрипсияи генҳо эътироф карда шуданд.

Кумитаи Нобел гуфт, ки олимон "синфи нави молекулаҳои хурди РНК - микроРНК-ро, ки дар танзими генҳо нақши ҳалкунанда доранд, кашф карданд". Дар изҳорот гуфта мешавад, ки кашфиёти Амброз ва Равкан "принсипи комилан нави танзими генҳоро ошкор мекунад, ки барои организмҳои бисёрҳуҷайравӣ, аз ҷумла одамон, муҳим аст", гуфта мешавад дар баёнот.

Ҷоизаро Ассамблеяи Нобелии Донишкадаи Каролинска дар Стокҳолм, яке аз калонтарин марказҳои тиббии Аврупо тақдим мекунад, хабар медиҳад mir24.tv.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: