Президенти Ӯзбекистон ба Қонун «Дар бораи бархӯрди манфиатҳо» имзо гузошт.
Қонун ҳаҷман хурд бошад ҳам, барои ривоҷу равнақи давлату ҷамъият аҳамияти калон дорад.
Мафҳуми бархӯрди манфиатҳо дар қонунгузории миллӣ бори аввал соли 2017 дар моддаи 3-юми қонун «Дар бораи мубориза алайҳи ришвахӯрӣ» шарҳу тавзеҳ ёфтааст.
Дар он манфиатдории шахсӣ (бевосита ё билвосита) дар идораву муассисаҳо ҳангоми вазифа аз мансаб сӯистифода намудан, то андозае коста гардидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо ва дар натиҷа миёни ҷамъияту давлат ихтилофҳо рӯй дода, бархӯрди манфиатҳоро ба миён овардан ва ё хавфи эҳтимоли ба вуқӯъ пайвастани он гуфта шудааст.
Ҳадаф ва ғояи асосии қонуни нав бо он аҳамиятнок аст, ки манфиатҳои ҷамъияту давлат ҳамеша аз манофеи шахсӣ боло меистад. Он барои ба ҷо овардани хидматҳо дар роҳи тараққиёти кишвар ба барҳам додани сӯистифода аз ҷоҳу мансаб ва дар ин росто роҳ надодан ба муносибатҳои хешутаборӣ нигаронида шудааст.
Роҳ надодан ба муносибатҳои хешутаборӣ, яъне дар зери дасти якдигар кор кардани онҳо ҳангоми харидҳои давлатӣ ва ба ҳамин монанд ҳолатҳо талқин карда мешавад.
Дар ин гуна ҳолатҳо қонун маҳдудкунӣ ва чораҳои зарурӣ пешбинӣ намудааст.
Чунончи, агар дар ягон муассиса ва ё ташкилоти давлатӣ якчанд нафар аз як авлод кор кунанд ва бештари онҳо дар зердасти шахси роҳбарикунанда қарор дошта бошанд, дар ин гуна ҳолатҳо мувофиқи қонуни нав бояд аз ин хусус тавассути хабарнома маълум карда шавад. Ба тарзи одӣ бигӯем, роҳбари муассиса бояд зердастони хешутабори худро аз кор сабукдӯш кунад.
Вагарна ин ба вайроншавии қонун ва ҷавобгарӣ оварда мерасонад.
Мувофиқи қарори Президент «Дар бораи чораву тадбирҳои босамар ба амал татбиқ намудани «Қонун дар бораи бархӯрди манфиатҳо» то 1-уми июли соли 2024 рӯйихати ташкилотҳое, ки қонунро ба амал татбиқ менамоянд, мураттаб карда шудааст.
Шахсоне, ки ба вайрон намудани қонун даст мезананд, тибқи моддаҳои дахлдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин чиз хосса дар моддаи 29 - уми қонун ифодаи худро ёфтааст. Бо ин қонун ба кодекси ҷавобгарӣ моддаи нави 193-4 зам гардид. Дар моддаи нави қонуни мазкур дар назар дошта шудааст, ки барои вайрон намудани талабҳои «Қонун дар бораи бархӯрди манфиатҳо» ҷавобгарии маъмурӣ мавҷуд аст. Дар он вобаста ба ҳолатҳо ва миқдори зарари молиявӣ аз 10 то 30 баробари ҳадди ақал ситонидани ҷарима пешбинӣ карда шудааст.
Дар сурати ба давлат зарари молиявӣ расонидан, ин зарарро худи шахсе, ки ба бархӯрди манфиатҳо роҳ додааст, пардохт менамояд.
Ойбек ЙӮЛДОШЕВ,
сардори шӯъбаи адлияи ноҳияи Фориш.