МИССИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ НАВОӢ

Нозирони Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари (ДНДҲБ) Ташкилоти бехатарӣ ва ҳамкории Аврупо (САҲА) Свитил Павел ва Сковбо Стиг барои шиносоӣ бо муҳити маъракаи пешазинтихоботӣ ба вилояти Навоӣ ташриф оварданд.

Нозирони байналмилалӣ дар комиссияи ҳудудии интихоботӣ бо фаъолияти кории аъзоёни комиссия ва шароиту имконоти Маркази матбуоти он шинос шуданд.

Зимни мулоқот раиси Комиссияи ҳудудии интихобот Шуҳрат Ҷӯраев дар асоси «Консепсияи ташкили такмили ихтисоси аъзоёни комиссияҳои интихобот»-и КМИ дар бораи ташкили ҷараёнҳои таълим, ташаккули дониш ва маҳорати корбарӣ бо технологияҳои замонавии ахбор, ташаккули маданияти ҳуқуқии аъзоёни комиссия муфассал маълумот дод. 
Мушоҳидон бо фаъолияти ҳавзаҳои интихоботии вилояти Навоӣ шинос мешаванд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: