Илму техника имрӯз бо суръат рушд меёбад.
Татбиқи дастовардҳои технологияи нав дар истеҳсолот сифат ва самаранокии маҳсулотро афзун гардонида, душвориҳои меҳнати дастии пурмашаққати инсонро бартараф мекунад. Мардум аз кори “сиёҳ” раҳоӣ ёфта, фаровонӣ ва осудагии ҳаёт таъмин мешавад.
Ин комёбии беназир дар фаъолияти пахтакорони кишвар низ ба мушоҳида мерасад. Пахтакорони ноҳияи Навбаҳори вилояти Навоӣ аз пешрафт ва татбиқи дастовардҳои илму техника дар ғунучини пахта бархурдоранд.
То соли 2023 ҳамагӣ як мошини пахтачини истеҳсоли Чин “Boshiran 4MZ – 4B” мавҷуд буд. Давоми соли 2023 тибқи лизинг бо қарзҳои бонкӣ 10 мошини пахтачини истеҳсоли ватанӣ CASE CE – 220, ки дар як вақт пахтаи ду қаторро мечинад, мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 2024 ба ноҳия 1 мошини пахтачинии истеҳсоли ИМА “JOHN DEERE CP 570” ва ду мошини истеҳсоли Чин “Boshiran 4 MZ - 4B” оварда шуд. Ин мошинҳо дар як вақт пахтаи 4 қаторро ғунучин мекунанд.
Мошини “JOHN DEERE CP 570”, ки аз ҷониби ҶММ “Текстил Навбаҳор” харид шудааст, афзалият ва самаранокии бештар дорад. Бо мошини мазкур дар як шабонарӯз пахтаи 40 гектар замин ғунучин шуда, ҳосили чидашуда дар ҳолати тайёр той карда мешавад.
Имрӯз дар ноҳия 14 мошини пахтачин мавҷуд буда, деҳқононро аз меҳнати дастии пурмашаққат раҳоӣ бахшидааст.
Ӯзбакбойи РАҲМОН,
хабарнигори “Овози тоҷик”.
Вилояти НАВОӢ.