СЕМИНАР ОИДИ КИШТИ ҒАЛЛА

Кормандони соҳаи агросаноати ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон ҳар як дақиқаи рӯзҳои офтобии тирамоҳро ғанимат дониста, ба кишти ҳосили ғаллаи соли оянда бо ғайрати дучанд шурӯъ намудаанд.

Чанде пеш бахшида ба ин чорабинии мавсимии агротехникӣ дар хоҷагии фермерии “Сахий Саид барака” семинар баргузор гардид. 
Дар семинар ҷонишини раиси хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ ва соҳибони қитъаи замини наздиҳавлии ҷумҳурӣ Шуҳрат Тешаев, сардори раёсати хоҷагии қишлоқи вилоят Нуршод Худойбердиев, роҳбарони секторҳо ва мутасаддиёни хоҷагиҳои фермерии ноҳия иштирок намуданд. 
Ба сухан баромадагон оиди ташкили муташаккилонаи  корҳои киштукор, истифодаи оқилонаи техника, нуриҳои минералӣ,  ҳамчунин истифодаи сарфакоронаи захираи об, ташкили истироҳату меҳнати механизаторон таклифу мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Пешбинӣ шудааст, ки тирамоҳи соли ҷорӣ дар мавсими киштукор дар 6145 гектар майдон кишти ғалладона ба сомон расонида мешавад. Имрӯзҳо дар ҳамаи хоҷагиҳои фермерӣ киштукор бо суръати баланд  идома дорад. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори “Овози тоҷик” 
дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: