Дар Барномаи пешазинтихоботии Ҷунбиши соҳибкорон ва корчаллонҳо – Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон дар самтҳои зикршуда низ ташаббус ва таклифҳои хеле муҳим пеш гузошта шудаанд.
Тӯли ҳафт соли охир бо ташаббуси роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон даврони нави Эҳё, яъне бунёди асоси Эҳёи Сеюм ба сифати вазифаи стратегӣ муайян гардида, ислоҳоти васеъмиқёси таърихӣ ва навгониҳо татбиқ мегарданд. Дар маркази ислоҳоти тамоми соҳаҳо, ки бо шиддат амалӣ мешаванд, инсон ва қадри ӯ мавқеи муҳим дорад. Зеро танҳо, вақте ки инсон дар шароити муносиб таълиму тарбия мегираду ҳаёти фаровон дорад, ҳамоҳангии ҷамъият ва давлат мунтазам таъмин хоҳад шуд.
Дар Сарқонуни навшудаамон «давлати иҷтимоӣ» эълон гардидани Ӯзбекистон ва се баробар афзудани ӯҳдадориҳои соҳаи мазкур барои ҳар як нируи сиёсӣ харитаи ба худ хоси амалиёт ба шумор меравад.
Ҳизби либераливу демократии Ӯзбекистон бар он аст, ки ҳанӯз масъалаҳои ҳаллу фасли худро интизор мавҷуданд ва аз рӯйи онҳо дар доираи барномаи пешазинтихоботии худ ба эътибори электорати хеш як қатор ғоя ва лоиҳаҳои истиқболнокро тақдим месозад.
Саъй барои афзудани маърифати ҷамъият – мақсади устувор
Даъвати пурмаънии маорифпарвари бузург Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ «Ба ворисони худ танҳо илми имрӯзро не, балки дониши замони ояндаро низ омӯзонед», табиист, ки барои ислоҳоти самти таълими ҳизби мо ҳамчун мино хидмат мекунад.
ҲЛДӮз ислоҳоти муҳимро дар ин соҳа қатъиян дастгирӣ намуда, ба пурра таъмин кардани эҳтиёҷот нисбати таълими томактабӣ кафолат медиҳад. Дар ин бобат дар навбати аввал ташкилотҳои таълими томактабии шарикии давлативу хусусӣ ва ғайридавлатӣ дастгирӣ карда мешаванд. Мо бинобар пешрафти таълим ва зеҳни интеллектуалӣ ба сафи кишварҳои пешқадами дунё ворид шудани Ӯзбекистони Навро зарур мешуморем.
Солҳои минбаъда ҷорӣ кардани Барномаи давлатии рушди мактабҳо дар маркази эътибори ҲЛДӮз қарор хоҳад дошт. Чун наҷот дар илм ва маърифат аст, мо то соли 2030-юм фароҳам овардани 2,5 миллион ҷойи нави хонанда, куллан беҳтар кардани сифати таълимро аз вазифаҳои рӯзмарраи худ медонем. Зеро алҳол миқдори аҳолии мамлакати мо сол аз сол зиёд мегардад, мувофиқи он шумораи бачагони синну соли мактабӣ низ меафзояд.
Масъалаи хатмкунандагони мактаб ҳамеша дар маркази диққати мо қарор хоҳад дошт, мо барои соҳибкасб шудани онҳо фаъолона кор мебарем. Аз ин нуқтаи назар барои ба 50 фоиз расондани бо таълими олӣ фаро гирифтани хатмкунандагон тамоми чораҳоро сафарбар месозем. Ин ҷиҳат, дар навбати худ барои нафақат дар донишгоҳҳои бонуфузи кишварамон, балки дар мактабҳои машҳури хориҷӣ таълим гирифтани онҳо имконияти мусоид фароҳам меоварад.
Мақсади мо ба кишвари дорои маданият ва маънавияти баланд, мамлакати сокинонаш озоду хушбахт табдил додани Ӯзбекистони Нав мебошад, барои ба амал татбиқ сохтани он тамоми иқтидор ва имкониятҳои худро сафарбар менамоем.
Ақли солим дар ҷисми солим ё худ кафолати таъмин намудани тибби комил
Мо бояд ҷиҳати ба амал татбиқ кардани тамоми имкониятҳо барои дар байни аҳолӣ қатъиян коҳиш додани беморӣ, фаъолона ҷорӣ кардани тарзи ҳаёти солим, ба 78 сол расондани давомияти миёнаи умр ва ғайра пурра истифода бубарем.
Бинобар ҳамин ҳам ҲЛДӮз дар панҷ соли оянда 2 баробар зиёд кардани ҳаҷми маблағи солонаи аз буҷа ба соҳаи тибб ҷудошаванда, яъне ба 6 миллиард доллар расондани онро ба сифати яке аз мақсадҳои асосии худ муайян кардааст. Дар ин бобат ба профилактикаи бемориҳо эътибори асосӣ дода мешавад.
Ҳадди ақалл 2 баробар коҳиш додани фавти модару кӯдак, бемориҳои ирсии кӯдакон, 2,5 баробар кам кардани фавти бармаҳал бинобар бемориҳои саратон, рагҳои хунгузори дил, диабети қанд тамоми иқтидори худро сафарбар мекунем.
Мо ба мақсади коҳиш додани бемориҳои онкологии байни занону духтарон барои занони солашон аз 40 зиёд аз назорати даврии тиббӣ гузаштанро ҷорӣ менамоем. Ҳизб барои роҳ надодан ба гузаштани муҳлати беморӣ ва авҷ гирифтани он коркарди асосҳои ҳуқуқии кумаки кафолатноки ройгон ва ҳаҷми дақиқи он фаъолона кор мебарад.
Алҳол худи замон тақозо дорад, ки мо ба низоми суғуртаи тиббӣ гузарем, ки аллакай дар тиббиёти хориҷа самараи мусбат медиҳад. Мо коркарди лоиҳаи қонуни «Дар бораи суғуртаи тиббӣ»-ро метезонем. Баробари суғуртаи давлатии тиббӣ ҷорӣ кардани суғуртаи ғайридавлатии тиббиро муҳим медонем ва онро ба сифати ташаббуси рӯзмарра пеш мегузорем. Бад-ин тарз саҳми сектори хусусӣ дар тиб ба 25 фоиз расонида хоҳад шуд.
ҲЛДӮз ба сифати неруи сиёсии дастгирикунандаи сектори хусусӣ ба муассисаҳои тиббии ғайридавлатӣ барои таъмин сохтани ҳаёти осоишта, сиҳатмандӣ ва ҳолати санитариву эпедимиологии аҳолӣ ғайр аз фаъолияти тиббии вобаста ба дараҷаи хатарнокӣ ҷорӣ намудани тамоми хидматҳои тиббӣ, тартиби беш аз пеш содатар кардани рухсат ва литсензиядиҳӣ барои татбиқ кардани амалиётҳои мураккаби ҷарроҳиро таклиф менамояд.
Дар ин маврид маҷбурем, ки ғояи зерини Ҳизби сотсиал-демократии «Адолат»-ро ба сифати таклифи нобаҷо танқид кунем. Ба фикри онҳо барои ба манбаи даромад табдил наёфтани тиббиёт муассисаҳои ғайридавлатии тиббӣ аз «ташкилоти тиҷоратӣ» бояд ба муассисаи ғайритиҷоратӣ гузаронида шаванд.
Ба ин фикр наметавон ҳамроҳ шуд. Зеро тибби хусусӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ сифат ва рушди рақобатро таъмин месозад. Тиббиёти хусусӣ хидмати муқобил ба хидмати давлатии тиббӣ буда, он бори муассисаҳои давлатии тиббиро кам мекунад ва ба сарфа гардидани харҷҳои буҷа сабаб мегардад.
Яъне, ба шакли ғайритиҷоратӣ гузаронидани тиббиёти хусусӣ ба афзудани бори муассисаҳои давлатии тиббӣ ва боиси аз байн рафтани сифати хидмат мегардад. Дар натиҷа халқамон аз он зарар мебинад.
«Ҳар як оила бояд соҳиби хонаи худ бошад!»
Мақсади мо солҳои оянда дар соҳаи сохтмони манзилҳои иловагии истиқоматӣ ҷудо кардани 15 миллиард доллар маблағ ва бунёди 1 миллион манзил мебошад. Дар мавқеи худ ва мувофиқи мақсад истифода бурдани маблағи ҷудогардида низ хеле муҳим аст. Ҳизби мо барои хушсохту зебо ва ба заминларза тобовар сохтани ин манзилҳо эътибори бузург хоҳад дод.
Мо низоми ба аҳолӣ додани вомҳои имтиёзноку дарозмуҳлатро мураттаб ба роҳ мегузорем. Ҳамчунин ба шаҳрвандоне, ки манзилҳои нав харид мекунанд, низоми баргардондани нисфи андози қимати иловашударо ҷорӣ менамоем. Ин ҷиҳат барои ҳаллу фасли масъалаҳои таъмин сохтани оилаҳо бо манзил қадами муҳим хоҳад шуд.
Қадри инсон, ҳифзи иҷтимоии ӯ – мақсади асосӣ
ҲЛДӮз дар асоси тамоюли «Ӯзбекистони Нав – давлати иҷтимоӣ» барои беҳтар кардани сифати хидматҳо ва коҳиш додани нодорӣ чораву тадбирҳои заруриро татбиқ менамояд. Аз ин нуқтаи назар мо мехоҳем ба се баробар кам кардани андози даромади музди меҳнати шаҳрвандоне, ки маош мегиранд, муваффақ шавем. Саъю ҳаракатҳои мо ба зиёд шудани даромади оилавии аҳолӣ ва дар натиҷа беҳтар шудани дараҷаи ҳаёти онҳо хидмат хоҳад кард.
Мо эътироф менамоем, ки қадри ҳаёти ҳар як инсон баланд аст, ҷараёни муайян кардани маъюбиро содатар мекунем, ба бесарусомонӣ роҳ намедиҳем. Мо аз тариқи низоми электронӣ гирифтани маълумот оид ба беморро барои комиссияҳои экспертии тиббиву иҷтимоӣ ва аз тариқи электронӣ расмӣ кардани онро зарур меҳисобем. Аз тариқи электронӣ гирифтани маълумот ва аз тариқи электронӣ расмикунонии он ба коҳиш додани омили инсонӣ хидмат мекунад.
Эътибор ба соҳибони ояндаи мо – манзилро наздик мекунад
Ҳизби мо барои ба ҷавонон фароҳам овардани ҷойҳои манфиатовари корӣ ва аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кардани фаъолияти соҳибкорӣ корҳои мунтазамро татбиқ менамояд.
Мо низоми ба ҷавонон омӯзондани касбҳои замонавиро куллан аз нав дида мебароем ва дар асоси супориши корхонаҳо амалиёти ба касб омодакуниро ҷорӣ мекунем. Ба ин тариқ саъй менамоем, ки самарабахшии корҳои коркарди ҷараёни тайёркуниро баланд бардорем. Ҳамчунин бо ташаббуси ҳизб дар ҳар як вилоят ҳадди ақалл дар 100 гектар замин «Маркази иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон» ташкил карда мешавад ва марказҳои мазкур воқеан барои ҷавонон чун «фабрикаи лоиҳаҳо» хидмат мекунанд.
Мо барои ҷавононе, ки ба соҳаи соҳибкорӣ иқдом кардаанд, имконияти васеъ намудани хидматҳои микромолия ва истифода аз воситаҳои молиявии замонавиро фароҳам меоварем. Ҳамчунин барои ҷавононе, ки тиҷорати худро дар бинои ба иҷора гирифта оғоз карданд, механизми дар давоми як сол сарпур сохтани 50 фоизи хароҷоти иҷораро ҷорӣ мекунем.
Барои занону духтарон ва одамони синну солашон бузург тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешаванд
ҲЛДӮз сиёсати дар ҷамъият фаъолтар кардани соҳибкории занонро муттасил идома медиҳад. Аз тариқи эътибори ҷиддӣ ба меҳнати масофавӣ ва соҳибкории рақамии бонувон 2 баробар кам кардани дараҷаи бекории байни занон мақсади асосии мост.
Барои ба занони бинобар таваллуд ба таътил баромада ҷорӣ кардани низоми кори онлайн асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда мешаванд. Мо дар ин бобат муттасил кор мебарем. Барои ҳамаҷониба дастгирӣ намудани занони кӯдакдор, ки дар натиҷаи баста шудани субъектҳои соҳибкорӣ бекор мондаанд, низоми суғуртаи бекориро ҷорӣ мекунем.
Ҳизби мо бобати ҳар сол аз назорати ройгони тиббӣ гузаштан, дар шифохона ва сиҳатгоҳҳо шифо гирифтан ва дар саросари мамлакатамон ташкил кардани саёҳатҳои беш аз се миллион муйсафедони мамлакат кумак мерасонад.
Аз тариқи қабул кардани Қонун «Дар бораи ҳифзи саломатии куҳансолон» мо беш аз пеш ҷорӣ намудани хидматҳои ройгони тиббӣ ва зарурии иҷтимоиро нисбати куҳансолони синнашон аз 70 зиёд пеш мегузорем.
Мо якҷо нируи бузург ҳастем! Иқтидорамон низ дар ваҳдат аст! Барои тараққиёти Ӯзбекистони Нав ҳамватанони муттаҳидшудаамонро даъват менамоем, ки баҳри «Ваъда не, натиҷа, фардо не, имрӯз», ба ҳизбамон овоз диҳанд!
Эркин ЗОҲИДОВ,
Севара УБАЙДУЛЛОЕВА,
номзадҳо ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.