Ҳамеша сафар ба хоки кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон, боздид аз шаҳри ҷавониам – Душанбе, тамошои зодгоҳи Хоҷа Камол – Хуҷанд ва Панҷекати бостонӣ, сайру саёҳат ба минтақаҳои гуногуни вилояти Хатлон ва дидору мулоқотҳои пурфайзу ҷолиб бо ҳамсабақону дӯстони дигар бароям неруи тоза ва рӯҳу тавон мебахшанд.
Ин бор сафари мо ба шаҳри Панҷекат аз меҳмонӣ дар хонаи акои Тӯрабек Муродов оғоз ёфт. Вай солҳои зиёд ба шогирдон дар мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои миёнаи махсус аз кимёву биология сабақ додааст. Ҳамсари ӯ – Юлдуз факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Ӯ духтари Ҳусейн Олчинов, зодаи деҳаи Сариканда аст, ки замоне вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Сӯхро бар дӯш доштаву чанд муддат дар шаҳри Панҷекат низ зиндагиву кор кардааст. Апаи Юлдуз чошт моро бо хӯроки лазиз меҳмондорӣ кард. Баъд ҳамроҳи акои Тӯрабек бо азми зиёрати мақбараи Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба роҳ баромадем.
Қобил ба ёдоварист, ки оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) дар 60 километрӣ аз шаҳри Панҷекат воқеъ гаштааст. Он аз бинои ҳашткунҷаи хиштӣ бо ҳуҷраи якгунбаза иборат буда, дар соли 2008 ба муносибати 1150 солагии шоир куллан бозсозӣ шудааст.
Лаҳзае хомӯшӣ дар фазои мақбара ҳукмфармо гашт. Ин хомӯширо хониши байтҳои зерини Рӯдакӣ барҳам зад, ки яке аз меҳмонон вирди забон кард. Ҳамаи нишастагон гӯш ба қироати зебои ин байтҳо додем:
Ин ҷаҳонро нигар ба
чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар
ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз
накукорӣ,
Киштие соз, то бад-он
гузарӣ.
Оромгоҳи Рӯдакӣ ғайр аз он ки яке аз зиёратгоҳҳои асосии алоқамандони аҳли адабу фарҳанг аст, ҳамасола сайёҳони зиёди маҳаллӣ ва хориҷӣ низ аз он боздид мекунанд. Табиати зебову хуррам оромгоҳро иҳота намудааст. Арчаҳои сарсабз ва гулбоғи беруни мақбара ба шукӯҳи он шукӯҳу накҳати тоза ато намудаанд.
Баъд аз осорхона аз китобхонаи «Рӯдакӣ» боздид намудем. Дар он роҷеъ ба натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносӣ як қатор ашё ба намоиш гузошта шуда буданд, ки ҳар яки он мазмун ва моҳияти хосеро касб менамуд. Дар девори атрофи осорхона байтҳои дар лавҳаҳо бо хати кирилӣ ва ҳуруфоти арабиасоси форсӣ навишташудаи устод Рӯдакӣ ба чашм зебо метофт. Дар рафҳо китобҳои зиёде гирдоварӣ шудаанд, ки аз намунаҳои осори Одамушшуаро ва китобҳои ба забонҳои гуногуни ҷаҳон таълифшуда, ки ба ҳаёту фаъолияти ӯ бахшида шудаанд, иборат буд.
Баъд худро ба деҳаи Мазори Шариф расонидем, ки зодгоҳи устоди зиндаёд ва шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ мебошад. Боздиди мо аз мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро – донишманди ҳадис оғоз ёфт. Ин мақбара дар байни боғи сабзу хуррам маскан гузидааст. Тавре ки роҳбалад, зодаи ин деҳ – Бобоҷон ба мо нақл намуд, иншооти меъмории мазкур мутааллиқ ба асрҳои XI-XII милодӣ буда, дар гузашта вазифаҳои мақбара ва масҷидро анҷом додааст.
Дарвоқеъ, нӯҳ ёдгории таърихию фарҳангии Шоҳроҳи бузурги абрешими Тоҷикистон ба Феҳристи асосии мероси ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд ва яке аз ин нӯҳ ёдгорӣ мақбараи Хоҷа Муҳаммад Башоро мебошад. Хиштҳои нахустини ин ёдгорӣ дар асри XI – замони ба авҷи аъло расидани санъати меъморӣ дар Осиёи Миёна гузошта шудаанд.
– Солҳои 1342-1343 даромадгоҳи калони пешравоқдор бо сафоли сирноки ранга кандакорӣ гашта, тарафҳои чап ва рости даромадгоҳи пешравоқ бо кошинкории гилӣ ба тарзи кандакории ҳандасӣ хеле хуб ороиш ёфтааст. Сутунҳои ду тарафи кунҷҳои пешравоқро катибаҳои махсуси кандакоришуда зинат медиҳанд, – гуфт Бобоҷон. Тавре ки вай боз иброз дошт, дар охири яке аз катибаҳо санаи сохтумон соли 743-и ҳиҷрӣ (солҳои 1342-1343) сабт гардидааст ва ин байт чунин аст:
Ҳар кӣ аз мо кунад ба
некӣ ёд,
Номаш андар ҷаҳон
ба некӣ бод.
Дар ин тараф шахсиятҳои дигари бузурги ҳамон давра низ то соли 1529-и милодӣ аз худ навиштаҳои хурде дар васфи Муҳаммад Башоро боқӣ гузоштаанд, ки то ҳол маҳфуз боқӣ мондаанд. Сутунҳои он соли 1342 сохта шудааст ва ҳамон шакли аслии он бетағйир ҳифз шудааст. Танҳо ин лавҳаҳову аҷноси дигари мақбара бидуни рангубор анҷом дода шудаанд, на мисли иншоотҳои дигари меъморие, ки дар ҷойҳои дигар арзи вуҷуд намудаанд. Аммо бо ҳамон шакле, ки мебинед, зимни эъмори ёдгориҳои дигар аз ин нақшҳо намуна гирифтаанд, – гуфт Бобоҷон.
Бо арзи ташаккур ба роҳбалади худ аз зинаҳо поён фаромедем ва барои боздид аз осорхонаи устод Лоиқ шитофтем. Он ҳавлие буд, ки Лоиқи шодравон он ҷо зодаву бузург шудааст ва баъд ба ситораи дурахшони адабиёти форсу тоҷик табдил ёфтааст. Ҳарчанд пардаи шом рӯшноии рӯзро хира менамуд, мо фурсатро бой надода, зуд аз ин осорхона боздид намудем. Аксҳои зиёде ҳаёту фаъолият ва дидору мулоқотҳои устод Лоиқро бо шахсиятҳои гуногун бозтоб медоданд. Зикри ин хотираи ҳамсари шодравонаш – Зебунисо Қутбиддиноваи омӯзгор барои беҳтару бештар дарк намудани мақоми баланди ин шоири мардумӣ шаҳодат хоҳад дод, ки ҳафтаномаи «Оила» нашр намудааст: «Ман ҳеч тасаввур намекардам, ки ба писари аммаам ба шавҳар мебароям. Лоиқро аз хурдӣ чун бародар дӯст медоштам. Вайро дар оилаамон ҳама дӯст медошт, он вақт ӯ донишҷӯйи Донишкадаи омӯзгорӣ буд, касе фикр ҳам намекард, ки солҳо мегузарад ва он кас чунин шахси машҳур мешаванд. Ману Лоиқ оиладор шудем. Худоро шукр, ки зиндагии бисёр хубе ҳам доштем ва ман худро зани хушбахт меҳисобам».
Устод фармудааст:
То нагирам хунбаҳои
ҷумлаи қурбониёнро,
То набахшам умри
озоде ҳама
зиндониёнро,
То наёбам роҳи дилҳои
тамоми зиндагонро,
То набардорам ба
дӯшам дӯшбори ин
замонро,
Ман намемирам,
Ман нахоҳам мурд!
Бале, Лоиқ ҳаргиз намемирад, зеро вай дар дилу дидаҳои мухлисони зиёдаш, шефтагони шеъру ғазал, рубоиву дубайтӣ ва шеърҳои сафедаш маъво гирифтааст. Номи ӯ чи дар Тоҷикистон ва чи дар Ӯзбекистон абадӣ гиромӣ дошта хоҳад шуд.
Шом фаромад ва дилу бедилон деҳаи Мазори Шарифро тарк карда, ба шаҳри Панҷакент баргаштем. Он ҷо моро ҳамсабақам – журналисти соҳибқалам Бобо Солеҳзода интизор буд. Дар хонаи акои Тӯрабек бо ӯву дӯстони дигар то поси шаб суҳбат кардем. Субҳи рӯзи дигар мо сафари худро ба самти Душанбе давом додем.
Тоҷикистон –
ҳамдаму ҳамрози мо,
Мардумаш –
дар ҳурмату эъзози мо!
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
ТОШКАНД – ПАНҶАКЕНТ.