Манораи Ҷарқӯрғон дар маҳаллаи Манори ноҳияи Ҷарқӯрғони вилояти Сурхондарё воқеъ буда, солҳои 1108-1110 бо фармони шоҳи Салҷуқиён Абусаъд Сунғури Бадром таҳти роҳбарии меъмор Алӣ ибни Муҳаммад Сарахсӣ аз дохили қалъаи Ҷармангон сохта шудааст.
Маънои луғавии вожаи «Ҷармангон» «қалъаи лаби ҷар»-ро дорад, ки баъдтар дар забони мардумӣ ба вожаи Ҷарқӯрғон табдил ёфтааст. Дар дохили манора 92 зинапоя мавҷуд буда, ҳангоми ба баландӣ баромадан ду дарича барои гардиши кофии ҳаво кушода шудааст. Дар ин ҷо посбонон боло баромада, атрофро мушоҳида мекардаанд, баъдтар муаззинҳо барои мардумро ба намоз даъват кардан истифода бурдаанд. Гарчанде ки он нигаҳ дошта нашудааст, дар сурати (соли 1879) аккос Н. Н. Каразин дар назди манора харобаҳои масҷиди куҳна акс ёфтааст. Манора бар асоси суннатҳои мактаби меъмории Хуросон сохта шуда, дар забони мардумӣ бо номи «Муъҷизаи печида» низ маъруф аст. Ӯ дар шакли мавҷи хиштӣ ба болои пояи ҳаштгӯша чида шудааст. Хиштҳояш чоркунҷаи тунук буда, бараш якхела – 35 сантиметр аст. Онҳо аз шонздаҳ сутуни аз поён то боло дар шакли мавҷи ба ҳам пайваста қад кашида, дар ягон ҷояш хатое нест. Дар баландии 20 метр айвонҳои панҷаранок сохта шуда, дар болои он бо хати куфии арабӣ навиштаҷоти: «Барои қурбонӣ ва наздик шудан ба Худои мутаъол, амир, сайиди бузургвор, одил, пешвои давлату дин, мададгори ислом ва мусалмонон, амири Хуросон Абусаъди Сунғури Бадром (?) ибн-ал-Қумоч(?)» навишта шудааст. Кунҷҳо дар камар идома ёфтаанд, аммо қисми болоии манора нигоҳ дошта нашудааст. Дар боло ва поёни манора, ки В. А. Шишкин хондааст, номи офарандаи он Алӣ ибни Муҳаммад ва дар қисми болотари он ояти 18-уми сураи «Тавба» бо хати нотамоми кӯфӣ навишта шудааст.
Дар фолклори воҳа низ ёдовар мешавад, ки манораи Ҷарқӯрғон ҳафт ошёна дорад. Баландии ҳозираи он 21,6 метр ва диаметраш 5,4 метр аст. Бино ба тахмини муаррихон, манора замони бунёдаш чилу се метр буд, вале дар давоми ҳаштсад сол аз эътибор дур афтода, пас мардуми маҳаллӣ онро барои эҳтиёҷи шахсии худ тахриб кардаанд, дар маъхазҳои дигар мегӯянд, ки пас аз ду соли сохтмон, яъне бар асари заминҷунбии шадиди соли 1112 аз сабаби дигар шудани меҳвари манора, сохтмон ба анҷом нарасидааст. Соли 1948 аз Маскав олимон омада, маълум кардаанд, ки дар сохтани манора ҳазорҳо тухмро ба лой ҳамроҳ кардаанд, то аз замин намӣ нагузарад.
Дар ҷаҳон ҳамагӣ се манорае мавҷуд аст, ки ҳамин тавр сохта шудаанд ва яке аз онҳо дар ноҳияи Ҷарқӯрғон бунёд шуда бошад, боқимонда дар Афғонистони ҳамсоя, дигаре дар Ҳиндустон қад афрохтааст. Ҷанбаи дигари қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки «Манораи Ҷарқӯрғон» дар байни се манора қадимтарин ба ҳисоб меравад. Дигар манораи «Пизза»-и Италия, ки дар миёнаи асри XIII бунёд шудааст ва боз яке манораи «Невянск», ки дар ибтидои асри XVIII дар Невянски Русия сохта шудааст.
– Вақте ҳукумати шӯравӣ ба сари ҳокимият омад, аз хишти манора казармаҳои низомӣ сохта шуд, – мегӯяд муаррих Шопӯлод Ҳайдаров. – Падарам Тӯлаган Ҳайдаров иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон буд, ба райком муроҷиат мекунад, ки манораро наҷот диҳад. Райком «Ман ҳуқуқ надорам, ки ба низомиён гап занам, гапи ман ба онҳо намегузарад» гӯён маслиҳат медиҳад, ки ба вилоят раванд. Падарам ба вилоят рафта то давутозу ҳалли масъала биноро вайрон карда, дар 16 аробаи Қӯқанд мекашонанд. Соли 1936 танҳо баъд аз қарори раиси комиҷроияи вилояти Сурхондарё дар бораи манъ кардани вайронкунӣ манора ҳамчун ёдгории таърихӣ ба ихтиёри давлат супурда шуд. Аз соли 1936 то соли 1982 Тулаганбобо дар тоза нигоҳ доштани гирду атрофи манора ва тамошои сайёҳон саҳм гузоштааст. Бо шарофати фидокории чунин инсонҳо манора то насли имрӯз нигоҳ дошта шуда, касро шод мегардонад.
Имрӯз дар феҳристи Созмони ҷаҳонии мероси фарҳангии ЮНЕСКО беш аз чаҳор ҳазор ёдгорӣ мавҷуд аст, ки яке аз онҳо «Манораи Ҷарқӯрғон» мебошад.
Ҷанбаи дигаре, ки касро ба андеша водор мекунад, ин аст, ки садҳо сол пеш аз ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Миёна ин минтақа сераҳолӣ буд ва мо тавассути ин манора мизони рушду пешрафти фарҳангу меъмориро равшан мебинем. Соли 2018 манора бо гузоштани оҳаксангҳо ба гирду атрофаш барои пешгирӣ аз ҷамъ шудани об таъмир шуда, ҳамчун ёдгории таърихӣ аз ҷониби давлат ҳифз карда мешавад.
Мо кишвари дорои мероси фарҳангӣ ҳастем, аз ин рӯ насли ҷавон нисбати фарҳанги миллии худ эҳтиром дошта бошанд, то тавонанд онро пос доранд.
Ҷамолиддин НОРМАТОВ,
магистранти
курси якуми
Донишгоҳи
давлатии Гулистон.