НАМУНАИ БАРҶАСТАИ ИБРАТ

Ин навиштаҷот дар назари аввал як чизи одиву беаҳамият менамояд.

Хуб, рекламаи оҳан ва маҳсулоти филизӣ аст, ки ба ду забон – ӯзбекӣ ва тоҷикӣ дар як фурӯшгоҳи чунин масолеҳ дар қисмати поини деҳаи мо наздик ба маркази ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё насб гардидааст. Ҳамин гуна як маркази савдо дар маркази ноҳияи ҳамсояи Узун низ ҳаст, ки айнан чунин навиштаҷот он ҷо низ ба чашм мерасад. Азбаски дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қариб тамоми навиштаҳо ба забони давлатӣ сурат мегиранд, табиист, ки дидани катибае ба забони модарӣ табъи касро болида месозад. 
Шояд шумо гумон кунед, ки соҳиби ин фурӯшгоҳ тоҷик асту аз рӯи муҳаббат ба забони модарӣ низ маҳсулоти худро тарғиб кардааст. Аммо чун хабар меёбед, ки молики он ҷавоне бо номи Фарҳод буда, як нафар соҳибкор аз ноҳияи ҳамсояи  Деҳнав ва аз қавми қӯнғирот асту ҳеч гуна иртиботи хунӣ ва хешутаборӣ бо тоҷикон надорад, дар тааҷҷуб мемонед. Фарҳодро кӣ ва ё чӣ водор кардааст, ки ба забони тоҷикӣ ғаюрона лавҳаеро навиштаву дар маърази ом бигзорад? Дар ҳоле ки ҳамқавмони муҳофизакори мо, аксаран, дар дурдасттарин деҳоти кӯҳистон ҳам, ки он ҷо ғайри тоҷике нест, дар пештоқи ҳатто масҷиду қабристонҳои худ ба забони модарӣ лавҳеро ҷой намедиҳанд. Гӯё касе онҳоро барои ин кор муҳокима мекарда бошад.
Бо Фарҳод чаҳор-панҷ сол аз ин пеш шинос гардида будам. Ҷӯрабек ном ҷавони ҳамдеҳа ва шогирдам, ки корманди ҳамин фурӯшгоҳ аст, рӯзе ба ман занг зада гуфт, ки соҳиби дӯконашон мехоҳад забони тоҷикиро хуб биомӯзад ва барои ин кор  ба устоде ниёз дорад. Агар тавонам, ба ӯ ёрӣ расонам. Ман қабул кардам ва Фарҳод ба наздам омад. Аз як суҳбати кӯтоҳ бо ин ҷавони резапайкар, ки мутолиаи фаровон низ доштааст, дарёфтам, ки ба забони форсии тоҷикӣ ва бузургони илму адаби мо дилбастагии зиёд дорад, каму беш ба ҳар восита онро аз худ ҳам кардааст. Ҳоло мехост, ки ин забонро назди устоде комилтар фаро бигирад. Вай омода буд, ки ба устоди забономӯз барои заҳматаш музди муайяне пардохт кунад. Ростӣ, чун як омӯзгори собиқадори забон ва адабиёти тоҷик, вақте ки ин гуна бо як хоҳиши умедворона ба ман муроҷиат кардаву бо иштиёқи зиёд ба омӯзиши забони модарии мо камар бастани як нафар ҷавони ғайритоҷикро дидам (дар ҳоле ки, мутаассифона, аксар наврасону ҷавонони ҳаммиллати худамон ба омӯзиши дурусти забони модарии худ рағбат надоранд), гуфтам, ки ӯро ман ройгон таълим хоҳам дод. Фақат ман серкор ҳастаму ҳафтае ду маротиба бегоҳирӯзӣ пас аз анҷоми соати корӣ метавонад назди ман биояд. Фарҳодро маслиҳат додам, ки «Худомӯзии забони тоҷикӣ»-ро аз интернет дастрас бикунад. Чанд китоби дигари дарсиву  бадеӣ, аз ҷумла ҷилдҳои якуму дувуми «Ёддоштҳо»-и устод Айниро аз ҷевони кориам гирифта  додам, ки бихонаду донишашро такмил бидиҳад. Хурсанд шуд. Чанд ҳафта рӯзҳои чоршанбеву шанбе дар соатҳои  муайянгардида наздам  барои сабақгирӣ омада рафт. «Шогирди нав» бо вуҷуди серкорӣ дарсҳоро хеле хуб азхуд ва луғатҳои зиёдеро ҳифз мекард, рӯз аз рӯз ба забони тоҷикӣ хубтар ҳарф заданро ёд мегирифт. Бадбахтона, фалокати «Куруно» сар заду дарсҳои мо низ нотамом монданд. Муддати мадиде ӯро надидам. Рӯзе бо коре аз назди дӯконаш мегузаштам, ки бо оғӯши боз ба пешвозам баромад. Ба тоҷикӣ гарм ҳолпурсиву миннатдорӣ кард, ки ӯро сабақ додааму инак забонро хуб омӯхтааст. Ман ҳам Фарҳодро ташаккур гуфтам, ки ба забони мо ин қадар таваҷҷуҳ дораду навиштаҳоеро низ ба тоҷикӣ сари роҳ гузоштааст. Гуфт, ин чандон қобили ситоиш нест, охир кӣ мегӯяд, ба забоне, ки мардуми зиёде дар ин гирду атроф бо он ҳарф мезананд, навиштаҷотеро ба маърази назар гузоштан мумкин набошад? 
Бале, ҳақ бар ҷониби ӯст!  Коре, ки ин як ҷавони ғайритоҷик ба расми эҳтиром  барои забони мо  мекунад, намунаи барҷастаи ибрат аст барои аксар ҳамқавмону ҳамзабонони ба тақдири забону миллат бепарвою беэътинои мо! 

Турдиқул ҲАСРАТОВ, 
директори мактаби миёнаи рақами 83-юми 
ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: