Камолиддини Биноӣ фармудааст:
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар
пеш аст.
Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани таманнои инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, ӯ бе устод наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. Дар ин маврид шоир гуфтааст:
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе
нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои
Рум,
То муриди Шамси Табрезӣ
нашуд.
Фарзанди одам вақте ки ба дунё меояд, зери парвариши волидайн ба воя мерасад. Баъдан ӯ таҳти парваришу тарбияи мураббӣ қарор мегирад. Вақте ки синни кӯдак ба шаш-ҳафт солагӣ мерасад, ӯро омӯзгор, муаллим ба оғӯш мегирад ва сабақҳои нахустини ҳаётро меомӯзонад. Устоди аввалини ман ин модарам аст, ҳар чизеро, ки то даврони мактабхонӣ медидам, аз ӯ пурсон мешудам. Модарам бо суханони ширину латиф ҳар як ашёи оламро ба мани кунҷков ошно месохт. Устоди дигар ин худи зиндагист, ки касро бо баду неки ҷаҳон ошно месозад. Аммо хидмати омӯзгор бештар аст, зеро маҳз ӯ дари илму донишро ба рӯи кас боз карда, дунёи тафаккурро бо тозагулҳои муаттари маърифат зинат медиҳад.
Муаллим, устод, омӯзгор! Шахсест, ки чун модар ҳамеша меҳрубон, дилсӯз, вале сахтгир. Он чизе, ки ӯ дорад, ҳамаашро сарфи шогирдон мегардонад. Мӯйи ӯ баҳри он сафед гаштааст, ки як умр ба мо роҳи сафедро нишон додааст! Аз қадим бузургони илму адаб ба устод эҳтироми хоса дошта, дар мавриди зарурат ба ин шахси беназир муроҷиат кардаанд ва оянда низ хоҳанд кард.
Устоди аввал! Чи тавре ки аз номаш бармеояд, онест, ки ба кас хату савод омӯхта, дари бахту саодатро боз мекунад. Вақте ки ман қадамҳои нахустини худро ба даргоҳи муқаддас, мактаби азизам, мактаби рақами 9-уми деҳаи Янгиҳаёти ноҳияи Сариосиё гузоштам, муаллимаи чун модар меҳрубонам Моҳира Алимардонова маро ба оғӯш гирифтанд. Ба дастони ларзони ман қалам дода, калимаҳои Модар ва Ватанро омӯзониданд. Меҳри Модар ва Ватан, ягонаю муқаддас будани ин калимаҳоро дар қалби ман ҷо намуданд. Барои ин ман дар назди устоди аввалинам сари таъзим фуруд меорам. Устоди нахустинам чун хуршеданд, ки нурҳои зиёбахши илму маърифаташон ба ман равшанӣ ва гармӣ мебахшанд.
«Гуле, ки таҳти парвариши боғбон нест, то ба осмон сар кашад ҳам ёбоӣ аст» – мегӯянд, ки дуруст аст. Шогирдону навомӯзон мисли навниҳолҳои тару тозаанд, ки муҳтоҷ ба парваришанд.
Ба дастонам қалам додӣ,
Қалам аз дасти ман ларзид.
Зи ларзишҳои дасти ман,
Дили пурмеҳри ту ларзид.
Устоди аввалинам, Моҳира Алимардонова! Бо баробари ҳар як ҳарфро омӯзониданатон чӣ қадар ранҷ кашидед баҳри ман, ки инро ҳаргиз фаромӯш намекунам. Устоди азиз ва аввалинам, ман мехоҳам, ки дар оянда шахсе шавам, ки фахри Шумо бошам. То Шумо бо чунин шогирди тарбиянамудаатон фахр созед. Имрӯз дар соатҳои гуногуни дарсӣ дар донишгоҳ он чи ки меомӯзам, суханони Шумо, нахустин омӯхтаҳои Шумо пеши назар меояду ба он риоя мекунам. Ман на танҳо имрӯз, балки як умр Шумо, симои Шуморо ҳаргиз аз хотир намебарорам:
Аё устод, аз хотир фаромӯшат
нахоҳам кард,
Чароғи дар дили шогирд
хомӯшат нахоҳам кард.
Шаҳноза БОБОРАҶАБОВА, донишҷӯйи соли сеюми бахши забону адабиёти тоҷики ДДФ.