Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8 октябр дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат намуд.
Дар кори ҳамоиш, ки зери раисии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ва Сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва инчунин котиби генералии ИДМ Сергей Лебедев иштирок доштанд.
Бинобар рӯзномаи маҷлис табодули афкор дар бобати вазъият ва истиқболи рушди муносибати гуногунҷанба ба амал омада, масъалаҳои муҳими ҳамкории амалӣ дар доираи ИДМ муҳокима гардиданд.
Дар суханронии худ роҳбари давлатамон ба натиҷаҳои раисии Русия дар Иттиҳод баҳои баланд дод, ки дар давраи он ҳамкории бисёрҷониба дар тамоми самтҳо инкишоф ёфт.
Эътибори алоҳида ба вазъияте нигаронда шуд, ки бо таъмини бехатарӣ ва рушди устувори мамлакатҳои ИДМ робита дорад.
Аҳамияти роҳандозии ҳамкории бонизоми хидматҳои махсус ва идораҳои соҳибваколати мамлакатҳои ИДМ, такомули усулҳои мубориза бар зидди таҳдидҳои имрӯз, андешидани чорабиниҳои ҳамоҳанггардида дар соҳаи таъмини кибербехатарӣ ва ҳамчунин ҳуҷҷатҳои барномавӣ таъкид гардиданд.
Пурзӯр намудани корҳои муштарак дар самти иқтисодии ҳамкорӣ чун вазифаи бартаринок муайян карда шуд.
Табодули моли Ӯзбекистон бо мамлакатҳои ИДМ аз аввали сол 16 фоиз афзуд. Дар бобати ҳамкории саноатӣ бисёр мисолҳои муваффақиятнок мавҷуд аст.
Ба ногузирии таҳрикбахшии фаъолияти шӯроҳои соҳавӣ ва кумитаҳои ИДМ ишора гардид.
Пешниҳод шуд, ки баҳори соли оянда дар доираи намоишгоҳи байналхалқии саноатии «Иннопром» дар шаҳри Тошканд ҷамъомади Шӯрои иқтисодии ИДМ ва Анҷумани рушди инноватсионӣ баргузор гардад.
Бо назардошти ҷамъбасти анҷумани марказҳои пешсафи таҳлилии мамлакатҳои ИДМ, ки ба қарибӣ дар Тошканд баргузор гардид, аҳамияти дастгирии афзалиятҳои нави шарикии дарозмуддат таъкид шуд.
Бахусус, рушди интернет-технология ва индустрияи «маълумотҳои калон», татбиқи босуръати қарорҳои рақамисозӣ, иқтисодиёти креатив, энергетикаи «сабз» ва технологияи ядроӣ, хатарҳои иқлимӣ ва ғайра аз ин ҷумлаанд.
Ба ин маънӣ пешниҳод шуд, ки мулоқотҳои коршиносон ва таҳлилгарони кишварҳои ИДМ хусусияти анъанавӣ касб намуда, анҷумани навбатии он дар шаҳри Самарқанд баргузор гардад, ки ба масъалаҳои рушди зеҳни сунъӣ бахшида шавад.
Бо мақсади вусъат додани табодули гуманитарӣ пешниҳод шуд, ки Рӯзҳои маданияти давлатҳои Иттиҳод баргузор гардад. Дар қатори ин ногузирии омодагии барномаи ҳарсолаи чорабиниҳои муштарак дар соҳаҳои тандурустӣ, таълим, санъат, кино, сайёҳӣ ва варзиш таъкид шуд.
Татбиқи лоиҳаҳо дар доираи мувофиқан пойтахтҳои маданӣ ва ҷавонони Иттиҳод эълон гардидани Самарқанд ва Тошканд бо қаноатмандӣ зикр гардид.
Ғайр аз ин, дар Ӯзбекистон мусобиқаҳои ҷомҳои кушоди ИДМ оид ба шоҳмот ва футбол дар байни ҷамоаҳои ҷавонон барпо мегарданд.
Дар поёни сухани худ Президенти Ӯзбекистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо қабул намудани раисӣ дар Ташкилот дар соли 2025 табрик намуд.
Дар поёни ҳамоиш чандин муоҳида ва қарорҳо бинобар самтҳои бартариноки ҳамкорӣ дар доираи ИДМ қабул гардиданд.