Исроил “Ҳизбуллоҳ”-ро шарти оташбас номид

Исроил ба унвони шарт барои пеш бурдани тартиби оташбас дар ҷануби Лубнон аз Ҳизбуллоҳ талаб мекунад, ки силоҳҳояшро ба замин гузорад ва неруҳои худро ба шимол аз марзи ду кишвар берун кашад.

Дар ин бора шабакаи телевизионии Al Arabiya бо такя ба манобаъҳои дипломатӣ хабар додааст, менигорад Report.

"Исроил талаб мекунад, ки Ҳизбуллоҳ дар ивази оташбас дар Лубнон силоҳҳои худро ба замин гузорад ва ба шимоли дарёи Литани равад" гуфт яке аз мусоҳибон.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Неруҳои дифои Исроил (ЦАХАЛ) аз сокинони чанд биное, ки дар маҳаллаҳои Ҳарет Ҳрейк ва Ҳадас дар канораҳои ҷанубии Бейрут ҷойгир шудаанд, даъват карда буд, ки оҷилан хориҷ шаванд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: