БОҒДОРӢ ҲАМ ҶУСТУҶӮЙИ ДОИМИРО ТАҚОЗО ДОРАД

Деҳқоне, ки забони заминро медонад, аз он хуб истифода бурда метавонад.

 Алҳол чун дар тамоми соҳаҳо дар боғдорӣ низ муҳити рақобати ба худ хосе шакл мегирад. Дар натиҷа, дар ин бобат ҳам навгониҳо, истифода ва усулҳои нави парвариш оммавӣ мегарданд. 
Сокини деҳаи Паландараи ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё Акрам Саидов аз ҷумлаи боғбонҳоест, ки дар соҳаи боғдорӣ мактаби хоси худро дорад. Вай, инак чоряк аср боз дар замини наздиҳавлии худ боғи хурде барпо карда, дар он ток, ниҳолҳои гуногуни меваҷоти ситрусиро парвариш менамояд.
Боғбони соҳибтаҷриба ба ивази ин меҳнат даромади хуб ба даст меоварад. Дастурхонаш пурнозу неъмат, зиндагиаш фаровон аст. Ӯ бинобар фармони дахлдори Президенти мамлакат аз 14 августи соли 2024 бо нишони сарисинагии «Соҳибкори фаъол» мукофотонида шуд. 
Дар сурат: боғбони моҳир Акрам Саидов.
Сурати ӮзА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: