СЕМИНАР ОИДИ САРФАИ НЕРУИ БАРҚ

Имрӯз истеҳсолоти саноатӣ ва ҳаёти маишии аҳолиро бе неруи барқ наметавон тасаввур кард.

Рӯз аз рӯз миқдори корхонаҳои саноатӣ, коммуналию маишии аҳолӣ меафзояд. Ин ҳама сарфаи неруи барқро тақозо дорад.
Бо мақсади тарғиби сарфаи неруи барқ бо ташаббуси прокуратураи вилояти Навоӣ, ҶС шуъбаи вилоятии «Ҳудудий электр тармоқлари» ва дигар муассисаҳои дахлдор мунтазам корҳои ташвиқотӣ ва семинарҳо баргузор мегардад. Чунин семинар дар корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти гаҷ «Navoiy Milling droup» баргузор гардид.
Дар семинар таъмин ва иҷрои қарори Президент аз 14 июни соли равон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оиди сарфаи захираҳои неруи барқ ҳангоми истеъмол» ва қарорҳои дахлдори Девони Вазирон баррасӣ гардид. Таъкид гардид, ки барои сарфаи неруи барқ аз таҷҳизоти замонавии сарфакор ва панелҳои офтобӣ васеъ бояд истифода кард.
 Дар корхонаҳои калони истеҳсоли саноатӣ асбобу анҷоми сарфакори неруи барқро мавриди истифода қарор дода, ба сарфакорӣ ноил гардидан ва дар ин замина даромади соф гирифтан таъкид гардид.

 

 

РОҲИ ҲАВОИИ «ҚӮҚАНД – БУХОРО»

Маълум аст, ки дар мамлакати мо масъалаи сайёҳӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст. Ин имконият медиҳад, ки барои мусофирон имкониятҳои нав ба нави қулай падид ояд. 

Пӯшида нест, ки барои ба Фарғона бо автомобил сафар кардани бухороиён тақрибан 15-16 соат вақт лозим аст.
Ба қарибӣ аз фурудгоҳи таҷдидёфтаи Қӯқанд ба амал омадани хатсайри «Қӯқанд – Бухоро – Қӯқанд» имконият медиҳад, ки ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе мусофирони ду шаҳри бостонӣ ба воситаи роҳи ҳавоӣ ба тарафайн рафтуо кунанд. Ҳоло имконият пайдо шудааст, ки ҳар як мусофири ин ҷо метавонад 350 ҳазор сӯм харҷ карда, баъди ду соат ба Бухоро, ё ки Қӯқанд сафар кунад.
Пешбинӣ шудааст, ки дар оянда шумораи парвозҳо меафзоянд.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти БУХОРО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: