Масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, замин, об, сарватҳои зеризаминӣ, суръат бахшидан ба ислоҳот дар соҳаи истифодаи самарабахши олами набототу ҳайвонот, таъмини бехатарии озуқаворӣ асоси амнияти экологӣ ба ҳисоб рафта, дар ҳалли ин масъалаҳо Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар барномаи пешазинтихоботии худ мақсадҳои мушаххасро дар назди худ вазифа гузоштааст.
Ҳизби мо таҳти шиори «Барои табиат муттаҳид шавем!» бобати татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар самти рушди устувори мамлакат, таъмини бехатарии экологӣ, инчунин, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ пешниҳодоти мушаххас ва амалӣ, ташаббусҳои ҳаётиро пешбарӣ мекунад. Дар меҳвари онҳо ҳалли масъалаҳои экологӣ қарор дошта, таъкид мегардад, ки бартарафсозии чунин мушкилот на танҳо вазифаи давлат, балки ӯҳдадории ҷамъият ва ҳар як шаҳрванд ба шумор меравад.
Идоракунии захираҳои об: ғояҳои ҳалкунанда ва қадамҳои амалӣ ба сӯйи мақсад
Мувофиқи таҳлилҳои Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2050 талабот ба об дар Ӯзбекистон аз 59 километри мукааб ба 62–63 километри мукааб афзуда, захираҳои мавҷудаи об дар сатҳи назаррас кам мешаванд. Дар чунин вазъият танҳо истифодаи оқилонаи об ва чораҳои сарфакорӣ кофӣ нест.
Бино ба фикри мутахассисон, эҳтимол меравад, ки маҷрои ду дарёи бузург — Амударё ва Сирдарё, ки манбаи асосии захираҳои оби мамлакатамон мебошад, нисбат ба ҳозир 15 дарсад кам шавад. Дар чунин ҳолат, аз эҳтимол дур нест, ки сатҳи таъминоти ҳар сари аҳолӣ бо об дар тамоми Осиёи Марказӣ 25 дарсад ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ 40 дарсад кам шавад.
Дар барномаи пешазинтихоботӣ татбиқи як қатор ислоҳоти ташкилӣ-ҳуқуқӣ, ки ба истифодаи оқилонаи захираҳои об нигаронида шудаанд, пешниҳод мегардад. Аз ҷумла, бунёди ҳавзаҳои нави об ва чораҳои рушди системаҳои ирригатсионӣ барои идоракунии устувори об пешниҳод шудаанд.
Пешниҳодҳои экоҳизб аз рӯйи таҳияи барномаи истифодаи самаранок аз оби борон, аз соли 2025 ҷорӣ намудани тартиби ҷамъоварии оби борон дар хона, бино ва иншоотҳое, ки масоҳати сохтмони онҳо беш аз 500 метри мураббаъ аст, роҳандозии механизмҳои аз тарафи давлат рағбатноксозӣ барои истифодаи оби борон ва тамоюлҳои шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ хеле муҳим ба ҳисоб рафта, дар амалиёти давлатҳои хориҷӣ низ истифодаи самаранок аз оби борон ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар Туркия дар биноҳои баландошёна ва биноҳои навбунёд, ки беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ ҳастанд, тартиби ҷамъоварии оби борон муқаррар гардидааст. Оби бороне, ки дар фурудгоҳи Франкфурти Олмон ҷамъ мешавад, барои обёрии 60 дарсади минтақаҳои сабзазоркунонидашудаи аэропорт ва таъминоти оби техникӣ имкон медиҳад.
Дар минтақаҳо бо истифода аз оби борон ташкили корҳо бобати бунёди майдону боғҳои хурди сабз ва ҷорӣ намудани системаи ҳавасмандгардонии шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқие, ки дар мавзеъҳои истиқоматӣ ва хоҷагиҳои шахсӣ дастгоҳҳои ҷамъоварӣ ва истифодаи оби боронро доранд ва аз он истифода мебаранд, барои афзоиши назарраси шумораи «майдонҳои сабз», барқарор нигоҳ доштани онҳо хидмат мекунад.
Инчунин, андешидани чораҳо бобати тоза ва дубора истифода бурдан (re-use)-и обҳои пасмонда ва партов, ки дар соҳаи кишоварзӣ, саноат ва маишӣ истифода шудаанд, дар навбати худ самаранокии истифодаи обро беҳтар намуда, исрофи беҳудаи обро пешгирӣ мекунад. Ҳизб дар асоси тадқиқоти гидрогеологӣ бо истифодаи босамари обҳои зеризаминӣ ривоҷдиҳии деҳқонии лалмикориро, яке аз тадбирҳои муҳими таъмини бехатарии хӯроквории аҳолӣ дар мамлакат мешуморад.
Бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои об дар манзилҳои истиқоматии бисёрошёнаи навбунёд бо қубурҳои алоҳида-алоҳида ташкил кардани интиқоли об барои нӯшидан ва истифодаи хоҷагӣ, бобати истифодаи оқилонаи мардум аз оби барои нӯшокӣ ва обёрӣ пешбинишуда, инчунин, ташкили баҳисобгирии захираҳои об муҳим ба ҳисоб меравад.
Пурзӯрсозии чораҳои ҳифзи захираҳои замин ва мубориза бар зидди биёбоншавӣ
Имрӯз раванди деградатсияи заминҳо ва биёбоншавӣ ба беш аз сад давлати ҷаҳон таҳдид мекунад. Мутаассифона, ин аз бисёр ҷиҳат ба омили инсонӣ вобаста буда, эрозияи обу шамол, ки дар натиҷаи истифодаи бераҳмонаи табиат ба амал омадааст, раванди биёбоншавиро метезонад.
Бино ба фикри мутахассисон 70 дарсад ё худ 31,4 миллион гектари ҳудуди ҷумҳуриро майдонҳои хушку нимхушк ташкил медиҳанд, ки дар натиҷаи шӯрзаниҳои табиӣ, кӯчидани рег, тӯфонҳои чангу ғубор ва гармселҳо зарар дидаанд. Қариб 10 миллион гектар чарогоҳҳо ба беҳтарсозии куллӣ ниёз доранд.
Новобаста аз чораҳое, ки барои баланд бардоштани нишондиҳандаи муҳими сифати хок, яъне ҳосилхезии замин дар мамлакат нигаронида шудаанд, ҳосилхезии замин сол то сол поин меравад. Аз ҷумла, ҳосилхезии миёнаи хок дар ҷумҳурӣ дар соли 1991 ҷамъ 58 холро нишон дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2001 55 хол ва дар соли 2021 ҳамагӣ 53,7 холро ташкил кардааст.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон таъкид менамояд, ки истифодаи боз ҳам самараноктари заминҳои обёришаванда дар соҳаи кишоварзии мамлакат, аз нав мавриди истифода қарор додани заминҳои бекорхобида, дар корбурди самараноки захираҳои замин муҳим аст. Дар ин самт, ҳангоми омода кардани замин барои кишти зироатҳои кишоварзӣ, роҳандозии васеи технологияҳои инноватсиониро, монанди «No-TiLL» (коркарди минималии замин), ки захираву энергияро сарфа мекунад ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, пешниҳод мекунад.
Ҳифзи ҳавои атмосфера яке аз муаммоҳои глобалии имрӯза
Ҳизби экологии Ӯзбекистон дар барномаи пешазинтихоботии худ бо мақсади ҳифзи ҳавои атмосфера, пешгирии косташавии қабати озон, беш аз меъёр истихроҷ гардидани газҳои гармхона ва дар ин самт ба таври мушаххас муқаррар намудани механизмҳои ташкилию ҳуқуқӣ, ташаббуси дар асоси стандартҳои замонавии байналмилалӣ ва дар таҳрири нав таҳия кардани қонун «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»-ро пешбарӣ менамояд. Дар он муқаррар кардани асосҳои ҳуқуқии бекор кардани имтиёзҳое, ки боиси ифлосшавии ҳавои атмосфера мегарданд, пешбинӣ мешавад.
Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҷаҳон аз даҳ нафар нӯҳ нафар аз ҳавои ифлос нафас мекашад. 91 дарсади аҳолии рӯйи Замин дар минтақаҳои ҳавояш нотоза умр ба сар мебарад. Ҳамасола 8 миллион нафар дар натиҷаи ифлосшавии беш аз меъёри ҳаво вафот мекунад. Бахусус, мамлакатҳои қитъаи Осиё ва Африқо аз рӯи ин нишондиҳанда дар мақоми болотаранд.
Мувофиқи хулосаи олимони эколог, барои бартарафсозии омилҳое, ки боиси ифлосшавии ҳавои атмосфера мегарданд, пеш аз ҳама «боғҳои сабз» ва «камарбандҳои сабз»-ро бунёд кардан, истифодаи намудҳои нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозаро ҳавасманд кардан, ҷолибияти нақлиёти ҷамъиятиро зиёд намудан талаб карда мешавад. Ғайр аз ин, татбиқи чорабиниҳо бобати эътибор ба сифати сӯзишворӣ, гузаштан аз сӯзишвории анъанавии карбогидридӣ ба навъҳои алтернативии сӯзишворӣ, васеъ ҷорӣ кардани энергетикаи «сабз» муҳим аст. Растаниҳои сабз микроиқлими шаҳрҳоро беҳтар месозанд. Дарахтон дар вақти гармӣ ба атмосфера ба миқдори зиёд буғи об бароварда, рӯзона намии ҳаворо ба 20–30 дарсад зиёд ва ҳароратро бошад, якчанд дараҷа паст мекунад.
Аз ин рӯ, ҳизби мо роҳандозии тартиби бекор кардани ҳуқуқи соҳибкоронро ба замин, ки бо мақсади бинокорӣ дарахтҳоро ғайриқонунӣ буридаанд, пешниҳод мекунад. Чунки баъзе бинокор-соҳибкорон ҳангоми сохтмони хонаву ҷой ба талаботи қонунгузорӣ риоя накарда, ҳолатҳои бо роҳҳои ғайриқонунӣ буридани дарахтони бисёр ба чашм мерасад.
Ташаббуси аз соли 2030 боздоштани ҳаракати мошинҳои сабукрав бо муҳаррикҳои дарунсӯз дар пойтахт ва шаҳрҳои калон, аз соли 2035 бошад, манъи фурӯши онҳо дар мамлакат, барои фароҳам овардани муҳити зисти мусоид, ки барои ҳифзи саломатии аҳолии мо аҳамияти калон дорад, инчунин рушди саноати истеҳсоли васоити нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тоза дар мамлакат, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва зиёд кардани даромади аҳолӣ хидмат мекунад.
Инчунин, мақсади татбиқи вазифаҳои барномавӣ аз рӯйи ду баробар кам кардани ҳаҷми газҳои зараровари истихроҷшаванда ба атмосфера, то 10 баробар зиёд намудани пардохтҳои ҷубронпулӣ барои партови беш аз меъёри моддаҳои ифлоскунанда, ки ба таъмини тозагии ҳавои атмосфера хидмат мекунад, то ба чӣ ҳад барои имрӯз аҳамияти калон доштани барномаи ҳизбро нишон медиҳад.
Ҳамзамон, дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб таҳияи харитаҳои минтақаҳое, ки хатари тӯфони регу намак зиёд аст, дар ин ҷойҳо дар асоси барномаҳои давлатӣ бунёди майдон ва рӯйпӯшҳои сабз, модернизатсияи иншоотҳои тозакунии оби партов ва бунёди иншоотҳои нав, роҳандозии тартиби боздоштани фаъолияти корхонаҳое, ки иншоотҳои маҳаллии тозакунии оби партов надоранд ва танҳо пас аз гузоштани технологияҳои ҷавобгӯи талаботи экологӣ иҷозат барои корбарии онҳо, барои пешгирӣ ва бартараф намудани мушкилоти вобаста ба ифлосшавии муҳити зист хидмат мекунад.
Дар ҳифзи захираҳои биологӣ тамоюлҳои креативӣ заруранд
Аз тарафи Ҳизби экологии Ӯзбекистон бо мақсади таъмини ҳифзи боэътимоди гуногунии биологии нодири ба худ хоси мамлакатамон пешбарӣ гардидани пешниҳодҳои муҳимро бобати эълон кардани мораторияи бидуни муддат ба истифодаи растаниҳо ва шикори ҳайвоноти ёбоӣ, ки ба Китоби Сурхи Ӯзбекистон дохил карда шудаанд, эътироф намудан мумкин аст.
Дар ҳудуди мамлакатамон қариб 4500 навъи растаниҳои ёбоии олӣ ва беш аз 2000 намуди занбӯруғҳо, дар олами ҳайвонот 714 намуди ҳайвоноти мӯҳрадор, беш аз 15 ҳазор намуди ҳайвоноти бемӯҳра мавҷуд буда, ба Китоби Сурхи Ӯзбекистон 203 намуди ҳайвоноти нодир ва 313 намуди растаниҳои ёбоӣ, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, дохил карда шудаанд. Бояд гуфт, ки солҳои охир барои истифодаи махсус аз объектҳои олами наботот ва ҳайвонот миқдори квота барои гирифтани онҳо аз табиат вобаста ба талаб ва эҳтиёҷот меафзояд.
Ҳизби мо бо назардошти афзоиши ҳодисаҳои осебрасонӣ ва хушк шудани дарахту буттаҳои бисёрсола дар натиҷаи ба ҷои дигар кӯчонидани онҳо, ташаббуси манъи кӯчонидани дарахтони аз 10 сола болоро, инчунин, бо мақсади пешгирии барқасдона ва бо усулҳои гуногун хушконидани дарахтон дар майдонҳои сохтмонии иҳоташуда, пешгирии ҳолатҳои буридани дарахтони сарсабзи бисёрсола дар объектҳои сохтмонӣ, роҳандозии тартиби бекор кардани ҳуқуқи соҳибкор ба замин дар ҳоли ба таври ғайриқонунӣ буридани дарахтон, инчунин, бо қонун манъ намудани бо мақсадҳои сохтмонӣ фурӯхтани майдонҳоеро, ки дарахтзор доранд, пешбарӣ менамояд.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон бо барномаи пешазинтихоботии худ ҳифзи захираҳои табиӣ ва истифодаи оқилонаи онҳоро аз мақсадҳои асосии худ меҳисобад ва тамоми шаҳрвандонро, ки ба Модар-табиат бефарқ нестанд, барои муттаҳид гардидан дар атрофи ин мақсади наку даъват менамояд.
Ба Ҳизби экологии Ӯзбекистон ва номзадҳои пешбаринамудаи ҳизби мо овоз диҳед!
Наврӯзбек ЮСУПОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис,
Ноиба ИНОЯТОВА,
номзад ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.