Сиёсати пурзӯри иҷтимоӣ - ғояи асосии Ҳизби халқиву демократӣ мебошад. Барои дар ин самт ба натиҷаи пешбинишуда ноил шудан, пеш бурдани сиёсат дар асоси тамоюли «Манфиатҳои инсон аз ҳама чиз болотар аст» талаб карда мешавад.
Мувофиқи таҳрири нави Конститутсия, Ӯзбекистон давлати иҷтимоӣ аст. Ин, пеш аз ҳама, имкониятҳои баробар бобати дар амал татбиқ сохтани салоҳияти инсон, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои зиндагии шоистаи мардум, кам кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Мақсадҳои асосии барномавӣ, ғояҳои муҳимтарини ба рушди соҳаи иҷтимоӣ нигаронидашудаи Ҳизби халқиву демократӣ дар ҳамин таъриф таҷассум ёфтааст, гӯем дуруст мешавад.
Мутобиқи динамикаи ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар мамлакатамон амалӣ мегардад, ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сиёсати самарабахши иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.
Дар барномаи пешазинтихоботии мо барпо намудани давлати ба мизонҳои баробарии иҷтимоӣ ва демократияи халқӣ мувофиқ чун мақсад муайян гардида, дар ин самт як қатор ташаббусҳо ба миён гузошта шудаанд. Ҳизби мо барои таъмини татбиқи одилона ва самараноки ҳуқуқҳои иҷтимоии ҳар як шахс, ки Конститутсия кафолат додааст, талош менамояд.
Такмилдиҳии низоми таъминоти нафақаи давлатӣ
Ҳизби мо мутобиқи ғоя ва мақсадҳои асосии худ, ба он эътибори алоҳида медиҳад, ки нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои тамоми шаҳрвандон бояд барои пурра қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ҳаётии инсон кифоя бошанд.
Мо тарафдори ислоҳот ва тағйироти нав дар системаи нафақа ҳастем. Пенсия ва нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ бояд барои эҳтиёҷоти ҳаётии инсон кифоя бошад. Дар назди мо барои аз ҷиҳати иҷтимоӣ ноил шудан ба сатҳи муносиби пенсия корҳои иҷрошаванда бисёр аст.
Чаро мо ғояи аз нав ислоҳ намудани системаи таъминоти нафақаи давлатиро пешбарӣ менамоем?
Мувофиқи моддаи 46-уми Конститутсия дар таҳрири нав, ҳар кас ҳангоми пиронсолӣ, гум кардани қобилияти корӣ, бекорӣ, инчунин аз даст додани саробон ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба таъминоти иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад.
Дар ин самт ҳизб фикри қатъӣ дорад, ки мутобиқсозии фаъолияти хазинаи нафақа ба замон ва роҳандозии системаи одилонаи нафақа зарур аст. Шаффоф кор кардани ин система бениҳоят муҳим мебошад.
Мавҷуд набудани нақшаҳои нафақаи касбӣ дар Ӯзбекистон, паст будани ставкаи саҳмияҳо барои суратҳисобҳои нафақаи ғунгардондаи шахсии шаҳрвандон, ҳуқуқи ихтиёран ба дигар воситаҳои молиявӣ равона кардани пасандозҳои худро надоштани шаҳрвандон низ аз масъалаҳое ба шумор мераванд, ки бояд эътибор дод.
Дар ин самт Ҳизби халқиву демократӣ пешниҳод менамояд, ки ба шаҳрвандон имкони идоракунии маблағҳои нафақаи ғунгардонда ва назорати доимии онҳо дар шакли онлайн фароҳам оварда шавад.
Аз нав ҳисоб кардани нафақаи пештар таъиншудаи нафақахӯроне, ки андозҳои даромад ва иҷтимоиро аз маҳсули фаъолияти меҳнатии худ пардохтаанд ва ба миқдори бештар таъин кардани он роҳи ҳалли мақбул аст.
Яке аз ҷиҳатҳои муҳим – Ҳизби халқиву демократӣ аз рӯйи зиёд накардани синни нафақа дар мамлакат дар мавқеи худ қатъӣ меистад.
Таълими мутобиқи синну сол
Дар замири ғояҳои асосии ҳизби мо масъалаҳои вобаста ба таълим мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Ояндаро бидуни мутахассисони соҳибхирад, заковатманду боақл ва кадрҳои ботаҷриба тасаввур кардан душвор аст. Аз ин рӯ, дар барнома ғояи таълими босуръат пешбарӣ мешавад.
Вақте сухан дар бораи кӯдаконе меравад, ки ба ҳаёт бо назари дигар менигаранд, шуури худро инкишоф медиҳанд ва дар марҳилаи ибтидоии омӯхтани муҳити зист, ҷаҳон ва маълумотҳои он қарор доранд, ба ин бо чашми ҷиддӣ нигоҳ кардан лозим аст.
Ташаббус аз рӯйи роҳандозии таълими босуръат барои бачагоне, ки ба синфи якум дер рафтаанд ва ҷорӣ намудани тартиби мувофиқи синну солашон гузаронидани онҳо ба синфи болоӣ, бо зарурати фароҳам овардани муҳити мусоид барои инкишофи зеҳнӣ, иҷтимоӣ ва эҳсосии онҳо асос меёбад.
Бо назардошти ин, Ҳизби халқиву демократӣ пешниҳодро аз рӯйи роҳандозии таълими босуръат барои бачагоне, ки ба синфи якум дер рафтаанд ва ҷорӣ кардани тартиби гузаронидани онҳо ба синфи болоии мувофиқ ба синну солашонро пешбарӣ менамояд. Ин барои рушди ақлӣ ва руҳии ҳар як кӯдак зарур аст. Аз ин рӯ, синну соли кӯдак барои дониш андӯхтани вай муҳим аст. Пас, кӯдак бояд бо ҳамсолонаш таҳсил кунад, на аз онҳо қафо монад. Бинобар ин, моро зарур аст, ки усулҳои таълими босуръатро дар амал васеъ ҷорӣ кунем.
Қадамҳои нав бобати омодасозии кадрҳои замонавӣ
Дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироии ҷаҳонӣ ҳоло аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва омӯхтани барномаҳои технологияҳои иттилоотӣ дар ҳаёт ва фаъолияти меҳнатии инсони замонавӣ мавқеи муҳим дорад. Дар натиҷаи рӯз то рӯз густариш ёфтани робитаҳои ҳамкории байналмилалии Ӯзбекистон, эҳтиёҷ ба кадрҳое, ки забонҳои хориҷиро мукаммал медонанд, меафзояд. Дар ояндаи наздик ривоҷдиҳии муносибатҳои байналхалқии тиҷоратӣ ва туризм имкониятҳои зиёдро боз менамояд.
Бинобар ин, Ҳизби халқиву демократӣ масъалаи бамаротиб зиёд кардани соатҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттилоотиро дар мактабҳо пешбарӣ мекунад. Зеро надонистани забонҳои хориҷӣ ва мулоқот карда натавонистан, хуб аз худ накардани самти технологияҳои иттилоотӣ, сатҳи истифодаи ҷавононро аз имкониятҳои зиёд маҳдуд мекунад.
Боз як ҷиҳати муҳим ҳаст. Тавассути якбора зиёд кардани соатҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои иттилоотӣ дар нақшаҳои таълимии мактабҳо, мо рақобатпазирии хатмкунандагони мактабҳоро дар бозори меҳнат метавонем баланд бардорем.
Дар ин маврид Ҳизби демократии «Миллий тикланиш» дар барномаи худ дар муассисаҳои томактабӣ ва ибтидоӣ нагузаронидани машғулот аз рӯйи саводнокии компютериро пешбарӣ мекунад, ки ин моро дар тааҷҷуб гузошт. Дар ҳоле, ки технологияҳои муосири иттилоотӣ ба ҳар як ҷабҳаи ҳаёти мо фаъолона ворид шуда, ҷавонони мо барои омӯхтани соҳаи технологияи иттилоотӣ, ки яке аз касбҳои оянда маҳсуб мешавад, кӯшиш мекунанд ва волидон низ фарзандони худро барои ҳар чӣ зудтар ва аз ҷавонӣ мушаххас омӯхтани ин соҳа ба курсҳои иловагӣ медиҳанд, аён мешавад, ки ин ғояи ниҳоят консервативии рақиби мо ба замони имрӯза ҳамнафас нест.
Ҳизби халқиву демократии Ӯзбекистон дар самти ислоҳи низоми таълими олӣ низ як қатор пешниҳодҳои пешқадамро ба миён мегузорад.
Бахусус, ташаббуси мо дар бораи ҷорӣ кардани системаи ваучери таълим дар муассисаҳои таълими олӣ ба такмили минбаъдаи системаи таълим хидмат мекунад.
Якум, ваучерҳо ба донишҷӯён имкон медиҳанд, ки муассисаҳои таълимиро дар асоси хоҳишу ирода ва эҳтиёҷоти худ интихоб кунанд ва ба ин васила дастрасии онҳоро ба таҳсилоти босифат афзун месозад.
Дуюм, пурзӯр гардидани рақобат байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ангезаи муҳим бобати баланд бардоштани сифати хидматрасонии таълимӣ мегардад. Онҳоро барои ҷалби бештари донишҷӯён барои такмил додани барномаҳои худ, ҷорӣ кардани усул ва технологияҳои муосири таълимӣ ва рушди инфрасохтор водор менамояд.
Худро бо шуғл фаро гирифтан – асоси фаъолии иқтисодӣ
Ҳизби мо ба он назар аст, ки системаи ҳифзи иҷтимоӣ дуруст ба роҳ монда шавад, шаҳрвандони ниёзманд дар ҷомеа мавқеи худро пайдо мекунанд. Чунин ақидаҳои нодуруст низ мавҷуданд, ки гӯё ҳифзи иҷтимоӣ дар ҷомеа кайфияти муфтхӯриро зиёд мекунад. Аммо таҷрибаи давлатҳои пешрафта акси онро собит кардааст. Яъне, агар ҳифзи иҷтимоӣ манзилнок ва мақсаднок бошад, дар ҷомеа фаъолӣ, боварӣ, барқарорӣ пурзӯр мешавад.
Тааҷҷубовар аст, ки ба ин масъалаи муҳим дар барномаи худ Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон эътибори алоҳида надода, пешниҳодоти мушаххас пеш нагузоштааст. Дар ҳоле, ки худро бо шуғл фаро гирифтан омили муҳими афзудани фаъолии иқтисодӣ дар ҷамъият, вусъати ҳаракатҳои соҳибкорӣ ва хидматрасонӣ маҳсуб мешавад. Дар барномаи ҳизб дар мавриди таваҷҷуҳ ба рушди муҳоҷирати меҳнатии дохилӣ, васеъ намудани манбаъҳои дастгирии молиявии шуғли аҳолӣ таклифҳо пешниҳод шуда бошанд ҳам, аз рӯйи татбиқи онҳо механизмҳои мушаххасу амалӣ пешбинӣ нашудааст. Ҳизби либерал-демократӣ ба салоҳияти бузурги мардум дар ин бобат васеътар муносибат кунад, мувофиқи мақсад мегардид.
Вақте сухан дар бораи фаъолии иқтисодӣ ва таъмини шуғл меравад, албатта ба масъалаи беҳтар намудани шароит барои нафароне, ки худро бо шуғл фаро гирифтаанд, дахл кардан ҷоиз аст.
Ин навъи таъмини шуғл манфиатҳои зиёд дорад. Пеш аз ҳама, имкони қонунии дар хона кор кардан фароҳам оварда мешавад. Дар ин ҳифзи иҷтимоии онҳо таъмин мегардад, яъне онҳо дар бораи нафақа ғам нахӯранд ҳам мешавад. Зеро ба онҳо собиқаи корӣ ҳисоб мекунанд. Барои онҳо андоз аз даромад ё дигар пардохтҳо низ вуҷуд надорад. Танҳо дар як сол ба андозаи як баробари миқдори ҳисоби базавӣ супурдани андози иҷтимоӣ кифоя аст.
Агар фикр кунем, мардуми мо аз пеш ба чунин касбу ҳунарҳо шуғл варзидаанд. Масалан, ҳунармандӣ, устоӣ, заргарӣ, дуредгарӣ, сартарошӣ барин касбҳо аз қадим асоси зиндагии мардуми моро ташкил кардааст. Ҳизби халқиву демократӣ акнун беҳсозии шароит ва васеъ кардани имкониятҳоро барои нафароне, ки худро бо шуғл фаро гирифтаанд, зарур меҳисобад.
Мо сиёсатро аз рӯйи баробарии иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои ҳар як инсон дар асоси тамоюлҳои адолат, кам кардани фарқиятҳои иҷтимоӣ, кумак ба ниёзмандон, ихтисори камбизоатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани манбаи даромад пеши худ мақсад кардаем.
Ба Ҳизби халқиву демократӣ ва номзадҳои он ки ҳар доим дар бораи ҳимояи манфиатҳои мардум меандешанд, овоз диҳед!
Ферӯза МАДРАҲИМОВА,
Ким ВИТАЛИЙ,
номзадҳо ба депутатии Палатаи
қонунгузории Олий Маҷлис.