Муаллима Турсуной Ҳасанова бо чунин пандҳои бузургон ба мо сабақ медоданд.
Илм агар андак бувад, хораш мадор,
З-он, ки дорад илм қадри бешумор.
Муаллима Турсуной Ҳасанова бо чунин пандҳои бузургон ба мо сабақ медоданд.
Мо муаллимаро ним аср пеш дар остонаи мактаби рақами 13-уми Варзик шинохтаем. Моро бо хушу хурсандӣ, бо меҳри модарона пешвоз гирифта буданд. Ин рӯзҳои фаромӯшнашаванда барои мо – хонандагон як олам ҳаяҷон мебахшид. Ба даст қалам гирифтан, ҳарф шинохтану хонданро аз ҳамин муаллимаи меҳрубон омӯхта будем.
Муаллима дар дигар корҳои ҷамоатӣ низ ташаббускору пешсаф буданд. Дар ёдамон ҳаст, дар толори мактаб вақти холӣ хонандагонро саф ороста, мусобиқаҳои шеърхонию варзишӣ мегузаронданд, сурудҳо мехондем. Дар чорабиниҳои маънавию фарҳангии мактаб синфи мо фаъол буд. Дар синфамон 31 нафар хонанда дарс меомӯхтем. Муаллима дар ҳар як дарс оиди мавзӯъ аз ашёи аёнӣ, суратҳо ва ҷисмҳои гуногун истифода мебурданд ва ин дарс дар хотири мо мемонд. Мо – ҳамсинфон ҳамчун додару хоҳар аҳлу тифоқ будем. Ҳоло ин дӯстии мо бардавом аст. Якчанд ҳамсинфон ба муаллимаи аввалини пуртаҷриба ҳавасманд шуда, аз пайи ӯ рафтанд ва ҳоло ба нафақа баромадаанд. То ҳол аз устодамон хабар мегирему аз панду насиҳаташон баҳраманд мешавем.
Меҳнати шоёни муаллима якчанд маротиба аз тарафи ҳокимияти ноҳияи Чуст ва шуъбаи таълими халқии ноҳия ва вилоят рағбатнок гардонда шудааст.
Ба қарибӣ мо – ҳамсинфон хатми 40-солагии мактабро ҷашн кардем ва бори дигар ба давраи бачагӣ баргаштем. Солҳои мактабиро ба хотир овардем.
Турсуной Ҳасановаро ҳамчун бонуи оила, модари меҳрубон, муаллимаи пуртаҷриба, устоди муҳтарам ҳурматаш мекунанд. Хонаводаи муаллима дар маҳаллаи Майдон яке аз оилаи пешқадаму намунавӣ ба шумор меравад. Бо ҳамсарашон Мухторҷон Йӯлдошев (равонашон шод бод) 4 нафар фарзандро тарбия намуда, ба воя расониданд. Ҳар яки онҳо имрӯз маълумоти олӣ гирифта, пайрави модар шуданд. Гулчеҳра ва Гулҷаҳон – муаллимаҳои синфҳои ибтидоӣ дар мактаби рақами 58-ум, Музаффар муаллими мактаби рақами 60-ум ва Хуршедҷон – соҳибкор шуда фаъолият мебаранд. Ҳамсари Музаффар Саидабону низ муаллимаи синфҳои ибтидоии мактаби рақами 13-ум. Арӯси хурдӣ Мастона бошад, ҳамшира. 15 набераю абера ба хонадон файз мебахшанд.
Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Намангон.