Дар ин мактаб замоне як идда омӯзгорони соҳибтаҷриба, фидоии касби худ кору меҳнат мекарданд.
Якчанд нафар аз он устодон имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд. Ҳотам Бозоров, Норбой Деҳқонов, Нусратулло Ҳикматов (равонашон шод бод!) аз зумраи омӯзгорони хуб ва ба дараҷаи воло донандаи фанни худ буданд. Замоне Ҷамҳур Қӯқонов аз онҳо сабақ гирифтааст. Барои ба мактабҳои олӣ рафта таҳсил кардан дуои неки эшон ҳамеша ба дили Ҷамҳури ҷавон неру бахшидааст.
Соли 1985 дар шаҳри бостонии Самарқанд донишгоҳро хатм намуд ва боз ба деҳа – Ӯхми зебоманзар баргашт. Дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 14-уми деҳа паҳлӯи устодон кор кард. Ба шогирдон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс гуфт. Ҳоло Ӯктам Элмуродов, Умед Алимов, Хуршед ва Сӯҳроб Эргашевҳо ҳампешагони Ҷамҳур Қӯқонов ба шумор мераванд. Бори ҷамоаи омӯзгоронро бо якдигарфаҳмӣ, аҳлона пеш мебаранд.
Дар тӯли ин солҳо вазифаҳои гуногуни пурмасъулияти мактаб бар зиммааш гирифт. То соли 1995 ҷонишини директор оид ба корҳои маънавият ва маърифат буд. Маҳфилҳои зебо ва хотирмон маҳз бо саъю ҳаракати ӯ созмон дода шуд. Шогирдонаш борҳо дар озмунҳои фаннӣ дар марҳилаи вилоятӣ ва ҳатто ҷумҳурӣ пирӯзӣ ба даст оварданд. Аксари онҳо ҳоло дар ҷабҳаҳои гуногун кору меҳнат мекунанд. Фарҳод Неъматов дар соҳаи матбуот фаъолият мекунад, Ҳошим Қучқоров бошад, аз пайи омӯзгорӣ ва илм рафт.
Ҳар гоҳе, агар бо омӯзгорони куҳансол Толиб Қазоқов ва Эсабек Полвонов суҳбат ороем, дар омади гап аз боби устоду шогирдӣ ҳарф мезананд ва ҳатман номи Ҷамҳур Қӯқоновро ба забон мегиранд.
Усулҳои тозаи дарсҳои Қӯқонов борҳо ба семинарҳои методии омӯзгорон пешниҳод шуда, аз ҷониби ҳайат баҳои сазовор гирифтааст.
Ҷамҳур дар оила фарзанди калонӣ аст. Табиист, ки ҳамаи масъалаҳои оила, гоҳе вазниниҳои он бар дӯши нахустфарзанд меафтад. Бо вуҷуди ин Ҷамҳур саъй ва кӯшиш кард, ки фарзандонаш низ хонад, соҳиби ихтисоси зарурӣ гарданд. Бинобар ин писараш ҳоло дар бахши тоҷикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ мехонад.
– Ҷамҳур Қӯқоновро барои гирифтани нишон пешниҳод намудему дар ибтидо бисёр андеша кардем, ки оё арзандааст, – мегӯяд раиси Маркази миллии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов. – Баъдан пурра итминон ҳосил намудам, ки дар ин кор ҳаргиз ба иштибоҳ роҳ надодаем. Ҷамҳур Қӯқонов – фарзанди яке аз шоирони хушноми деҳа, шодравон Бобоҷон Қӯқонов ба ҳар гуна мукофот арзанда аст.
Дар воқеъ, имсол моҳи август зимни баргузории як анҷуман аз дасти ходимаи сафорати Тоҷикистон ҳамроҳи боз як муаллимаи соҳибистеъдод аз воҳаи Сурхон Саодат Сангинова нишони сарисинагӣ гирифт. Дар он чунин сабт ёфтааст:
«Барои хидматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас, тайёр намудани кадрҳои болаёқат ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо нишони Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон қадр карда мешавад».
Ин муждаи хушро шунида, ёру дӯстон, ҳампешагон дарҳол ба табрики ӯ шитофтанд. Меҳнати чандинсолаи омӯзгоре, ки роҳи устодонро идома мебахшад, ба таври муносиб қадрдонӣ карда шуд.
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ҶИЗЗАХ.