Воҳаи Сурхон, хоса сарзамини Бойсун, азбаски манзараҳои зебову табиати дилкушояш ошуфтадилонро табъи болида мебахшад, ҳамчун сарзамини шоирхез маъруф ва машҳур гаштааст.
Ин сарзамини бостонӣ чандин шоир ва аҳли адабро ҳусни камолот бахшидааст. Яке аз онҳо шоири ширингуфтори дарбандӣ, омӯзгори соҳибтаҷриба Шодӣ Карим мебошад, ки бо ашъори ноби хеш маҳбубу манзури дилҳо гаштааст.
Шодӣ Карим 20 сентябри соли 1953 дар деҳаи Дарбанди ноҳияи Бойсун ба дунё омадааст. Давраи таҳсилоти ӯ солҳои 1960-1970 мактаби миёнаи рақами 9-и деҳа, солҳои 1971-1976 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Солиёни зиёд дар макотиби тоҷикии Ӯзбекистону Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик фаъолият кардааст. Ашъори ӯ дар матбуоти даврӣ ва ҳамчунин дар маҷмӯаҳои дастҷамъии «Нури дида», «Чил қалам», «Чашмасор», «Бойсун баёзи», «Гули мурод», «Муборак дамлар», «Боғи бисёрдарахт», «Аз Самарқанди чу қанд», «Донишномаи забон ва адабиёти форсӣ дар Ӯзбекистон», «Форсисароёни Ӯзбекистон», «Сарводаи Сурхон», «Суханварони водии Ҳисор», «Сафинаи сухан» ва китобҳои алоҳидаи ӯ «Тифли шеър», «Чашму чароғ», «Ишқи дунёгир», «Фариштаҳо дуо кунед» чоп шудааст. Инчунин, намунаҳои эҷодии шоир дар барномаҳои радио ва телевизиони ҳар ду кишвар низ пахш гардидаанд.
Шодӣ Карим соли 1999 дар анҷумани омӯзгорони эҷодкори Ӯзбекистон ширкат варзида, дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи якумро ишғол намуд ва сазовори нишони фахрии «Ижодкор ӯқитувчи» ва «Аълочии маорифи Ӯзбекистон» гардид. Шодӣ Карим баъди дардҳои шадиду тӯлонӣ 26-уми сентябри соли 2020 ин ҷаҳони фониро падруд гуфт.
Чанде қабл дар шуъбаи тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тирмиз нишасти адабӣ бахшида ба 70-солагии шоир бо номи «Давлати ман шеъру шеърам давлат аст» баргузор гардид. Дар он шоирон, зиёиён, донишҷӯён ва устодон, мухлисон, дӯстон ва пайвандони шоир иштирок ва суханронӣ карданд. Аз ҷумла сардабири маҷаллаи илмӣ-адабӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» Асадулло Исмоилзода таъкид намуд, ки имрӯз рӯзи бузургдошти шеър ва адабиёт аст. Зеро дар ин рӯзи нуронӣ асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик, Одамуш-шуаро Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва санаи валодати шоири хушбаёни дарбандӣ Шодӣ Карим мебошад.
Сармуҳаррири рӯзномаи «Ховар» Олим Панҷизода дар бораи китоби «Фариштаҳо дуо кунед»-и шодравон Шодӣ Карим, ки дар арафаи 70-солагии шоир ба чоп расидааст, маълумот дод. Дар китоб ашъори дар дигар маҷмӯаҳо чопнашудаи Шодӣ Карим ва шеъру мақолоти дар васфи шоир таълифгардидаи аҳли адаб ва донишҷӯён ҷойгузин шудааст.
Баромади донишҷӯён, аъзоёни маҳфили адабии «Чашмаи хуршед», ки иборат аз шеърхонӣ ва рақсу суруд буд, табъи ҳозиринро болида гардонид.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ғолибони озмуни «Ишқи дунёгир», ки дар сарпарастии Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Сурхондарё, таҳририяти «Ховар», маҳфилҳои адабии «Амвоҷи Вароруд» ва «Чашмаи хуршед», маҷаллаи « Дурдонаи Шарқ» бахшида ба 70-солагии шоир дар ду бахш – қироати ашъори Шодӣ Карим ва мақолоту эҳдоҳо дар васфи ӯ баргузор гардида буд, бо сертификат ва туҳфаҳо сарафроз гардонида шуданд.
Шукрулло СИРОҶ,
донишҷӯйи бахши тоҷикии факултаи филологияи ДД Тирмиз.