Адибони аз синни 85 боло дар Ӯзбекистон башумор мондаанд.
Яке аз онҳо шоири суруднавис Барот Исроил, ки бо вуҷуди куҳансолӣ ҳамон дар майдони эҷод аст. Ба наздикӣ дар Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон рӯнамоии китоби нави ӯ «Асрийнома ё худ Баротийнома» баргузор гардид.
Барот Исроил соли 1938 дар деҳаи Тошсойи ноҳияи Ӯрта Чирчиқ (Оҳангарони имрӯза) ба дунё омадааст. Соли 1953 бо ихтисоси матбаачӣ техникуми полиграфии Тошкандро хатм намуд ва баъдтар чанд муддат дар матбааи рақами якуми пойтахт фаъолият пеш бурд.
Нахустин шеъраш «Имтиҳон» асное коргари ҷавон буд, дар рӯзномаи ноҳиявӣ рӯи чоп дид. Вақте дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд ба номи Низомӣ мехонд, бо ашъори навмашқона бо чанде аз нашрҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуд. Солҳои 1966-1970 дар рӯзномаи бачагонаи «Ленин учқуни» («Тонг юлдузи») ҳамчун ходими адабӣ кор кард ва барои бачаҳову калонсолон муттасил шеърҳо навишт.
Аввалин дафтари шеъриаш соли 1972 бо унвони «Бойчечак» аз чоп баромад. Ба нахустмаҷмӯаи ӯ Шоири мардумии Ӯзбекистон Миртемир сарсухан навиштааст. Баъдан китобҳои шеъриаш пайиҳам рӯи дунё шуданд.
Барот Исроил асари таърихӣ-адабие бо унвони «Авлиёи туронӣ» навиштааст, ки дар хусуси ҳаёту фаъолияти Наҷмиддини Куброст.
Шоир дар Телерадиоширкати Ӯзбекистон низ хидмат кардааст. Дар асоси достони бачагонаи ӯ «Шавҳар ва шеър» операе офарида шуд бо номи «Султони ҳайвонот». Дар асоси достони «Забони ширини Алишер» бошад, радиоинсенеровка гузошта шуд.
Дар солҳои истиқлолият бештар хотира ва лавҳаҳо бахшида ба шахсиятҳои номвар эҷод намуд, ки онҳо дар «Дафтари хотира» ва «Ҳикматҳои ҳаёт – ҳикматҳои умри ман» ном китобҳои адиб ҷой дода шудаанд. «Асарҳои мунтахаб»-и панҷҷилдааш низ ба дасти хонандагон расид.
Барот Исроил баробари шеърҳои ҷудогона дар шаклҳои гуногун ҳамчунин чандин ғазал навишт, ки қисме аз онҳо ба оҳанг дароварда ва сароида мешаванд. Ҳамкории шоир бо оҳангсозони номии Ӯзбекистон ҳанӯз идома дорад.
Дар чорабиние, ки шаш сол қабл аз ин дар қасри маданияти «Дӯрмон»-и ноҳияи Қибрай рӯи кор омад, баромадкунандагон гуфтанд, ки суруднависи маъруф Барот Исроилро «булбули воҳа» номем, хато намешавад. Сурудҳо бар ашъори Барот Исроил, ки ҳофизони номӣ иҷро кардаанд, дар фонди тиллоии радиокомитет маҳфуз дошта мешаванд. Он рӯз дар баробари адибон – дӯстону шогирдони шоири куҳансол, ҳамчунин санъаткорони шинохта Хайрулло Лутфуллоев, Ойбек Ҳамроқулов, Тошпӯлот Маткаримов ва марҳум Ортиқ Отаҷонов дар ҳақи ӯ суханони самимӣ баён карда буданд.
Дар рӯнамоии китоби нави ӯ «Асрийнома ё худ Баротийнома», айни замон, шоиру нависандагон, эҷодкорони ҷавон ва ихлосмандони адабиёт дар бораи ҳаёт ва фаъолияти шоири куҳансол ҳарф заданд, фазилатҳояшро бо муҳаббат хотирнишин сохтанд. Раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййидов гуфт дар мамлакати мо, ки ба адабиёт ва маънавият эътибор пурзӯр аст, бо мақсади аз нигоҳи маънавӣ рӯҳбаландсозии аҳли қалам, хусусан, адибони куҳансол бобати чопи асарҳои эшон корҳои муттасил пеш бурда мешаванд.
Баъд ӯ бобати ҷиҳатҳои ба худ хоси Бароит Исроил ҳарф зад ва таъкид сохт зикршуда чун яке аз пирони адабиёти рӯз дар тарбияи адибони ҷавон низ саҳм мегузорад ва самтҳои фаъолияташ ба боз ҳам пурзӯр намудани меҳр ва таваҷҷуҳи ҷавонони мо ба адабиёти миллӣ нигаронида шудаанд.
М. ШОДИЕВ.