Дар давоми даҳсолаҳои охир бори аввал дар натиҷаи боришоти шадид Саҳрои Кабир қисман зери об мондааст, навишта шудааст дар хабари рӯзномаи “Independent”.
Гуфта мешавад, ки «обхезӣ дар байни дарахтони хурмо ва регзорҳои Саҳрои Кабир ҳавзҳои оби кабудро ба вуҷуд овардааст».
Бар асари номусоидии обу ҳаво дар Марокаш ва Алҷазоир 20 нафар ба ҳалокат расиданд. Деҳқонони махаллӣ низ зарари ҷиддӣ диданд.