Раиси Сенат дар доираи сафар ба Душанбе бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот кард

Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева дар доираи сафари худ ба Душанбе бо Раиси Маҷлиси Миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон Соҳиба Ғафорова мулоқот анҷом дод.

Дар оғози сӯҳбат раиси Сенат Танзила Нарбоева Соҳиба Ғафароваро бо бобарор гузаштани интихобот ва ба мақоми раиси парлумони Озарбойҷон интихоб шуданаш табрик намуда, изҳори боварӣ кард, ки ҳамкориҳои сатҳи баланд ва робитаҳои зичи мақомоти қонунгузории ду кишвар дар оянда боз ҳам таҳким хоҳанд ёфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид карданд, ки ба туфайли муносибатҳои дӯстонаи роҳбарони ду давлат ҳамкориҳои байниҳамдигарии мамлакатҳо босуръат инкишоф меёбанд.

Дар рафти суҳбат қайд карда шуд, ки рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷониба, барои боз ҳам васеъ гардидани робитаҳои байни мақомоти қонунбарор хизмат мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот раҳбарони порлумон аз рӯйи ба сатҳи баландтар бардоштани ҳамкориҳои порлумонҳои ду кишвар дар оянда, таҳкими муносибатҳоро дар асоси “харитаи роҳ”-и нав, ки барои солҳои 2024-2025 пешбинӣ шудааст, ба созиш расиданд.

С.Ғафарова дар навбати худ барои дар асоси тамоюлҳои эътирофшудаи демократии байналмилалӣ, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани интихоботи дарпешистода дар кишвари мо муваффақият таманно намуд, хабар медиҳад Хидмати матбуоти Сенати Маҷлиси Олӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: