Ҳайати вакилони вилояти Фарғона таҳти роҳбарии муовини ҳокими вилоят – Хуршедҷон Аҳмедов дар ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ ва сайёҳӣ иштирок намуданд, ки дар маркази маъмурии вилояти Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон – шаҳри Боткент баргузор шуд.
– Дар ҳамоиш байни вилоятҳои ҳамҷавори ду кишвар – Фарғона ва Боткент ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки ба ҳамкориҳо дар соҳаи туризм нигаронида шудааст. Ин ҳуҷҷат имкон фароҳам хоҳад овард, ки байни ду вилоят ҳамкорӣ дар соҳаи туризм беш аз пеш рӯ ба тавсеа оварад, – гуфт Хуршедҷон Аҳмедов.
Вай изофа намуд, ки аъзои ҳайат бо ширкати худ дар конфаронс таҳти унвони «Асосҳои муҳими тараққиёти туризм», ки дар ҳошияи ин ҳамоиш ба вуқӯъ пайваст, дар бораи ташкили саёҳатҳо ба қаламрави ҳамдигар дар байни вилоятҳои водии Фарғона ташаббус зоҳир намуданд. Ин ташаббуси онҳо дар байни иштирокчиёни ҳамоиш ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо кард.
Дар доираи форуми байналмилалӣ бо иштироки соҳибкороне, ки дар соҳаҳои саноат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ фаъолият мекунанд, ярмарка ташкил карда шуд. Инчунин дар робита бо ифтитоҳи як корхонаи муштарак бо ширкати «Evro Servis Grup»-и Боткент ба мувофиқа расиданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.