ЗИЁРАТГОҲ ОБОД МЕШАВАД

Дар маҷмааи зиёратгоҳи пири тариқати нақшбандия – Махдуми Аъзами Косонӣ, ки дар ноҳияи Косонсойи вилояти Намангон воқеъ аст, боз як зиёратгоҳ – мақбараи мутафаккир ҷой гирифтааст.

Ибтидои солҳои 2000-ум бо ташаббуси ҳокими ҳамонвақтаи вилоят Икромхон Наҷмиддинов дар болои қабри Мавлоно Сайид Ҷалолуддин мақбара бунёд шуда, гирду атрофи он обод гардида буд. 
Бо гузашти вақт мақбара дар зери таъсири боду ҳаво ба ҳолати ногувор афтод. Бинобар хулосаи комиссияи махсуси ҳокимияти вилоят мақбараро барои аз нав бунёд кардан қарор ва маблағи зарурӣ ҷудо гардид. 
Чанде пеш ҳокими вилоят Шавкат Абдураззоқов бо мақсади аз наздик шинос шудан бо рафти корҳои бунёдкорӣ ба зиёратгоҳ омад. Ҳангоми шиносшавӣ дар зиёратгоҳи нав бо бинокорон мулоқот ороста, оиди мушкилоту масъалаҳои дарпешистода фикру мулоҳиза ва таклифу тавсияҳои худро баён намуд. 
Дар оянда маҷмааи нав ба яке аз зиёратгоҳҳои ҷолиби диққати сайёҳон  табдил хоҳад ёфт.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: