Нишасти матбуотӣ
Бо ташаббуси Ҷамъияти саҳҳомии «Шабакаҳои миллии электри Ӯзбекистон» дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияҳои оммавӣ бахшида ба корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 дар шабакаҳои асосии барқӣ ва зеристгоҳҳои баландшиддат нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси ҷамъияти саҳҳомӣ Дадаҷон Исоқулов таъкид кард, ки корхона асосан ба интиқоли неруи барқ аз манбаъҳои тавлидӣ ба шабакаҳои тақсимотӣ ва транзити байнидавлатӣ, инчунин корҳои навсозӣ, сохтмон, васлкунӣ ва таъмири шабакаҳои баландшиддати барқ ва зеристгоҳҳо шуғл меварзад.
Дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ тавассути шабакаҳои асосии барқ ба маблағи 54,3 миллиард киловатт-соат неруи барқ интиқол дода шуд ва нақша 100 дарсад иҷро гардид. Суръати афзоиш нисбат ба давраи мутаносиби соли гузашта 103,2 фоизро ташкил кард.
– Тибқи барномаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 ҷиҳати омода намудани таҷҳизоти барқӣ ба мавсим 22 чорабинӣ гузаронида шуд, – гуфт муовини якуми раиси раёсати ҷамъият Абдумалик Назиров. – Бо мақсади бартарафсозии камбудиҳое, ки соли гузашта дар вазъиятҳои фавқулодда ба чашм расиданд, шабакаҳои барқ пурра санҷида ва чораҳо андешида шуд. Ба стансияҳои ёрирасон ва шабакаҳои интиқоли барқ коркунони масъул вобаста карда шуданд.
Инчунин, 310 трансформатор, 1677 коммутатор, 12 агрегати компрессорӣ ва шабакаҳои барқӣ дар масофаи 5490,2 километр таъмири ҷорӣ гардид.
Шабакаҳои барқи дорои шиддати 220-500 кВ дар масофаи 12250 километр аз назар гузаронда ва зиёда аз 6000 изолятор гузошта шуд.
Ғайр аз ин, дар рафти санҷиши нуқтаҳои васлшудаи шабакаҳои барқӣ ва таҷҳизоти барқии зеристгоҳҳо зиёда аз 200 мушкилот ошкор гардида, ҳолатҳои фавқулодда пешгирӣ шудааст.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».