ИСЛОҲОТ ВА ДИГАРГУНИҲО ДАР НИЗОМИ ИНТИХОБОТ

Дар мамлакат маъракаи омодагӣ ба интихоботи вакилони халқ ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ идома дорад.

Дар бисёр нишасту вохӯриҳо ба мушоҳида мерасад, на ҳама интихобкунандагон  аз моҳият ва аҳамияти ислоҳоти марбут ба интихобот, ки дар Ӯзбекистон гузаронида шудаанд, ба хубӣ огоҳӣ доранд. Тасмим гирифтем, дар заминаи қонунҳои қабулгардидаи соҳа маълумоти мухтасар пешниҳод намоем.
Яке аз вазифаҳои устувори ислоҳот дар ҷараёни бунёди Ӯзбекистони Нав таъмини ҳуқуқи инсон мебошад. Барои таъмини фаъоли ҷараёнҳои демократӣ дар ҳаёт, иштироки фаъоли шаҳрвандон дар идораи ҷамъият ва давлат, ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандонро дар интихобот ҳарҷониба таъмин намудан зимни қабули таҳрири нав ба Конститутсия дигаргуниҳо ворид карда шудааст. Дар ин замина ба қонунҳои соҳаи интихобот ва райъпурсӣ низ зимни таҷрибаи ҳосилгардидаи интихоботӣ ва омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешрафта ислоҳот ва дигаргуниҳои ба пешрафти ҷамъият хос ворид карда шудаанд.
Аввалан, ҳар шаҳрванди 18-сола новобаста аз аҳволи иҷтимоӣ ва молумулкӣ, мансубияти миллӣ ва нажодӣ, ҷинс, забон, муносибат ба дин, навъу шакли машғулият ҳуқуқи интихоб кардан дорад. Ин ҳуқуқ дар маъракаҳои интихобот бо чораҳои ташкилӣ кафолат дода мешавад. Дар асоси қонуни шаҳрвандӣ шахси синнаш дар рӯзи интихобот ба 18 расида, ки дар қаламрави маҳалли интихобот доимӣ ё муваққатӣ истиқомат мекунад, ҳуқуқи дар интихобот иштирок кардан дорад, ба рӯйихати интихобкунандагон ворид мешавад.
Шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, ҳуқуқ доранд дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ иштирок намуда, мувофиқи иродаи худ овоз диҳанд.
Мувофиқи Конститутсияи таҳрири нав, ки пас аз муҳокимаҳои бардавом зимни райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ба ҳафт қонун ва як кодекси ҷараёни интихобот иловаҳо ворид карда шуд.Тибқи қонунҳои нави конститутсионӣ интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис интихоботи омехта, яъне можаритар ва пропорсионал ҷорӣ карда шуд. Интихобот ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис бо усули омехта гузаронида мешавад. 75 нафар, яъне 50 фоизи депутатҳои палатаи поёнӣ бо усули можаритар (умумӣ) чун анъана интихоб мешаванд. 50 фоизи боқимонда, яъне 75 нафари дигар ба тариқи пропорсионал интихоб карда мешаванд. Пас ҳар як интихобкунанда дар интихобот тариқи ду бюллетен овоз медиҳад: яке ба шахси алоҳида ва дувумӣ ба ҳизби сиёсии дилхоҳ. Дар интихоботи пропорсионал интихобкунанда ба шахси алоҳида не, балки ба ҳизби сиёсӣ овоз медиҳад. Ин тарзи интихобот ба ҳизбҳои сиёсӣ имконияти бештари фаъолиятро дар парламент фаро меоварад.Ҳизбҳои сиёсӣ мувофиқи овозҳои гирифтаашон ба парламент намояндагони худро пешниҳод мекунанд. 
Дар интихоботҳои гузашта аз 150 ҳавзаи интихоботӣ 150 нафар депутат ба Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис интихоб мегардид. Дар интихоботи ҷорӣ бошад, ба ҷойи 150 ҳавзаи интихоботӣ 75 ҳавза ташкил шудааст. Ба замми ин дар интихоботи можаритарӣ (умумӣ) барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ монеаҳо вуҷуд дошт. Агар номзадони пешбаринамудаи  ҳизбҳои сиёсӣ аз 50 фоиз кам овоз мегирифтанд, овоздиҳии такрорӣ сурат мегирифт ва он ташвиш ва хароҷоти иловагиро тақозо дошт. Чунончи, дар интихоботи соли 2019 дар 25 ҳавзаи интихоботӣ овоздиҳии такрорӣ сурат гирифта буд. Ҳазорҳо нафар шаҳрвандон ба овоздиҳии такрорӣ ҷалб карда мешуданд. Ҳамчунин, дар сурати холӣ шудани яке аз мандатҳо ва барои пур кардани ҷойи он дар ҳамон ҳавзаи интихоботӣ овоздиҳии такрорӣ сурат мегирифт. Афзалияти интихоботи пропорсионалӣ он аст, ки дигар овоздиҳии такрорӣ сурат нагирифта, ҳизби сиёсӣ намояндаи худро ба мандати депутатӣ пешниҳод мекунад ба Палатаи қонунгузорӣ.
Мувофиқи қонунҳои нав дар шумораи мандатҳои депутатҳои Шӯроҳои вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ низ тағйирот ба миён омад. Акнун миқдори депутатҳои Шӯроҳои маҳаллӣ вобаста ба шумораи аҳолӣ муайян гардида, интихоб карда мешаванд. Шумораи депутатҳои вилоятиро Шӯрои депутатҳои вилоятӣ нисбати нуфуси шаҳрвандон муайян мекунад. Ҳудуде, ки аҳолиаш то 2 миллион нафар аст, 30-40 нафар,  агар дар ҳудуд аз 2 то 3 миллион нафар аҳолӣ бошад, 40-50 нафар ва ҳудуде, ки аҳолиаш аз 3 миллион зиёд аст, 50-60 нафар депутат интихоб карда мешавад.
Медонем, ки то ин интихобот депутатҳо ба Шӯроҳои ноҳияӣ новобаста ба нуфуси аҳолӣ 30 нафар интихоб карда мешуд. Тибқи қонунгузориҳои нав миқдори дупутатҳои ноҳиявию шаҳрӣ низ мутобиқи нуфуси аҳолӣ интихоб карда мешаванд. Дар ҳудудҳое, ки аҳолӣ то 30 ҳазор нафар буду бош дорад аз 10 то 15 нафар, аз 30 000 то 100 000 нафар 15-20 нафар, аз 100 то 300 000 20-25 нафар, агар миқдори аҳолӣ аз 300 ҳазор нафар зиёд бошад, 25-30 нафар депутат мувофиқи қарори Шӯрои ноҳиявӣ ё шаҳрӣ интихоб карда мешавад.
Ҳамин тариқ  мушоҳида мешавад, ки ҳавзаҳои интихоботӣ 50 фоиз кам гардидааст. Дар ин ҷараён хароҷот сарфа гардида, ташвиш ва ба қитъаҳои интихоботӣ такроран омадани шаҳрвандон пешгирӣ мешавад. Ин ҷо мо танҳо дар хусуси як ҷабҳаи ислоҳоти соҳаҳои интихобот сухан рондем. Дар асл ислоҳоти соҳа хеле фарогиранд.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: