Мо ағбаи Анзоб ва нақбҳои зиёди онро убур намуда, вориди дараи хушбоду ҳавои Варзоб шудем.
Вақте ки мошин аз рӯди Варзоб ба самти Душанбе ҳаракат мекард, ҳамсафарам – Камолиддини Азизиён чашм аз тамошои манзараҳои зебо наканда гуфт:
– Ҳаргиз интизор набудам, ки баъди роҳҳои морпечу нақбҳои зиёд чунин табиати хурраму биҳиштосо, рӯди шӯху пурмавҷи обаш мисли осмон мусаффо моро истиқбол мегиранд.
Камолиддин дӯсти давраҳои ҷавониам аст. Вай 46 сол муқаддам барои дохилшавӣ ба яке аз донишкадаҳои шаҳри Душанбе омадааст, вале ба далели камбуди ҳуҷҷатҳо ба деҳаи Бозори куҳнаи ноҳияи Сӯх баргаштааст. Баъд тақдир ӯро ба Донишкадаи омӯзгории Херсон роҳнамоӣ кардааст ва риштаи забон ва адабиёти русро хатм намудааст. Баробари ворид шудани мо ба шаҳри Душанбе Камолиддин аз биноҳои баланду осмонбӯс чашм наканда гуфт:
– Ин шаҳр ба он шаҳре, ки дастикам ним аср пеш дида будам, ҳаргиз монанд нест. Он хеле тағйир ёфтааст!
Воқеан, Душанбе аз он шаҳри солҳои 70-80-уми қарни гузашта ба куллӣ фарқ мекунад. Махсусан тайи ду даҳсолаи охир дар ин шаҳри ҷавонии мо кӯчаву хиёбонҳои наву васеъ, иморату иншоотҳои гуногуни осмонбӯс арзи вуҷуд намудаанд, ки симои онро ба таври шинохтанашаванда тағйир додаанд.
Корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмуддин Саттор, ки аз шарикдарсони давраи донишҷӯйиам мебошад, гуфт, ки дар назди бинои Филармонияи давлатии кӯдакони Тоҷикистон вомехӯрем. Вай илова кард, ки бинои он дар шафати собиқ Китобхонаи ба номи Фирдавсӣ воқеъ гаштааст. Ҳамроҳи Қиёмуддин моро Наргис Розиқова пазироӣ намуд.
– Маълуматон бод, ки шиноси дерини ману шумо – Наргис Розиқова бар маснади директори Филармонияи давлатии кӯдакони Тоҷикистон нишаст. Барои ҳамин аз мақоми роҳбари бадеии Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон истеъфо дод, – гуфт Қиёмуддин Сатторӣ бо хитоб.
Дарёфтам, ки чаро ӯ маҳз ин ҷоро барои вохӯрӣ интихоб кардааст.
– Хеле хабари хуш! Табрики маро бипазиред, Наргис, – гуфтам.
– Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 июли соли ҷорӣ «Дар бораи таъсиси Филармонияи давлатии кӯдакони Тоҷикистон» қарори вижаеро ба имзо расонид. Ин филармония дар заминаи амвол ва воҳидҳои кории «Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ – Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон» таъсис ёфт, – гуфт Наргис Розиқова.
Шиносоии мо бо ин зани фурӯтану хоксор, аммо ба кору вазифаи худ басо масъулиятшинос соли 2018 дар назди Театри давлатии лӯхтак ба вуқӯъ пайваста буд. Ман ва Имомалӣ Эргашеви паркентӣ, Зайниддин Иброҳимови ангренӣ – се шарикдарси ӯзбекистонӣ баъди танаффуси дуру дароз ба шаҳри Душанбе рафтем. Қиёмуддин Сатторӣ – роҳбари адабӣ ва Наргис Розиқова – роҳбари бадеии ин театр ҷойи буду боши моро дар ду утоқи бӯстонсарои ин театр дуруст карданд.
Ҳамон сол кормандони театр дар майдони пушти сари бинои он маросими наврӯзӣ барпо намуданд. Мо ва ҳамдарси дигари мо – доктори улуми филология, устоди ДМТ Бадриддин Мақсудов ба аҳли ҷамоаи театр пайвастем ва ҳамроҳи онҳо иди Наврӯзро бо тантанаи хос таҷлил намудем.
Рӯзе паёми Наргис Розиқоваро хондам ва вай хабар медод, ки Театри давлатии лӯхтаки вилояти Фарғона меҳмони кӯдакони Душанбешаҳр шуд. Намоишномаҳои онҳо ба кӯдакон хеле писанд омад. Баъд илова кард, ки акнун сафари эҷодӣ навбати онҳост, барои ҳамин мехоҳад донад, ки ғайр аз шаҳрҳои Фарғонаву Марғелон ва Риштон намоишномаҳои худро боз дар кадом шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона тақдими кӯдакон кунанд.
– Дар ҳама ҷо кӯдакон намоишномаҳои театри шуморо хеле хуб пазироӣ хоҳанд кард. Аммо агар гурӯҳи шумо ба ноҳияи тоҷикнишини Сӯх сафари эҷодӣ анҷом диҳад, басо ба мақсад мувофиқ хоҳад буд. Зеро кӯдакони ин ноҳияи дурдаст дар саҳна кайҳо ба забони модарии худ ягон намоишнома тамошо накардаанд.
Ин машваратро директори Театри лӯхтаки вилояти Фарғона Таваккал Султонов ва Наргис Розиқова бо хушҳолӣ пазируфтанд. Дарҳақиқат, сафари эҷодӣ барои кӯдакону наврасони Сӯх ҳодисаи фаромӯшнопазир гардид. Ҳунармандони Театри давлатии лӯхтаки Тоҷикистон аввал дар толори Кохи фарҳанги ноҳия ва баъд дар толорҳои чандин муассисаи таълимӣ намоишномаи «Маликаи шӯх»-ро намоиш доданд ва боиси роҳату фароғат ва шавқу сурури кӯдакони зиёд гардиданд.
– Чунин сафарҳои эҷодӣ минбаъд низ бояд аз тарафи ҷамоаи Театри давлатии лӯхтаки ду кишвар зуд-зуд ба роҳ монда шаванд, зеро ин иқдом барои мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстиву рафоқати байни ду халқ хеле мусоидат хоҳад кард, – гуфт Розиқова.
Дар пайи ин дидору мулоқот мо ба Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ворид шудем, ки дар ҳамсоягии филармония воқеъ гаштааст. Ин ҳамон бинои Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ буд, ки айёми донишҷӯйи вақти худро он ҷо сипарӣ мекардам. Нигорандаи ин сатрҳо маҳз дар ҳамин махзани китоб, бо истифода аз бастаи матбуоти даврӣ рисолаи дипломиамро дар мавзӯи «Рӯзномаи «Правда» дар бораи саноати Тоҷикистон» таълиф кардаам.
Директори ин китобхона бародари ҳамдарсу ҳамсабақамон, зодаи ноҳияи Восеъ Наҷот Сафарзода – Ҳусейн муаррифӣ шуд. Лаҳзае нагузашта вай моро бо Наҷот Сафарзода васл кунонд ва мо тавонистем, ки бо ҳамкурси беш аз чиҳил сол надидаву бехабари худ суҳбат кунем. Ногуфта намонад, ки дар ҳамин мулоқот ғояи азми сафари минтақаи Кӯлоб пайдо шуд, ки тафсилоти он дар гузориши дигар бозтоб хоҳад ёфт.
Хазинаи китобҳои ин китобхона зиёда 125 ҳазор арзёбӣ гардид. Ба гуфтаи Ҳусейн Сафарзода Ҳукумати Тоҷикистон барои хариди адабиёти тозанашр маблағи зиёд ҷудо намудааст. Вай таъкид варзид, ки адибон ва шахсони хайрхоҳ ба хазинаи китобхона даҳҳову садҳо адад китоб ҳадя мекунанд, ки ба забонҳои гуногун нашр шудаанд.
Аёдати яке аз қаламкашони маъруфи тоҷик, зодаи Сӯхзамин ва муқими Душанбешаҳр Марямбонуи Фарғонӣ низ ҷолибу хотирмон буд. Бо вуҷуди андак хастаҳолӣ ӯ моро хеле хуб пазироӣ кард.
– Шумо бӯйи Сӯхи бостониву бӯстонӣ ва мардуми шарифи онро ба машомам овардед. Устодам Салоҳиддин Завҳаровро хеле пазмон шудаам. Он кас яке аз шахсиятҳои закиву донишманди Сӯх ба шумор мераванд. Худо умрашонро дароз кунад. Аммо устодони зиёдамон, ки барои ба дараҷаҳои баланд расидани мо барин шогирдон хидматҳои шоиста кардаанд, ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Худо ҳамаашонро биёмурзад, – гуфт бо оби дида Марямбону.
Баъд дар бораи Аълочии маорифи Тоҷикистон, устоди омӯзгорон Бегалӣ Болтаев бо ҳарорату меҳри баланд ҳарф зад. Ҳоло Бегалӣ Умаровичи 95-сола дар деҳаи Ҳушёр ба сар мебарад ва ҳанӯз ба кумаки касе муҳтоҷ нашудааст. Марямбону хоҳиш кард, ки дуруд ва сипоси беандозаашро ба ин пири хирад расонам, зеро маҳз ӯ барои сокини Душанбешаҳр шудан ва ҷойи кор пайдо карданаш мадади калон расонидааст.
Баъд барои чанд соат ба тамошои шаҳр баромадем. Дар давоми шаш соле, ки дар ин шаҳр набудам, маркази он қабои наву тоза гирифтааст. Аз ҷумла, биноҳои нави Ҳукумат ва Парлумони Тоҷикистон, «Майдони Истиқлол» ҳусни шаҳрро хеле афзудаанд. Сайру гашти шабона дар «Майдони Истиқлол», тамошои «Бурҷ»-и он бо баландии 120-метр, рақси фаввораҳои гуногунранг табъи моро болида сохт. Гуфта мешавад, ки маросими кушоиши ин майдони бовиқору хушнамо расо ду сол қабл баргузор шудааст ва баъд он ба фароғатгоҳи пуршукӯҳи пойтахти Тоҷикистон табдил ёфтааст.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
ПАНҶАКЕНТ – ДУШАНБЕ.