Ӯзбекистон дар индекси ҷаҳонии гуруснагӣ дар мақоми чандум қарор дорад?

Индекси глобалии гуруснагӣ шохиси ҷаҳонии гуруснагӣ барои соли 2024-ро эълон кард.

Дар рейтинги имсола 127 кишвар ширкат карданд. Дар рейтинг холҳои ниҳоӣ ҳар қадар пасттар бошанд, ҳамон қадар шумораи шаҳрвандони гурусна дар кишвар кам мешавад. Таҳқиқот чаҳор меъёрро баррасӣ кардааст: ҳолатҳои хароб гардидан дар байни кӯдакони то 5-сола, бозистодани инкишофи қад, ҳолатҳои марг ва шикамсерӣ таом нахӯрдани аҳолӣ.

Дар рейтинг 22 кишваре, ки камтар аз 5 хол ба даст овардаанд, пешсафанд. Дар байни онҳо Ӯзбекистон ҳам ҳаст. Ба гуфтаи муаллифони пажӯҳиш, дар Ӯзбекистон 6,5 дарсади кӯдакони то 5 сола бар асари камғизоӣ қадпаст монда, дар 2,4 дарсади кӯдакони то 5 сола харобанд ва 1,3 дарсад то расидан ба синни панҷсолагӣ мефавтанд.

Республикахои бокимондаи Осиёи Миёна чойхои зеринро ишгол карданд;

Дар раддабандии Шохиси ҷаҳонии гуруснагӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ давлатҳои дигар чунин мавқеъҳоро касб кардаанд:

- Қазоқистон – 5,3 хол, дар мақоми 25-ум;

- Қирғизистон – 6,8 хол, дар мақоми 36-ум;

- Туркманистон – 9,5 хол, дар мақоми 50-ум;

- Тоҷикистон – 13,7 хол, дар мақоми 65-ум.

Тақрибан ҳамаи ин кишварҳо дар радифи давлатҳое ҳастанд, ки мизони гуруснагӣ "паст" аст ва танҳо Тоҷикистон дар гурӯҳи "мӯътадил" қарор дорад.

Ба 10 давлате, ки мушкили гуруснагӣ вуҷуд надорад, мамлакатҳои Беларус, Босния ва Ҳерсеговина, Чили, Чин, Коста-Рика, Хорватия, Эстония, Гурҷистон, Маҷористон ва Қувайт шомиланд. Кишварҳое, ки сатҳи баланди гуруснагӣ доранд, Судони Ҷанубӣ, Бурунди, Сомалӣ, Яман ва Чад мебошанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: