Нависандаи амрикоӣ Луиза Ҳей дар китоби «Шифои зиндагӣ» навиштааст, ки тамоми бемориҳо аз афкор сарчашма мегиранд. Ба андешаи ӯ, саратон аз набахшидани худ ва дигарон хуруҷ мекунад.
Бемории қанд дар заминаи афсуси гузаштаҳоро хӯрдан тавлид мешавад, склероз ба далели асабонияти тӯлонию кинаварзӣ ба миён меояд.
Фишори хун мушкили отифии дарозмуддат, сабаби сардардӣ интиқод аз худ ва тарс буда, ошуфтагии зеҳнӣ ба зуком гирифтор мекунад.
Ба таъкиди Луиза Ҳей, пас бояд зеҳнамонро бишӯем, худ ва дигаронро бибахшем, зиёдтар муҳаббат ва камтар гилаю шикоят кунем, бештар бихандему шодӣ кунем, то аз бемориҳо раҳо бошем!