ЛИТВА ӮЗБЕКИСТОНИЁНРО БА КОР ДАЪВАТ МЕКУНАД

Литва шаҳрвандони Ӯзбекистонро барои кор дар корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ дар ин давлат даъват мекунанд. Музди моҳона 1000 евро аст.

Литва шаҳрвандони Ӯзбекистонро барои кор дар корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ дар ин давлат даъват мекунанд. Музди моҳона 1000 евро аст.

Дар ин бора Оҷонсии муҳоҷирати меҳнатии хориҷӣ хабар додааст.

Бино ба маълумоти манбаъ, вақти корӣ дар корхона 200 соат дар як моҳ, дар реҷаи смена (1 рӯзи корӣ, 1 рӯзи истироҳат) мебошад.

Номзадҳое, ки кор кардан мехоҳанд, бояд аз 20 то 45-сола бошанд, забони русиро дар сатҳи мулоқот балад бошанд, тарзи буридану бастабандии маҳсулоти гӯштиро донанд. Инчунин, набояд сафар ба хориҷа манъ карда шуда бошад. Аз одатҳои зараровар холӣ, ҷисман ва рӯҳӣ солим ва судношуда будани онҳо низ муҳим аст.

Аз тарафи кордиҳанда хароҷоти хобгоҳ ва рафту омад пардохта мешавад.

Шаҳрвандон танҳо барои хидмати агентӣ, бозомӯзӣ ва мутобиқсозӣ ва раводид пардохт мекунанд.

Бақайдгирӣ ба 300 нафар расад, боздошта мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: